16:15:34 28-уми Марти 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Март 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
        1 2 3
4 5 6 7 8 9 10
11 12 13 14 15 16 17
18 19 20 21 22 23 24
25 26 27 28 29 30 31

"Пусть говорят": "Замуж за таджика"

ё худ занбезории тоҷикон

Бурҳон Салмонов, "Рӯзгор"

Боре дар як суҳбати хосаи ҳаҷвнигорон сармуҳаррири бесобиқаи маҷаллаи  ҳаҷвии "Хорпуштак" Басир Рассо (руҳаш шод бод) вобаста ба мавзӯи "занбезорӣ"-и мардуми мо нақли аҷибе карда буд. Дишаб, ҳангоми тамошои телешоуи "Пусть говорят"-и шабакаи аввали телевизиони Русия, ки ба занбезории тоҷикон ихтисос дода шуд буд, ҳамон нақли намакини раҳматии Басир Рассо пеши хотир омад, ки ёддоварӣ аз он, дар ин маврид, хеле бамавқеъ аст.

pust-govoryat 1111111Солҳои ҳафтодуми қарни гузашта маҷаллаи ҳаҷвии "Хорпуштак" (он вақт дастгоҳи муқтадири Ҳизби Коммунисти Тоҷикистон буд)  шеъри ҳаҷвии як қаламкаши деҳотиро бо номи "Занбезор" чоп мекунад. Шеър саропо ҳаҷви марди занбезоре будааст, ки зану чор кӯдакашро дур аз Тоҷикистон партофта, дурр аз   ватан бо зебосанаме оилаи нав барпо мекунад. Таҳлилгаре дар шуъбаи таблиғотии дастгоҳи марказии ҳизб мазмуни шеърро хуб "дарк" карда, як гузориши "аҷоибу ғароиб"-е ба роҳбарияи ҳизб пешниҳод месозад.

Пеш аз муҳокима гузоришро ба Басир Рассо медиҳанд, ки ба он шинос шаваду   ба саволи  "Чаро маҷаллаи "Хорпуштак" серзанагию занбезории тоҷиконро таблиғ кардааст?" посухе омода созад. Сармуҳаррири доною рамузфаҳм  дасту по нахӯрда, танҳо дар ним варақ гузориш менависад, ки шеъри "Занбезор" ҳаҷв асту ба воқеияти вуҷуддошта ишора  кардааст. Вале мухотабон ба чунин ҷавоб қаноат накарда, ба Басир Рассо амр медиҳанд, ки дар маҷалла барои тарбияи ахлоқии ҷомеъа фелетони тунду тезе дар ҳаққи он марди занбезор  чоп  намояд. Фелетон чоп мешаваду бо ҳамин "муҳокима"-и сармуҳаррир ҳам фаромӯш мешавад.

Мавзӯи "Замуж за таджика" (Ба тоҷик ба шавҳар баромад), ки шоми 28 март дар намоиши сербинандатарини "Пусть говорят"-и шабакаи аввали телевизони Русия ба ҷаҳон пахш гардид, он ҳаҷву танз набуд, балки ба костагии ахлоқи тоҷикон-занбезории онҳо ишораи намакин кард. Аз он ки тоҷики деҳотӣ Қиёмуддин  Юнусов, ба қавли Олга Хрипченко-хонуми никоҳии ӯ, вақте ба вилояти Кемерово омад, на забон медонисту на касбе дошт, дар ҳаққи тоҷикону тоҷикистониён мавзӯи нав ва ҷолиб нест.

Муҳим он аст, ки имрӯз Қиёмуддин барин ҷавонони деҳотии мо дар кишвари абарқудрати Русия чун муҳоҷири меҳнатӣ  ҳазорҳо нафар ба сар мебаранд, ки аксари онҳо бо урфу одат, анъанот ва суннатҳои на танҳо русҳо, балки сокинони дигар қавму миллатҳои ин кишвари бузург ошноӣ надоранд. Тамошобинон шояд ба суханони Андрей Малахов-барандаи намоиш эътибор дода бошанд, ки вай далели аҷоиберо хотирнишон кард: "Рӯзномаи "Известия" менависад, ки соли 2013-ум 12 ҳазор нафар тоҷикон ба шаҳрвандони Русия хонадор шуда, оила барпо кардаанд. Вале  тоҷикон дар ҷаҳон аз нигоҳи занбезорӣ баъди мексикагиҳо ҷойи дуюмро ишғол мекунанд".

Ана ҳамин ишораи "занбезорӣ"-и тоҷикон барои мо мояи ҳайрату таҳайюр ва ангушти тафаккур газидан аст. Ва, вақте ба омори расмӣ менигарем, дар ҳақиқат талоқ дар ҷумҳурии мо рӯ ба афзоиш дорад. Замони шӯравӣ ин раванд чунин суръати кайҳонӣ надошт, ки ҳоло дорад. Кадом омилҳоест, ки мардони мо занбезор шудаанду дар радифи ахлоқкостагиҳо баъди мардони мексикагӣҷойи дуюм насибашон шудааст? Шояд омили асосӣ раванди муҳоҷирати меҳнатӣ бошад? Ҷавоби ду суоли матраҳгардида агар аз бисёр ҷиҳат ба омилҳои равонии замони сармоядорӣ рабт ҳам дошта бошад, умдатан бештари вақт ҳамин муҳоҷирати меҳнатӣ аст.

Ҳоло дар ҳар нуқоти кишвар ба даҳҳову садҳо оилаҳое вохӯрдан мумкин, ки саробони хонаводаҳо баъди ба муҳоҷират рафтан, роҳи бозгашт ба хонаро фаромӯш карда, ҳатто онҳоро занони бевамондаашон боаламу бонафрат "гумгашатаҳо" ном мебаранд. Дар ин моварои зиндагӣ занони мардсифате ҳастанд, ки баъди ҳатто бо СМС гирифтани "талоқ" (?) рӯҳафтода нашуда, бори рӯзгори хонаводагиро худашон танҳо мекашанд. Омили дигари занбезории мардонро коршиносон дар ватан пайдо накардани қути лоямут медонанд, зеро мардон бо пайдо накардани ҷойи кори мувофиқу маоши дуруст дилсарду рӯҳафтода гашта, рӯ ба муҳоҷирату ғурбат меоранд. 

Бамаврид аст хотирнишон намоем, ки муҳоҷират барои ҳар кишвар падидаҳои мусбӣ ва манфӣ ҳам доштааст. Агар тавассути муҳоҷирони меҳнатӣ ва интиқоли маблағи онҳо некуаҳволии мардум то ҷойе таъмин гардад, вале раванди он ба рушди ҷомеа таъсиргузор ва бастагӣ ба хориҷро тақвият медиҳаду нигарониро пеш меорад.

Яке аз ин падидаҳои нигаронкунанда аз кишвар берун рафтани қувваи қобили меҳнат, бахусус мардони аз 20 то 50-сола  аст. Мусаллам аст, ки ҷавонони аз сини 18 то 30-сола бештар ба муҳоҷирати меҳнатӣ рӯ меоранд. Аз ин сабаб дар кишвари мо теъдоди ҷавононе, ки бояд издивоҷ кунанд нисбат ба духтарон хеле коҳиш ёфта, ин мувозина сол то сол рӯ ба афзоиш дорад. Ҷавононе, ки ба муҳоҷират мераванд, аксаран хизмати аскариро адо накарда, онро чун қарзи шаҳрвандӣ ба дӯш доранду дар ҷамоатҳо рӯихати ҷавонони маҳз синни даъватӣ ба артиши кишвар бо ранги сурх ишора ёфтааст, яъне онҳо дар назди Ватан-модар қарздор мебошанд.

Масоили дигаре, ки дар намоиши "Замуж за таджика" садо дод, ин аз вафодорию бевафоии Қиёмуддину Олга  ва ба кӣ тааллуқу майл доштани фарзанди онҳо - Иля-Мусофири 14-сола аст, ки имрӯз дар Тоҷикистон, дар хонадони падар ва зери тарбияи модарандару бибию бобои солрафта  ба сар мебарад, иборат буд. Муҳаббати Олга агар поку самимӣ намешуд, барои издивоҷ бо Қиёмуддини мусалмон исломро қабул намекард. Ӯ мегӯяд, вақте миёни ману  Қиёмуддин риштаи муҳаббат пайдо шуд, ман ҳамагӣ 20 сол доштам. Муҳаббатамон ғӯра гирифту масъалаи издивоҷ пеш омад. Қиёмуддин гуфт, ки барои никоҳи мусалмонӣ бояд ман зани мусалмон бошам. Ба хотири ин муҳаббат дини исломро қабул кардам. Аммо Қиёмуддин маро дар нимароҳ партофт ва ягона фарзандамро бо роҳи фиреб бо худаш ба Тоҷикстон гирифта бурд.

pust-govoryat 11112222Имрӯз дар Русия кам занону духтароне ёфт мешаванд, ки мисли Олга Хрипченко барои издивоҷ бо муҳоҷирони тоҷик, ки аз сабаби надонистани забон ҳуқуқҳояшонро ҳимоя карда наметавонанд, чунин шуҷоат нишон диҳанд. -Муҳаббати ҳамдиёри мо - Қиёмуддин, нисбати русдухтар-Олга самимӣ набудааст,-мегӯяд рӯзноманигор Шералӣ Умаров,ки намоишро саропо тамошо кардааст,-муҳаббати як зани мазҳаби бегона ба мусалмон ҳамин қадар мешавад, вале Қиёмуддин ғаразҳои шахсиашро пинҳон дошта, барои табаи кишвари Русия шудан Олгаи содалавҳро истифода бурдааст, ки ин камоли ноҷавонмардӣ маҳсуб меёбад.

Рӯзноманигори собиқадор Ш.Умаров дар идомаи суханаш иброз дошт, ки ҳоло дар ҷамоатҳои деҳоти шаҳри Кӯлоб даҳҳо муҳоҷирони меҳнатиеро номбар карда метавонад, ки замони дар муҳоҷирати меҳнатӣ буданашон бо русдухтарон хонадор шуда, онҳоро дар он ҷо напартофтаанд, балки ба Тоҷикистон оварда, соҳиби бачу кач шудаанд. Зиндагии онҳо хеле хуб аст, ҳатто қудоҳо рафтуомад карда, ин ба ҳамбастагии дӯстии тоҷикону русҳо, бахусус Тоҷикистону Русия дар чунин як замони пуртазод мусоидат менамояд.

Дар бораи ширкати ҳамватанони мо дар чунин телешоуҳо ба ҳайси машваратчию ҳимояткунанда бояд ибрози назар кард, ки ин хеле муҳим аст. Албатта, дастандаркорони намоиши навбатӣ, бахусус барандаи он Андрей Малахов барои ҷалб кардани таваҷчуҳ ва офаридани фазои тоҷикбадбинӣ ва мусалмонҳо борҳо ибораи "Иля мехоҳад модараш ба Тоҷикистон ояду дар як ҳавлӣ зани дуюми падараш шавад"-ро такрор ба такрор вирди забон овард. Аммо Иля- Мусофири 14-сола, ки забони модариро ҳанӯз то ҷойе фаромӯш накардааст, "зани дуюм шудани модарашро" рад кард, балки модараш Олга Хрипченкоро, ки аллакай ба каси дигар ба шавҳар баромадааст, тоҷикона ба дидорбинӣ ва меҳмонӣ даъват намуд.

Артур Кабиров-тағои Қиёмуддин, ки дар Русия ба сар мебарад, Олгаро ба сабукпоӣ муттаҳам карданӣ шуд. Вай метавонист ба ҷойи ин иттиҳом Олгаро аз тарбияи хубе, ки Иля-Мусофир дар хонаи падар гирифтааст, муътакид созад. Хуршеда Ҳамроҳқулова, ки солҳо боз дар Маскав асту забони русиро хуб медонад, метавонист, ба қавли маъруф, "мӯйро аз хамир" ҷудо созад, аммо суханонаш нишонрас набуданд.Ба намоиш даъват шудани Раҳимова -директори мактабе, ки дар он Иля-Мусофир таҳсил мекунад, ғайричашмдошт буд. Агар сарвари мактабро эҳсосот фаро намегирифт, ӯ бо он лаҳни зебои забони русӣ, ки ҳарф зад, метавонист Олгаро бобати даъвои баъди гузаштани 8 соле, ки Иля - Мусофир аз ҳар нигоҳ хулқу атвори тоҷикона гирифтааст, дар ҷояш мешинонд.

Бо вуҷуди баъзе луқмаю айбборкуниҳои ширкаткунандагони намоиш нисбати ҳамватанони мо дар занбезорӣ масъалаи интихоби падару модар аз ҷониби Иля-Мусофири 14-сола ҳалли худро наёфт. Падар - Қиёмуддин бо ҳамсараш Гулзира аз Тоҷикистон истода, Олга Хрипченкои муддаӣ ва ширкаткунандагони намоишро ба шаҳраки Тоҷикободи ноҳияи Тоҷикобод даъват кард ва гуфт, ки омода аст барои меҳмонону хонуми собиқаш чанд сар гӯсфандро гардан мезанаду зиёфат медиҳад. Шояд…

Бознашр аз ҳафтаномаи «Рӯзгор» №13, 02 апрели соли 2014



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi