14:24:10 12-уми Августи 2020 сол
"РӮЗГОР" - "RUZGOR"
1,477 аъзо
Ҳамроҳ шудан ба гурӯҳ
Ба гуруҳи мо "РӮЗГОР" ва "Ruzgor CINEMA" дар фейсбук обуна шавед! Бо мо будан боз ҳам дурахшон сохтани рӯзгори хеш мебошад. Мо бо маводҳои...
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 collage-You-ube-Ruzgor

Qissahoi hijrat - 2015
 
1.banner grunger 2019

Тақвим

<< < Август 2020 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
          1 2
3 4 5 6 7 8 9
10 11 12 13 14 15 16
17 18 19 20 21 22 23
24 25 26 27 28 29 30
31            

Мубодилаи асъор


1 RUR — 0.116 TJS
1 USD — 6.2602 TJS
1 EURO — 6.8462 TJS
2015-07-25

Занбӯри занбӯрхӯр

Мардум онро "зардак" не, балки "мири ғазаб" меноманд

Бурҳон Салмонов, махсус барои "Рӯзгор"

Беш аз даҳ сол аст, ки дар олами биологӣ ва табиати кишвари мо занбӯри ғайриодӣ пайдо шуда, он аз ҳар нигоҳ аз занбӯрҳои таҳҷоии мо ба куллӣ фарқ мекунад. Дар ҳаҷм он аз занбӯри номи биологиаш "филант" ба ибораи мардуми мо "зардак" бузургтар аст. Бо занбӯри "шершен", "ало"- тоҷикӣ монанд ҳам бошад, аммо ғилофаки шиками он дароз, қанотҳояш ҳангоми парвоз паҳн ва дар кирдор хеле "васвосӣ", нешаш заҳрдор , ба гуфти мардум "мири ғазаб" мебошад.

zanburkhur 5656Мушоҳидаҳо нишон медиҳад, ки "мири ғазаб" аллакай вилояти Хатлонро "тасарруф" карда, рӯ ба навоҳии тобеи ҷумҳурӣ ва минтақаи Рашт ниҳодааст. Он ба муҳити биологии мо оё ягон хатари муҳлике дорад? Чаро занбӯрҳои "зардак" кам шудаанд? Шикояти занбӯриасалпарварони  водии Рашт, ки "мири ғазаб" занбӯрони асалро нест мекунанд, то куҷо дуруст аст? Мо дар ин таҳқиқот кӯшиш намудем ба ин суолҳо ҷавоб пайдо намоем.

Муҳити биологии Тоҷикистон хеле гуногунранг ва зебою дилкаш аст. Дар он дар баробари дигар намуди ҳашарот беш аз ҳазор зоти занбӯрон ба чашм мерасанд, ки аксари онҳо дар даштҳову марғзорҳо зиста, танҳо панҷ- шаш зоти он дар муҳити гармтари  шаҳру деҳот ба сар мебаранд, ки нафъовари он занбӯриасал буда ва онро "хонагӣ" ҳам меноманд. Аксари занбӯроне, ки дар даштҳову марғзорҳо ва домони кӯҳҳои кишварамон фасли баҳору тобистон пайдо мешаванд, онҳо кӯчӣ буда, аз  як минтақа ба минтақаи дигари гармтар парвоз карда, дар баробари саҳм гузоштанашон дар гардолудсозии дарахтон, давраи тухмгузорӣ ва бачабарориро сипарӣ мекунанд.

Ҳаёту зиндагии ҳамаи занбӯрон ба ҳам монанд буда, танҳо занбӯриасал бо заҳмате, ки барои инсон мекашад, аз ҳамзотони худ фарқи куллӣ дорад. Умри занбӯрон тӯлонӣ набуда 45-50 рӯз шаҳди рӯзгор мечашанд. Дарозумртарини занбӯрони дунё Модарзанбӯри асал аст, ки 5 сол зиста, соле метавонад то 1 миллиён тухм гузорад. Падарзанбӯри асал макон надошта, осмону фазои гарм хонаи ӯст. Дар осмон бо Модарзанбӯр ҷуфт шуда, худро қурбон мекунад…

Мутаасифона, дигар зотҳои занбӯрон аз чунин нафъу сифате, ки занбӯриасал дорад, бенасибанд. Дар дунё бошад, таҳқиқотҳо ҷиҳати омӯзиши олами занбӯрон шуда, вале бештари онҳо фарогири зотҳои занбӯрони асаланд. Занбӯрони ваҳшӣ аз назарҳо дур монда, танҳо дар мавриди 3-4 зоти басо хатарноки он, ки дар қораи Африқо ва Амрикои Лотин мавҷуданду заҳри он мисли заҳри мори афъӣ ҳалоҳил аст, пажӯҳиш анҷом ёфтааст.

Хуш, занбӯре, ки даҳ сол боз дар марзи Тоҷикистон муқимӣ шудаасту вуҷуди он боиси нигаронӣ  мебошад, аз куҷо пайдо шуд? Ба ин суол занбӯриасалпарварони вилояти Хатлон ҳар гуна посух доданд. Яке гуфт, ки онро соли 2000-ум намояндагони ким-кадом созмонҳои хориҷӣ барои гардолудсозии дарахтон ба Тоҷикистон интиқол доданд. Дигаре ба ин ақида аст, ки онро "шамоли афғон" ба Тоҷикистон овард. Сеюмӣ чунин назар дорад, ки ин кори Худованд аст, чӣ мехоҳад мекунад. Занбӯр меорад, мӯр меорад ё малах меорад, Худованд ба ин қодир аст. Мо ҳам ба ин шаке надорем.

Хуб, ба ин падида коршиносону мутахассисони соҳа чӣ мегӯянду чӣ назаре доранд? Ба Абдурашид Шарипов- мудири шуъбаи занбӯриасалпарварии Институти чорводории Академияи  илмҳои кишоварзии ҷумҳурӣ, доктори илм, профессор, ки дар кишвар ягона мутахассиси ин соҳа аст, бо ин суолҳо муроҷиат мекунему ҳамсуҳбат мешавем.

- Дар бораи занбӯре, ки даҳ сол боз дар муҳити биологии мо пайдо шудааст,- мегӯяд Абдурашид Шарипов,- назарҳо гуногун мебошад ва он таҳти омӯзиш қарор дорад. - Аммо ман хулосаи дақиқ пешниҳод карда наметавонам, ки он аз куҷо пайдо шудааст. Мардум бе огоҳӣ онро "занбӯрхӯр" меноманд, ки ин асоси воқеӣ надорад, аммо неши он заҳрдор аст  ва тахмине, ки   гӯё вай аз хориҷ ба кишвари мо интиқол ёфта бошад, то ҷое боварибахш аст. Таҳаввулотҳои табиӣ ҳамеша рух медиҳанд, ки инсон онро ҳанӯз наметавонад пешгирӣ кунад. Бале, занбӯр занбӯрро мехӯрад, ин протсесси табиӣ мебошад, вале на ҳамаи занбӯрон хунхоранд.

Чунонеки аз суҳбат бо Абдурашид Шарипов огоҳ шудем, интиқоли занбӯр аз хориҷ ба кишвари мо имкон доштааст. Бо кадом роҳ? Дар як суҳбати дигар оид ба вазъи гуногунии биологии кишвар доктори илми кишоварзӣ  Қурбоналӣ Партоев интиқоли гамбусаки колорадиро тавассути тухмии картошка аз хориҷ ба ҳудуди Тоҷикистон тасдиқ карда буд. Баъди нооромиҳои мамлакат вазъи назорати карантинӣ чанд соле дар сарҳадот вуҷуд надошт. Бо тухмии воридшуда, бахусус навъи  картошкаи "Пикассо" тухми гамбусаки колорадӣ дар заминҳои картошкакории мо паҳн гардид.

Ҳоло дар навоҳии картошкакории ҷумҳурӣ ҳолати душворе вобаста ба пайдоиши  ин ҳашарот ба назар мерасад. Барои нест кардани он лозим меояд аз хориҷ заҳрхимикатро бо нархи  гарон ворид кард. Шояд занбӯре, ки имрӯз мардум онро "мири ғазаб" меноманд ғилофаки он тавассути ягон маҳсулот ба кишвар омада бошад. Азбаски дар ҷумҳурӣ хадамоти махсуси пажӯҳиши  ҳашарот он қадар фаъол нест, ин зоти занбӯр таи даҳ сол ба кунҷу канори мамлакат паҳн гардид. Онҳое, ки аз неши ин занбӯр осеб дидаанд, заҳри онро хатарнок ҳам медонанд. Бо газидани он бадан варам карда, таби кас баланд ва дар ҷисму ҷон ҳолати ғайримуқаррарӣ  рух медиҳад. Одамони зиёде баъди неш задани "мири ғазаб" бистарӣ ҳам шудаанд.

-Ман занбӯрхӯрии ин занбӯри меҳмонро мушоҳида накардаам,- суханашро идома дода мегӯяд А.Шарипов,- аммо дар табиат ҳастанд занбӯроне, ки якдигарро шикор мекунанд. Ду зоти занбӯри зардак, ки онро дар забони русӣ "оса филант" мегӯянд, занбӯрхӯронанду гӯшт ҳам истеъмол мекунанд. Мана ҳамин ду зот душмани ашадии зунбӯри асал буда, як наринаю як модинаи он дар давраи парвариши бачаҳояшон рӯзе то 500 дона занбӯри асалро шикор мекунанд.Зиндагии онҳо асосан дар зери замин аст. Занбӯриасали корӣ барои ин зоти занбӯрон ва баъзе паррандагон ғизои махсуси биологӣ маҳсуб ёфта, касе пеши роҳи ин протсессро гирифта наметавонад. Шояд занбӯри "мири ғазаб" ҳам занбӯрхӯр бошад, аммо ман инро мушоҳида накардаам. Ин масъаларо бояд ба эътибор гирифт ва ба занбӯриасалпарварон дасти ёрӣ дароз кард.

Муҳити биологиро табиат ба танзим медарорад. Таҳаввулотҳо рух медиҳанд. Ҳар ҳашароте, ки вуҷуд дорад барои табиат нафъе дорад ва кореро анҷом медиҳад, ки мо- инсонҳо рисолати ҳар яки онро пурра дарк карда наметавонем. Худо кунад, ки занбӯри "мири ғазаб" барои табиати мо нафъовар бошад.

Бознашр аз ҳафтаномаи «Рӯзгор» №27, 04 декабри соли 2013



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi