УСТОД НУРӢ ДАР ҶУСТУҶӮИ МАЪРИФАТ
- Як навъи санъати сухан буд.
- Бале, санъати сухан буд. Шеър ҳам дошт, аммо бештар насри мусаҷҷаъ буд. Албатта боз дарсҳои мантиқро мегузаштанд. Мантиқ аз худи ҳамон Исохуҷӣ шурӯъ мешуд. Нуқот, дар охир китоби «Суннат», ки он ҳам дар илми мантиқ буд. Дарси «Суннат» бо хоҳиши ман шурӯъ шуда буд ва ин дарс нотамом монд, барои он ки кормандони КГБ ҷои моро муайян карданд ва ҳуҷум оварданд. Ин кор боис шуд, ки пароканда шавем. Ҳалқаи дарси маъониву маърифат рафт.
Дар илми тафсир дарсҳо мегузаштанд. Мо «Тафсири Ҷалолайн»-ро дар пеши устод махдуми Сиёмиддин хонда будем. «Тафсири Қозӣ Байзовӣ» дар пеши ҳазрати Мавлавӣ тадрис шуд. Ғайр аз ин Ҳадис буд. «Саҳеҳи Бухорӣ». Шаш китоби «Саҳеҳ» дар ҷаҳони ислом машҳур аст, яктоаш «Саҳеҳ»-и Имоми Бухорист, ки баъди Қуръон китоби муқаддастарин ва китоби мӯътабартарини мусалмонҳои ҷаҳон ҳисоб мешавад. Ва ин китоб тадрис мешуд. Ва боз як дарси дигар дарси Ҳикмат буд. «Ҳикмат – ул – ъайн» мегуфтанд, ки ин бештар равона шуда буд ба бо роҳҳои ҳикмат осон гардонидани корҳо. Аз ҷумла бо қувваи кам бардоштани вазни зиёд. Масалан илми крану борбардориву технология.
- Як қисми геометрия?
- Геометрия ҳам дошт дар дохилаш.
- Ҳамаи ин дарсҳо бо забони арабӣ мегузаштанд?
- Бале, аксаран дарсҳо бо забони арабӣ мегузаштанд. Дарси тиб буд. Худашон ки табиб буданд. Яке аз фазилатҳояшон, ки дигарҳо надоштанд, ҳамин буд, ки як табиби хеле ҳозиқ буданд ва аз тибби қадим ва миллӣ бархурдор буданд ва мардумро табобат мекарданд ва дарсҳояшон хеле муассир буд. Аз тибби ҳозира низ маълумот медоданд. Номҳои доруҳо, ба кадом дард даво будани инҳоро барои мо мегуфтанд. Дарси тиб фақат барои маълумот буд. Як дарси мусалсал набуд. Як қонунчаи Бӯалӣ Сино буд, ки онро дарс мехондем. «Мулло Ҷалол» гуфтани як китоби машҳур аст.
«Мулло Ҷалол» ду навъ мешавад. Яке масоили «Шарҳи Ҳақоиқ» аст, ки ба илми Ақида дохил мешавад. Ва худи Мулло Ҷалол боз як китоби дигар дар мантиқ навиштааст. «Мантиқ ва ҳикмат». Воқеан китоби хеле баҳсталаб дар фалсафаи исломӣ ва юнонӣ мебошад. «Шарҳи ҳақоиқ» дарси фалсафӣ буд, дар илми калом бо ҳамон «Мулло Ҷалол» тамом мешуд. Илми мантиқ бо «Мулло Ҷалол» тамом мешуд. Ва илми фиқҳ бо Ҳидоя тамом мешуд. «Усули фиқҳ» доштем, яъне усули истихроҷ, яъне баровардани масъалаҳои фиқҳӣ аз дохили адилаи арбаъа- чор далел, Қуръон, Ҳадис, Иҷмоъи уммату Қиёс аз ин чизҳо гирифтан. Ба ҷуз инҳо боз Усули Шошӣ буд.
Ин ҳам дар усули Фиқҳ буд. Баъд бо ташаббуси худи ҳамин Мавлавӣ Қорӣ Муҳаммадҷон раҳматуллоҳ алайҳ «Нур-ул – анвор» ҳамроҳ шуд дар барнома. Ин китоб ҳам дар усули Фиқҳ буд ва ҳамчун як китоби дигар буд, «Тавзеҳ», ки дар барномаи мадрасаи Бухоро буд. Яъне китобе, ки хатми илми усули Фиқҳ бо ҳамин «Тавзеҳ» мешуд. Яъне эшони Мавлавӣ ҳамроҳ карда буд дар ин ҷо «Нурул – ул – анвор» - ро ки хеле осонфаҳм буд ва хеле забони зебо дошт. Таърих ҳам буд. Таърихи ислом бештар буд. Аз «Нурул – ул – анвор» сар мешуд, ки аз Сирати Саидулмурсалин (с) буд. Баъд «Итмом – ул – вафо» буд, ки сирату рафтори хулафо буд.
Баъд аз ин «Риҷол» дарс дода мешуд. Бо исми «Риҷол» машҳур шуд. Ӯро «Риҷол ва ҳавла Расул» мегуфтанд. Яъне мардҳое, ки дар атрофи пайғамбар буданд. Ин китоб ҳам бо ташаббуси эшони Мавлавӣ тадрис мешуд. Як силсилаи барномаи дарси «Маъонӣ» буд, ки як китоби дарси «Маъонӣ» «Талхис» буд. «Талхис» маънояш муллаххаси баҳсҳое, ки дар ин бора мешуд. Яъне илми фасоҳату балоғат буд. Шеъру илми ташбеҳу истиороту ҳамин чизҳо ҳамааш дар ҳамин илм буд. Шарҳи ӯ «Мухтасари Маъонӣ» буд. Бо шарҳи «Мухтасари Маъонӣ» илми Маъонӣ хатм мешуд.
- Дар бораи сиёсат оё дарсе гузашта мешуд?
- «Ахлоқи Ҷалолӣ» худаш дар бораи сиёсати давлатдорӣ ва тарзу усулҳои идора кардани давлат буд ва ба вазирҳо, масъулини давлат ва ҳамчунин аз ҷониби муқобил, тарзу рафтори ҳавошӣ, яъне шахсоне ки дар атрофи роҳбар ё ки амир мебуданд, бояд чи корҳоро анҷом медоданд, ин чизҳо таълим дода мешуданд. Усули ташрифот бо ашхосе, ки аз хориҷ меоянд, мусалмонанд ё ғайримусалмонанд. Ин чизҳо дар ин китобҳо зикр мешуд. Қоидаи ин гуна рафторро огоҳ мекарданд, роҳу рамузи зиндагиро. Вале дар бораи сиёсати рӯз ҳеҷ гуна дахолат намекарданд ва воқеан дар ҳамон иҳотае, ки дарс медоданд, ҳеҷ вақт на ба сиёсати дохилии кишвар дахолат мекарданд, на ба сиёсати хориҷии кишвар. Агар ягон чизҳое, масалан, дар бораи таҳаввулоте, ки дар Афғонистон ба вуҷуд омада буд, мегуфтанд, ин ҳам бо он шахсоне гуфта мешуданд, ки соҳиби сираш буданд. Вале дар зоҳир мегуфтанд, ки аслан ба ин чизҳо кордор набошед, шумо дарсҳотона бихонед.