10:09:12 20-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

Лату кӯби шаҳрванд бо дастури корманди Додгоҳи олӣ?

Як сокини пойтахти Тоҷикистон иддао дорад, ки гурӯҳи ношиносе ӯро бо дастури корманди Додгоҳи олии кишвар лату кӯб ва 8 рӯз дар бемористон бистарӣ кард.

kamera-656895665Қиёмиддин Ҳакимов, як сокини пойтахти Тоҷикистон иддао дорад, ки гурӯҳи ношиносе ӯро бо дастури Маҳмадалӣ Шарифов, корманди Додгоҳи олии кишвар латту кӯб ва 8 рӯз дар бемористон бистарӣ кард. Ин сокини пойтахт дар номаи шикояташ ба унвони вазири умури дохилии Тоҷикистон навиштааст, ки ҳамлагарон ӯро дар маҳалли кораш, тавқифгоҳи мошинҳо бо мушту лагад аз пой дароварданд ва беш аз 2 ҳазор долларашро бо худ бурданд. 

Рустам Қурбонов, вакиле аз Коллегияи адвокатҳои Тоҷикистон, ки аз Қиёмиддин Ҳакимов ҳимоят мекунад, рӯзи 15 декабр навореро ба мо пешниҳод кард, ки дар он манзараи лату кӯби Ҳакимов сабт шудааст.

Ба гуфтаи вакили мудофеъ, миёнаҳои моҳи октябр зерҳимояи ӯ ва корманди Додгоҳи олӣ Маҳмадалӣ Шарифов бар сари маблағи хариди як мошин баҳси телефонӣ доштанд ва ба думбол гӯё корманди додгоҳ ӯро таҳдид кардааст, ки “ҳамин ҳоло бачаҳо рафта бо ту гапзанон мекунанд”.  Ба гуфтаи ӯ, “баъди лаҳзае панҷ нафар дар тавқифгоҳи мошинҳо, воқеъ дар маҳаллаи”Дӯстӣ”-и пойтахт ҳозир шуданд ва ба Қиёмиддин Ҳакимов ҳуҷум карданд”.

Саҳнаи латту кӯби Ҳакимро яке аз дурбинҳои атроф сабт кардааст, ки дар он чеҳраи баъзе ҳамлагарон намоён аст. Ҳамон рӯз кормандони фаврии шӯъбаи 3-юми Раёсати корҳои ҷустуҷӯии вазорати умури дохилии Тоҷикистон Сафар Ҳусейнов ва Беҳрӯз Бобоев ба ҷои ҳодиса омада, далелҳои шайъиро аксбардорӣ карда ва наворро бо аризаи шикоятии зарардида бо худ бурданд.

Вале даъвогар мегӯяд, ки ходимони пулис на танҳо парвандаро пеш набурданд, балки ба ӯ машварат доданд, ки аз даъвояш бигзарад. “Онҳо гуфтанд, ки ҳамлагарҳои ман кайҳо билет гирифта ба Русия гурехтанд ва сар ба сар шуданам бо корманди додгоҳ ба зарари худам анҷом хоҳад шуд”, - мегӯяд вай.

Додгоҳи олии Тоҷикистон рӯзи 15 декабр ба мо тасдиқ кард, ки Маҳмадалӣ Шарифов корманди ҳамин ниҳод буда дар бахши “зинаи кассатсионӣ ва назорат бар парвандаҳои оилавӣ” фаъолият мекунад. Аммо дафтари матбуоти Додгоҳи олӣ аз қазияи мазкур изҳори бехабарӣ кард ва гуфт, ки нафаре аз рӯи ходими онҳо шикоят накардааст.

Бо ин ҳол, наздикони ҷабрдида Қиёмиддин Ҳакимов, истиқоматкунандаи кӯчаи Борбад мегӯянд, ки то замони муҷозот шудани корманди Додгоҳи олӣ, ки дастандаркори аслии маъюб шудани фарзандашон шудааст, аз шикоят даст намебардоранд ва ба идораҳои боло муроҷиат хоҳанд кард.

«Озодӣ»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi