22:13:53 28-уми Марти 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Март 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
        1 2 3
4 5 6 7 8 9 10
11 12 13 14 15 16 17
18 19 20 21 22 23 24
25 26 27 28 29 30 31

Соати хуфтаи Душанбешаҳрро бедор бояд кард ё…

Соатҳои бузурги деворӣ ва ё худ хиёбониро дар ҷойҳои намоёни аксари шаҳрҳои бузургтарини ҷаҳон дидан мумкин аст. Дар бархе шаҳрҳо аз зебоиву шеваи кори ин соатҳо ифтихор мекунанд.

2 soat-shahr 1Баъзеҳо махсус барои дидану шунидани оҳангҳои гуворое, ки баъди ҳар чанд вақти муайяне аз ин соатҳо баланд мешавад, вақт ҷудо мекунанду ба назди онҳо меоянд. Қариб дар ҳар як хиёбону боғҳои истироҳатии ин шаҳрҳо соатҳои шаклану ҳаҷман мухталифро мебинед. Соати бурҷи Кремл, соати бурҷи Бирмингем аз ҷумлаи рамзҳои эътирофшудаи Маскаву Лондон ба ҳисоб мераванд.

Бояд эътироф кард, ки пойтахти азизи мо, шаҳри дилорои Душанбе низ сол то сол ободу зебо мешавад. Бе муҳобот метавон гуфт, ки дар зарфи ҳафт соли ахир маркази шаҳр махсусан Боғи истироҳатӣ ва атрофи он, симои худро ба куллӣ дигар кардааст. Бинои боҳашамати Китобхонаи Миллии Тоҷикистон, Маҷмӯаи ёдгории Исмоили Сомонӣ, Герби Тоҷикистон, бинои муҳташами Қасри Миллат, Маҷмуаи Парчами Миллӣ, Осорхонаи миллӣ, Боғи истироҳатии ба номи устод Рӯдакӣ, бинои Вазорати корҳои хориҷа ба ҳусни Душанбешаҳр ҳусн зам намудаанд.

1 soat-shahr 1Агарчи дар ин маҳдуда ва умуман дар дигар нуқоти шаҳр чун дар дигар шаҳрҳои мамолики пешрафта теъдоди зиёди соатҳои хиёбониро дар ҳар сари қадам набинем ҳам, вале онҳоро  ҷо -ҷо вохӯрдан мумкин аст. Аммо ин ҷо гап  сари он аст, ки онҳо чӣ гуна кор мекунанд? Мо ин ҷо дар бораи кори танҳо як соате, ки дар хиёбони Садриддин Айнӣ дар арки бинои собиқ осорхонаи ба номи Камолиддин Беҳзод ҷойгир шудааст, ҳарф мезанем. Ин минтақаи хеле муҳими шаҳри Душанбе ба ҳисоб меравад.

Ду меҳмонхонаи калонтарини пойтахт дар ҳамин ҷо ҷойгир шудаанд. Роҳи фурудгоҳи байналмилалии Душанбе низ аз назди ҳамин бино мегузарад. Яъне дар атрофи ин бино ҳамеша меҳмонони зиёди хориҷиву дохилӣ сайру гашт менамоянд. Ва табиист, ки вақти тамошои шаҳр чашми онҳо ҳатман ба ин соат меафтад. Ба соате, ки ду сол боз хоб аст. Ду сол боз кор намекунад ва касе дар пайи таъмири он нест. Шояд дар ин ҷо ҳикмате нуҳуфта бошаду мо надонем?

Шояд ин соатро барои он таъмир намекунанд, ки баъди фурсате ин биноро аз байн мебаранд ва ба ҷои он бинои зеботаре бунёд мешавад? Бисёр хуб. Вале ин кор кай сурат мегирад? Оё мумкин нест, ки то аз байн бурдани бино ин соати хуфтаро таъмир намоянд ва ё ақаллан чор тарафи онро бо лавҳаҳои таблиғотӣ пӯшонанд ва сокинон ва меҳмонони ноогоҳи Душанбешаҳрро, ки чашм ба он медӯзанд, ба иштибоҳ наандозанд?

Бознашр аз ҳафтаномаи «Рӯзгор» №04, 29 январи соли 2014



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi