18:24:07 14-уми Июни 2025 сол

УСТОД НУРӢ ДАР ҶУСТУҶӮИ МАЪРИФАТ

- Дар бораи муносибати Мавлавӣ бо худи Шумо чизе мегуфтед. Оё аз муносибат бо дигарон фарқ дошт ё на ? Ва то чӣ андоза он нуқтаи назар ба ҳақиқат наздик аст, ки гӯё байни Мавлавӣ Қорӣ Муҳаммадҷон ва Қозӣ Абдурашид (Қозии расмии ҳамонвақтаи мусалмонони Тоҷикистон) як рақобате вуҷуд дошт, ки ин рақобат ба шогирдонашон гӯё таъсир карда будааст?

 

Мавлави Мухаммадчон 1982- Дар бораи муносибате, ки ҳазрати эшони Мавлавӣ бо шогирдонашон доштанд, воқеан метавон гуфт, ки хислаташон хислати пайғамбарӣ буд. Чи хеле, ки пеши Пайғамбар (с) касе, ки менишаст ва сӯҳбат мекард, хаёл мекард, ки дар байни мардум аз ҳама зиёдтар Пайғамбар (с) ӯро дӯст медорад, ҳамин хислатҳоро мо дар эшони Мавлавӣ раҳматуллоҳ алайҳ ҳам медидем. Мо ҳам дар ҷаласаҳо ё мулоқотҳои хусусӣ мешуд, ки касе набуд, чунон латифу меҳрубон буданд он кас, ки масалан ман хаёл мекардам, ки дар байни шогирдон аз ҳама зиёдтар бо ман меҳрубонӣ ва муҳаббат дорад. То ҷое, ки як хотирае дар ёдам мондааст.

 

Баъди аз зиндон баргашта омаданам (соли 1987 буд С.Ҳ.) ман ӯро гоҳ – гоҳ зиёрат мекардам ва аз ҳузури эшон истифода мекардам. Ҳазрати Мавлавӣ китоби зиёд доштанд ва ман аз онҳо васеъ истифода мебурдам. Баъдан барои таҳрир ашъорамро пешаш мебурдам. Боре як дафтари ашъори худашро ба ман тақдим кард. Ҳазрати Мавлавӣ бо тахаллуси Рушдӣ шеър менавиштанд. «Ту ки шеърро дӯст медорӣ, барои ҳамин ҳам, ман ин эҷодиёти худро, ки дастнавис ҳастанд, ба ихтиёри ту медиҳам. Бигузор дар дасти ту бошанд»,- гӯён он дафтарро ба ман супориданд. Ҳазрати Мавлавӣ боз чанд китоби дигарро, ки лозим медонистанд онҳоро бихонам, он вақт аз китобхонаи шахсиаш ба ман доданд.

 

Ва инчунин ман ҳам чандто китоби хостаашро, ки тоза дар матбааҳои ҶТ бо ҳарфи кириллӣ чоп шуда буданд, минҷумла дар бораи Абурайҳони Берунӣ, Абӯалӣ Ибни Сино, оварда дар ихтиёрашон гузоштам. Ҳамон хел як иртиботи махсус пайдо карда будем мо. Баъди аз зиндон баргаштани ман дар он сӯҳбатҳое, ки бо ман карда буд, мегуфт, ки баҳори оянда ман аз рӯи солшумории қамарӣ садсола мешавам. Дар ҷашни садсолагӣ ман орзу дорам, ки тамоми мардумро даъват кунам.

 

Онҳое, ки масалан, дар масоил ихтилоф доранд, ҳамаашонро даъват кунам ва ман худам дар бораи ҳамон масъалаҳое, ки ихтилоф асту боиси ҷанҷоли мардум шудааст, дар ин бора, як чизҳоеро, ки аз тамоми манбаъҳои муассир ҷамъоварӣ кардаам, ба онҳо мегӯям, ки аз ин ба баъд дар бораи ҳамон масоиле, ки шумо ихтилоф доред, баҳс накунед ва он чизе ки ман гуфтам, ҳаминро шумо риоя кунед. Воқеан, аз ин чиз ман хеле хурсанд шудам. Ман намедонам, ки ин чизро ба касе дигаре гуфта бошад ё не. Чунки ҳеҷ кас аз ин хабар надорад. Ман хеле истиқбол кардам. Бисёриҳо гуфтанд агар ин кор шавад, як ихтилофи бисёр шадид, ки дар байни мардум ҳаст, ҳамин ҳал мешавад.

 

Ва мардум мунтазир буданд, ки ин кор кай амалӣ мешавад Лекин аз ин иртиботе, ки мо пайдо кардем бо Эшони Мавлавӣ баъди бозгашт аз зиндон доираҳои муайяну ғайримуайян камтар нороҳат шуданд. Барои ҳамин кӯшиш мекарданд, ки ҳамин иртиботе, ки мо бо ҳазрат дорем, ҳаминро хатчадор кунанд. Дар пеши ҳазрат бо дасисаҷӯӣ нисбати ман ҳарфҳое мезаданд. Азбаски тасмимро, ки худаш мегирифт, ин фитна ва дасисаҷӯиҳо ҳеч асар надоштанд. Ва эшони Мавлавӣ Худо раҳматаш кунад, боз бештар ба ман таваҷҷӯҳ мекарданд. Ниҳоятан, як вақт яке аз шогирдонаш, ки номашро намегӯям, гӯё, вақте, ки аз дарвозаи ҳазрат медарояд, як мактуберо аз ҳамон пеши дарвоза пайдо мекунад.

 

Мактубро меораду мехонад. Мактубро вақте меорад, мехонад дар мактуб воқеан нисбати ҳазрати Мавлавӣ бисёр суханҳои таҳқиромез навишта шудааст. Таҳқиромез ба ҳамин мазмун, ки масалан: «Ту мулло нестӣ, ту ба гуфтаҳои ислом пайравӣ надорӣ». Ба ҳамин маънӣ. Ҳазрати эшони Мавлавӣ аз мазмуни он мактуб бисёр нороҳат мешаванд. Муаллиф ҳатто, ки ҳамин зиндонӣ шудани маро ҳам дар ҳамон ҷо ёдовар шудааст. Масалан, ба ҳазрати Мавлавӣ мегӯяд, ки шумо сабабгор шудед, ки чандин уламову донишмандон, аз ҷумла фалониро гирифта ҳабс карданд.

 

- Ба ҳуруфи кирилӣ навишта шуда буд мактуб?

 

- Не, бо ҳуруфи арабӣ. Як рӯз баъди ҳамин ҳодиса мо ба хизматаш рафтем. Зиёраташ кардем. Бисёр хурсанд шуданд. Маро дида исмамро гирифтанд. Одатан, номи маро мегирифтанд. «Абдуллоҳ, инро бин» гуфту хатро дода гуфтанд: «Инро хон». Ман ҳам ягон чизро нафаҳмида мактубро хондам ва аз мазмуни мактуб бисёр нороҳат шудам. Чунки нисбати ҳазрати домулло ин гуна ҳарфҳоро ҷуръат карда гуфтан ин худ як навъ шаккокӣ, бемаънигӣ буд. Вале ман шурӯъ кардам ва гуфтам: «Ҳазрато, вақте ки шумо моро дарс аз «Адабу дини дунё» мегуфтед, дар он ҷо баъзе сӯҳбатҳое меомад, ки масалан, мегуфтед, ки дар осмон ситораҳо бисёранд, вале офтобу маҳтоб, ки бисёр равшан ҳастанд, ҳамеша ё офтобро мегиранд ё маҳтобро мегиранд.

 

Шумо офтоб ҳастед дар ин ҷомеъа. Душманони Шумо зиёданд. Ба ин чизҳои ноҳақ диққат надиҳед. Ба ҳар саге, ки меҷақад, Шумо аслан таваҷҷӯҳ надошта бошед. Дигар ман аз Шумо шунида будам, ки як вақт ҳазрати Исо, валлоҳ аълам, пеши Худо рафту шикоят карду гуфт, ки мардум маро таъна мезананд, бадгӯӣ мекунанд. Ман тоқати шунидани ин таънаи мардумро надорам. Баъд Худованд дар ҷавоб гуфт, ки ту як чизро мегӯӣ, ки ман ҳам аз он эмин нестам. Инҳо бандаҳои мананд, ман худам онҳоро халқ кардам, вале дар бораи ман ҳам гап мезананд. Яктоаш мегӯяд, ки Худо чандто ҳаст, яктоаш мегӯяд, ки зан дорад. Яктоаш мегӯяд, ки духтар дорад ва боз ҳаргуна гапҳои дигар гуфтан мегиранд. Чун ман аз инҳо халос нестам, ту чӣ хел халос мешавӣ

 

Баъд гуфтам: «Ҳазрат, Худои бузург ҳам аз он бадгӯиҳо халос набудааст». Баъд ёдовар шудам аз «Бӯстон», ки худашон дарс медоданд. Дар ин ҷо як ҳикоя ҳаст, ки тибқи он ин бадгӯйҳо агар ба осмон парӣ аз пойҳоят меқапанд, агар ба замин дароӣ аз гӯшҳоят мекашанд. Дар ҳар ҳолате, ки набошӣ, як гап меёбанд. Дидам, ки як каме ҳолаташ хуб шуд. Баъд боз гуфтам, ки як гапи дигар дорам. Ин тавтиъа бар зиддӣ муносибати ману ҳазрати олӣ равона шудааст. Аз ин, ки иртиботи мо хуб шудааст (ман ӯро ба хона ба меҳмонӣ даъват карда будам), масалан, як барномаҳое низ бо ҳам дорем, аз ин чизҳо баъзе доираҳо, баъзе душманҳо нороҳатанд. Барои ҳамин ҳам ҳамин корро, ҳамин мактубро ҳамонҳо тартиб доданд, ҳамин ҷо партофтанд.

 

Ман гуноҳи ҳеҷ касро ба гардан намегирам. Шояд, ки касе партофтааст ва шахси дигар воқеан онро ёфта овардааст. Ё шояд, ки худи ҳамон одамҳое, ки мактубро оварданд, худашон навишта оварданд. Ҳаволаи ҳама ба Худо. Вале ҳазрат агар иҷозат диҳед, гуфтам, як – ду нукта аз ҳамин мактуб хизмати Шумо гап мезанам. Дар ёдам нест чанд нуктаеро гуфтам, ки исбот мекунад, ки ин мактуб бо дасти ман сохта нашудааст. Яктааш ҳамин буд. Дар мактуб ишора мерафт, ки имрӯз фалонӣ ва номи маро мегирифт ва мегуфт, ки аз дасти ту дар зиндон афтодааст бо чанд нафар уламои дигар. Ман гуфтам, ҳазрат, аз ҳамин ҷумла ҳамааш маълум аст. Вақте мегӯяд, ки имрӯз фалонӣ дар зиндон аст, яъне ин мактуб пеш навишта шудааст.

 

Дуюм дар вақте навишта шудааст, ки ман дар зиндон будам. Ман дар зиндон ҳеҷ гуна иртиботе бо ин берун надоштам, ки масалан касеро амр карда бошам, ягон кор кунам. Ҳамон қадар режими сахте буд, ки бо ҳеҷ кас иртибот карда наметавонистам. Барои ҳамин ман фақат як хоҳиш аз Шумо дорам, ки хаёл накунед, ки ҳамин мактуб кори дасти ман аст. Ман намедонам Мавлоно Абдулҳай буд ё каси дигар, ки дар ҷаласаҳои дохил буд, шояд ҳамин кас бошад, зеро он кас соҳиби сир буданд ва хизмати зиёд мекарданд, баъдҳо гуфтанд, ки дар бораи ман ҳам он ҷо гап рафта будааст. Ба саволи «Оё вай карда бошад?» Ҳазрати Мавлавӣ гуфтааст, ки «на, дили ман рӯшан аст нисбати ӯ. Ҳеҷ вақт нисбати он кас гумони бад надорам.

 

Ин корро он кас кардагӣ нест». Хулоса, кореро карданд, ки насиби тақдири эшони Мавлавӣ буд, ки ба садсолагиаш нарасад. Ҳамин корро кадом душмане кард, кадом ахмақе кард, ки боиси бисёр нороҳатии ҳазрати Мавлавӣ шуд ва баъд аз он дигар ҳамон ҳазрат сиҳати комил наёфтанд. Баъди ҳамон воқеъа он бузургвор касал шуданд. Ҷавоби мактубро ҳам навиштанд. Ба ман доданд, ки бихонам. Муаллифи мактубро ба муҳовара даъват мекарданд. Навишта буд, ки «агар зӯрӣ, биё, ба баҳсу мунозира. Ман олим нестам. Биё, ҳамин ҷо бо ҳам сӯҳбат мекунем. Ту чӣ кор кардӣ, ман чӣ кор кардам. Ту чӣ хизмат дорӣ барои ислом, ман чӣ хизмат!»

 

Назари Шумо

Security code
навсозӣ


sultoni-qalbho
 
taronahoi jovidonai ahmad zohir 2025

lohuti ohangsoz ham bud

ahmad zahir va musiqii gharb 45458754
 
askshoi-khotiravi
 
rudaki chang bigriftu 12214554
 
payvandi ahmad zahir bo mavlavi 548787
 sultoni qalbho qismi duvvum 4544854