14:27:06 26-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

Шаҳрдорӣ ба доди Ҳошим Гадоев мерасад

Дар шумораи гузаштаи "Рӯзгор" оид ба шикояти ҳунарманди саршиноси тоҷик Ҳошим Гадоев матлабе чоп шуда буд. Дар он аз ҷумла гуфта мешуд, ки Ҳунамарманди мардумии Иттиҳоди Шӯравӣ, дорандаи ҷоизаҳои давлатӣ Ҳошим Гадоев аз шаҳрдории пойтахт хостааст, то дар таъмири хонааш кӯмак расонад. Ҳунарманди маъруф бо ирсоли нома гуфтааст, ки манзили зисташ дар ин сардиҳои зимистон аз оддитарин шароит бархӯрдор нест, деворҳояш нам кашидаву сарданд.

hoshim-gadoev 4578Ва боз навиштааст, ки  дар ин синну сол неруе надорад аз пайи таъмири манзилаш бошад. "10-уми майи соли 2014 рӯзи таваллуди ман аст ва агар умр вафо кунад ман ба синни 77 мерасам ва хизматҳое, ки барои халқу ватанам дар риштаи ҳунар кардаам, наход арзиши инро надошта бошам, ки барои таъмири манзили ман кӯмак расонида шавад",-менигорад ӯ

Ҳошим Гадоев аз сарнавишти ҷеҳраи ҳунарии рус Олег Басилашвилӣ ёдовар шудааст, ки бино ба гуфтаи ӯ "Басилашвилии сармозада барои сармозадагӣ 4 моҳ дар беморхона бистарӣ шуд". Ҳунарманди шинохта метарсад, ки гузаштаи Басилашвилӣ барои ӯ такрор нашавад. Духтари Олег Басилашвилӣ қиссаи талхи падарашро дар саҳифаи Фейсбуки худ навишта буд ва ин хабарро ба Путин расонданд ва рӯзе баъд аз хадамоти комуналӣ омаданд ва даст ба таъмири хонаи ҳунарманд заданд.

Бино ба навиштаи Ҳошим Гадоев вай ҳанӯз 30 июли соли 2009 расман ба Вазорати фарҳанг муроҷиат кардааст ва аз қазияи Басилашвилӣ ёдовар шуда, дархости кӯмаки фаврӣ карда будааст. "Вале номаи ман миёни мақомот "футболбозӣ" шуда, дар натиҷа посухи рад дода шуд. Ва боз ҳам СУКУТ! Ман ҳамаи умедамро аз даст додам", - менавишт ҳунарманди маъруф.

Ахиран шаҳрдорӣ ба номаи Ҳошим Гадоев вокуниш нишон дод. Тавре сухангӯи раиси пойтахт Шавкат Саидов иттилоъ дод, Маҳмадсаид Убайдуллоев сардори Маркази барқу гармидиҳии Душанбе Аъзам Табаровро маъмури таъмири манзили зисти ҳунарманд кардааст ва бино ба гуфтаи сарвари хадамоти матбуотии шаҳрдорӣ корҳои таъмир дар хонаи Ҳошим Гадоев шуруъ шудаанд.

Вакуниши раиси шаҳр ба шароити зисти як ҳунарманди нотакрор шоистаи эҳтиром ва ситоиш аст. Ҳарчанд ҳоло аз хабари расонаикардаи Шавкат Саидов маълум нест, ки  ин таъмир дар кадом шакл анҷом хоҳад шуд.

ӯзгор"



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi