УСТОД НУРӢ ДАР ҶУСТУҶӮИ МАЪРИФАТ
- Устоди бузургвор, агар дар ёдатон бошад, дар ҳамон давроне, ки ба маҳбас кашида шуда будед, як кассетаи сабти овози ҳазрати Мавлавӣ паҳн шуда буд, ки дар он ҳазрати Мавлавӣ аз муллоҳои ҷавон интиқод мекарданд. Яъне аз шогирдони худ рӯй гардонда буданд. Дар ёдатон ҳаст чунин як кассета?
- Бале, ин чиз дар ёдам ҳаст.
- Аниқ вақташ кай буд?
- Ин баъди дастгиркуниҳои соли 1986 буд. Тафтишот дар ҳоли тарсу воҳима гузаронда мешуд. Эшони Мавлавӣ дар филм ҳам (Филми М.Мирбобоев, А. Пӯлодов «Он чи, ки аён аст» дар бораи муллоҳои ҷавони Тоҷикистон,соли 1987. С.Ҳ) ягон чизи бад нисбати мо нагуфт. Ман филмро дидам. Фақат мегуфт: «Бале, Мулло Абдуллоҳ шогирди ман ҳаст, дар пеши ман хондааст. Вале ин корҳоро ман ба ӯ нишон надода будам. Корҳои ҳаракати исломиро». Воқеан, дуруст мегӯянд, он кас кадом танзиму ҳаракати исломиву кадом нақшаҳои сиёсиро ба мо нишон надода буданд. Ин чизҳо бар асари фишорҳое, ки алайҳи мо буданд, пайдо шуданд.
Албатта мешавад гуфт, ки мазмуни оёту ҳадису маводи таълимие, ки худи устодон медоданд, ҳамон одамро ба як биниши ҷадид бурда мерасонд. Вале онҳо ҳеҷ вақт дар робита ба сиёсати ҳамон рӯзи давлат ҳарфе намезаданд. Агар касе ҳам ҳарфе мезад, мегуфтанд, ки шумо илми худатонро бихонед, ба ин чизҳо кордор набошед. Ин гапҳоеро, мисли ин, ки ман ин корҳоро ба онҳо дарс надода будам, манзурашон ҳаркати исломӣ ва сиёсӣ буд, ки дар натиҷаи фишорҳо ин гапҳоро гуфта буданд.
- Ин маҳкумкуниҳо дар давроне, ки шуморо ҳабс карда буданд, дар ҳамон давра буд?
- Бале, дар ҳамон давраи тафтишот. Дар ҳамон давра аз ӯ низ пурсиданд, зеро мо шогирди ӯ будем. Аз ӯ пурсиданд, ки чаро шогирдони шумо ин корро мекунанд. Ӯ дигар мункир нашуд. Гуфт, ки бале, ӯ шогирди ман аст. Вале ин дарсҳоро ман ба ӯ надода будам. Манзураш дарсҳои сиёсӣ буд.
- Воқеаи мактуб баъдан ба вуқӯъ паст, ҳамин тавр не?
- Бале, вақте ки ман аз зиндон баромадам он касро ба хона даъват кардам. Ба зиёраташ рафтам. Сӯҳбатҳо мекардем. Масалан баъзе корҳоеро, ки бидъат гуфта мешуд, инҳо таълимоти худи ҳамон эшони Мавлавӣ буданд. Масалан оши сари тахтаву, бисту чил инҳо таълимоти ӯ буданд. Ҳаминҳоро ӯ манъ мекард. Мо дар пеши ӯ китобҳоеро, ки ҳамин гапҳоро мегуфтанд, омӯхта будем. Мо аз таълимоти ӯ берун нарафта будем. Бинобарин он кас медонист, ки мо он қадар мунҳариф нестем. Вале медиданд аз сахтгирии бисёр фитна ба вуҷуд меояд. Баъзе уламо ва эшонҳои дигар буданд, ки аслан инҳоро бидъат намегуфтанд. Як гурӯҳи дигар мегуфтанд, ки инҳо дар китобҳо ҳастанд. Ҳамин чиз боиси ихтилоф буд.
Бинобарин эшони Мавлавӣ кӯшиш карданд, ки дар байни онҳо тафоҳум пайдо шавад. Мо ҷавонҳо дар ҳолати ҷавонӣ будем. Бинобар ин мо кӯшиш мекардем, ки барои мардум як гуна сабукӣ бошад. Воқеан, медидем, ки як одами камбағал, падараш ё модараш фавт мекунад, қарздор мешавад, ба мушкилоти зиёд гирифтор мешавад. Барои гузаронидани оши сари тахта 20, 40 – у ҳамин чизҳо ҳоло аз нигоҳи китобҳои мазҳаби ҳанафӣ, ки эшони Мавлавӣ моро нишон дода буд, аз ҳамонҳо мо далел меовардем. Бинобарин эшони Мавлавӣ ҳеҷ вақт намегуфт, ки шумо хато рафтед. Хатогии моро дар ҳамин медонист, ки мо бояд ба сиёсат даст намезадем.
- Муллоҳое, ки зидди маҳкумияти бидъат баромаданд, онҳо шогирдон ва дастпарварҳои рақиби асосии ҳазрати Мавлавӣ Қорӣ Муҳаммадҷон Қозӣ Абдурашид набуданд?
- Не, инҳоро намешавад масалан, рақиби якдигар гуфт. Рақиб ба маънои душман. Вале як гуна мусобиқа дар илм дар байнашон вуҷуд дошт. Ман инро ҳамин хел фаҳмидам. Ман чанд сол дар пеши эшони Мавлавӣ будам. Чи дар ҳолатҳои дарс ва чи дар маъракаҳо, сӯҳбатҳои озоде, ки мекарданд, ҳеҷ вақт ин хел нашудааст, ки нисбати ҳазрати Қозӣ домулло Абдурашид ягон гапи баде гуфта бошанд. Ман шунидагӣ нестам. Агар ба шарте, ки кадом вақт ҳам ёдовар шуда бошад, ба некӣ ёдовар шудаанд. Ман дар маҷмӯъ метавонам ҳамин хел баҳо бидиҳам. Вале хуб, дигар бояд, ки ин воқеъиятро эътироф кард. Масалан, ду олим ҳамеша дар байнашон рақобати илмӣ ҳаст, вале адоват нест. Дар илм мусобиқа мекунанд, ки аз якдигар кам наоянд.
Ин чизҳо вуҷуд доштанд. Ин чизҳоро шогирдҳо, шогирдҳое, ки дар дараҷаи фаҳмиши ин ду нафар набуданд, дигар хел обу ранг медоданд. Обу ранге, ки инҳо медоданд, ҳамин хел мешуд, ки гӯё, ки ба душманӣ мепардохтанд, ба баҳсҳои адоватангезона. Дар байни он ду нафар ин чиз вуҷуд надошт. Инро худи мардум ҳамин хел мепиндошт, тасаввур мекард. Чи хеле, ки шумо гуфтед, як рақобати илмӣ, ки вуҷуд дошт, ҳамонро инҳо адоват ҳисоб мекарданду баъд саҳнаро инҳо худашон эҷод мекарданд. Агар дар як хона эшони Мавлавӣ мебуд, ӯро дигар хона мебурданд, мардум мебурданд. Агар дар кадом масъалае баҳс мекарданд, шогирдони онҳо баҳс мекарданд. Ин ду нафар баҳс намекарданд.
Хуб, ин чизҳо дар ҳаёти худи мо ҳам ҳамин хел шудагӣ ҳаст. Масалан, мо бо бисёри одамон ҳеҷ чизе надоштем. Дар муддати ҳамин муборизаҳомон ҳам. Метавон гуфт, ки шахсан худи ман бо ҳазрати Эшони Абдураҳмонҷон раҳматуллоҳи алайҳ, бо дигар эшонҳову домуллоҳо, бо акаи домулло Ҳикматулло ҳеҷ чиз надоштам. Ҳеҷ вақт, ҳеҷ чиз нагуфтам, ҳамаи онҳоро ҳамеша ҳамчун як шахсиятҳои муфид барои дини мубини ислом эътироф кардам ва таҳсинашон кардам. Шояд ки ҷониби муқобил ҳам ҳамин хел буд.
Масалан, ман боре вақте, ки ба зиёрати ҳазрати Эшони Абдураҳмонҷон рафтам, ҳангоми якдигарро ба оғӯш гирифтан он кас шӯхикунон ба мардум гуфтанд, ки «тамоми одамҳо меоянд дар пеши ман ҳамин шахсро бадгӯӣ мекунанд. Вале дили ман ҳамин одамро ҳеҷ бад намебинад, чӣ хеле ҳаст!» гуфтанд ҳамон ҷо. Аз ин маълум мешавад, ки аз он тараф ҳам ҳеҷ гуна бадбинӣ вуҷуд надоштааст, вале ин шогирдон ҳастанд, ки саҳнаро бисёр мудҳиш нишон медиҳанд. Тавре нишон медиҳанд, ки байни ин ду гурӯҳ адоват вуҷуд дорад. Вале нест ҳамин чиз. Дар байни эшони Мавлавӣ Қорӣ Муҳаммадҷон раҳматуллоҳ алайҳ ва эшони Қозӣ домулло Абдурашид ҳам, ман фикр мекунам, ки ба ғайр аз мусобиқаи илмӣ ягон чизи дигар вуҷуд надошт.
- Ташаккур. Шумо дар бораи дафтари ашъори Ҳазрати Мавлавӣ гуфтед, ки онро ба Шумо додааст. Он дафтар ҳанӯз ҳам бо Шумо ҳаст? Бо дастхати худашон?
- Вақте, ки ҳамон мактуби иғвогарона пайдо шуд, дигар мо чанд вақт мустақиман мусалсал нарафтем ҳазрати Мавлавиро хабар бигирем. Баъд як рӯз аз мо талаб карданд, ки чанд китобе, ки қаблан ба ман дода буданд, ҳамонҳоро баргардонда бидиҳам. Аз ҷумла, ҳамон дафтари ашъори худашонро низ.
- Ҳазрати Мавлавӣ тахаллуси худро дар шеър Рушдӣ монданд. Ин ба он Рушдие, ки дар матбуоти ҷаҳонӣ дар атрофаш сару садоҳое пайдо шуданд, ягон иртиботе дошт?
- Ман фикр мекунам, ки шеърҳои ӯ шеърҳои даврони ҷавониаш буданд, ки дар он вақт Рушдӣ ҳанӯз таваллуд нашуда буд. Рушд ба маънои раҳнамоӣ аст. Рушдӣ шахсе аст, ки роҳи рашод, рост мансуб дорад, роҳи ҳақ. Вале дар охир тахаллусаш боз дигар шуд. «Қорӣ» буд. Шеърҳоеро, ки баъд менавиштанд, бо тахаллуси «Қорӣ» менавиштанд. Ман ҳам барояшон як шеър навишта будам, ки дар аввали мисраъҳо номашон омада буд, номи ҳазрати Мавлавӣ «Қорӣ Муҳаммадҷон».
Қайди занҷири ҳадисат тоҷикону ӯзбакон,
Исри ҷундулнутқи ту буда ҳама давру замон.
Рояи илмат баланд афрошта дар мамлакат,
Бо ҳарфи «йо» низ кадом чизи дигар буд аз ёдам фаромӯш шудааст.
- Аз сӯҳбатҳои қаблӣ ва имрӯз ҳам маълум шуд, ки Шумо шеър менависед. Шумо дафтари ашъори худро доред?
- Бале, вақте, ки мо ба сиёсат он қадар машғул набудем, шеър менавиштем. Шеърҳоям дар баъзе дафтарҳоям ҷамъ шуда буданд. Вале баъди ин ҷангҳое, ки ба вуҷуд омаданд, мо ҳеҷ чизро аз хонаамон нагирифтем. Дигар ҳоло на китобу на дафтару на шеъру ҳеҷ чизи дигаре аз он замон боқӣ намондааст.
- Саволи охирин, устоди бузургвор. Мегӯянд, ки писари нахустинатонро ба хотири устодатон ҳазрати Мавлавӣ Муҳаммадҷон номгузорӣ кардед?
- Бале, ҳамон вақте, ки дар хизмати эшони Мавлавӣ Муҳаммадҷон будам, таваллуд шуд ва ба хотири он кас номи ӯро гузоштам. Чанд фарзандам ба хотири уламо номгузорӣ шудааст. Масалан Неъматуллоҳ ба хотири бародари калонии домулло Ҳикматуллоҳ номгузорӣ шуд. Ман ин номро ба он хотир гузоштам, ки одамон гумон накунанд, ки ман аз Неъматуллоҳи бародари домулло Ҳикматуллоҳ кадом нафрате дорам. Ё ин ки аз домулло Ҳикматуллоҳ. Фарзанди дигарам Ҳикматуллоҳ ном дорад. Ба хотир ва умеди он, ки ҳамин писарам мисли домулло Ҳикматуллоҳ олим шавад, номи писарамро Ҳикматуллоҳ гузоштам.
Бисту як-бисту чор сол қабл ҳамон давраҳое буданд, ки одамон хаёл мекарданд, ки мо бисёр адоват дорем нисбати ин шахсиятҳо. Аз тани мо дигарҳо ҷанг мекарданд, ҳақорат мекарданд, вале мо ҳамон вақт ҳам бо ин бузургон иртиботи ҳасана доштем. Бинобарин Муҳаммадҷон номгузорӣ кардани писари нахустинам низ ба ҳамон хотир буд. Ин ҳамон вақте буд, ки ман дар хидмати Мавлавӣ будам. Ва ҳатто ки дар он вақт худашон намебуданд, мо посбони хонаводааш, хонаи ҳазрати эшони Мавлавӣ будем. Писарам дар ҳамон вақт таваллуд шуд ва ҳамчун ёдоварӣ барои мо мондааст.
Мусоҳиб Султони Ҳамад
Ин сӯҳбат рӯзи 13.08.02 дар хонаи устод Сайид Абдуллоҳи Нурӣ ба вуқӯъ пайвастааст ва бори аввал моҳи марти соли 2007 дар ҳафтаномаи «Фараж» ба чоп расидааст.
Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/din/4662-ustod-nuri-dar-justujui-marifat.html
- << Қаблӣ
- Баъдӣ