06:32:56 24-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

Ш.Ҷононов: Тоҷикистон дарвозаи Осиёи Марказӣ хоҳад шуд

ШералӣҶононов, сафири Тоҷикистон дар Покистон мегӯяд, бо имзои қарордоди сеҷонибаи тиҷоратӣ байни Душанбеву Кобулу Исломобод, Тоҷикистон ба як кишвари муҳими транзитӣ ва ҳатто ба дарвозаи Осиёи Марказӣ табдил меёбад.

tajikistan-pakistan 878778Покистон, Тоҷикистон ва Афғонистон ба тавофуқ расиданд, ки қарордоди сеҷонибаи транзитӣ-тиҷоратиро то се моҳи дигар ниҳоӣ кунанд ва ба имзо расонанд. Дар нахустин нишасти коршиносони се кишвар, ки 3 январ дар Исломободи Покистон доир шуд, Покистон, Тоҷикистон ва Афғонистон мувофиқат карданд, ки созишномаи сеҷонибаи транзитӣ-тиҷоратиро дар моҳи марти соли равон дар Кобул ба имзо расонанд. Дар ин музокирот раҳбарии ҳайати Тоҷикистонро Саидраҳмон Назриев - муовини вазири рушди иқтисод ва савдо бар уҳда дошт.

ШералӣҶононов - сафири Тоҷикистон дар Покистон, ки дар ин музокирот ширкат дошт, рӯзи 4 январ дар мусоҳибаи ихтисосие бо мо гуфт, баъд аз имзои ин қарордод тоҷирону ширкатҳои Тоҷикистон тавассути Афғонистону Покистон ба роҳҳои обӣ дар бандари Карочӣ дастрасӣ пайдо хоҳанд кард.

Ҷононов: Дар ин санад ҷонибҳо ба тавофуқ расиданд, ки  гурӯҳҳои кории се кишвар ташкил карда шавад ва ин гурӯҳҳо бо назардошти имконоту шароити ҷонибҳо созишномаи ниҳоии тиҷоратӣ-транзитиро барои имзо таҳия кунанд. Дар он вазифаҳои ин гурӯҳҳои корӣ ба таври мушаххас оварда шудааст ва он масъалаҳои транзитӣ, масъалаҳои гумрукӣ, масъалаҳои молияви ва нақлиётиро дар бар мегирад. Ин мулоқоти аввалин буд. Аслан ин созишнома байни Афғонистону Покистон имзо шудааст. Вале ин ду кишвар ба хулосае расиданд, ки барои дастрасӣ ба кишварҳои дигари Осиёи Миёна, ба хусус ба Тоҷикистон, бояд Тоҷикистонро ба ин созишнома ҷалб кунанд.

- Агар мо ба оянда нигоҳ кунем, имкон дорад, ки Тоҷикистон дар ин миён ба кишвари транзитӣ табдил ёбад ва ҳамкориҳои Покистону Афғонистон бо кишварҳои минтақа, аз ҷумла бо Қирғизистону Узбакистон низ идома ёбад?

-Бале, ширкаткунандагони музокирот таъкид карданд, ки Тоҷикистон дар ин замина метавонад нақши дарвоза барои кишварҳои дигари Осиёи Миёнаро бозӣ кунад.  Барои ҳамин онҳо ҷалби Тоҷикистон ба ин созишномаро зарур медонанд.

-Оё бо кишварҳои дигари Осиёи Миёна низ гуфтугӯҳо дар ин бора оғоз шудааст?

-Не, ин аввалин вохӯрии се кишвар буд, ки дар сатҳи коршиносон баргузор гардид.

- Оё тиҷорат ё доду гирифти молу коло тавассути Афғонистон бо Покистон афзоиш хоҳад ёфт?

-Бале, мақсади асосии созишнома пеш аз ҳама соддатар кардани тиҷорат аст. Масалан, агар бор ба бандари Карочӣ ва ё Гвадар омад, бояд дар муддати кӯтоҳ ва бо нархи арзон ба Тоҷикистон интиқол ёбад.

- Оё Тоҷикистон имкон пайдо хоҳад кард, ки тавассути хоки Афғонистон ба бандарҳои обии Покистон ва аз он ҷо бо кишварҳои дигари ҷаҳон роҳ пайдо кунад?

-Дар созишнома як модда бояд дар ин бора оварда шавад ва масири интиқоли борҳо бояд муайян шавад, ки аз кадом гузаргоҳҳои гумрукиву марзӣ бояд то куҷо рафта расад. Ҳадаф албатта ду бандар аст - бандари Карочӣ ва бандари Гвадар.

ӣ гуна имтиёзҳо дар назар гирифта мешавад, оё барои боҷи гурукӣ ва ё молиёти гумрукӣ барои якдигар сабукиҳо қоил хоҳанд шуд?

-Коршиносон бояд дар ин бахш кор кунанд ва ба таври возеҳ муайян шавад, ки дар куҷо ва чӣ тавр барои молҳо боҷи гумрукӣ табақабандӣ шавад.

-Тоҷирони Тоҷикистон аз Покистон чӣ борҳоро ба Тоҷикистон ва чӣ борҳоро аз Тоҷикистон ба Покистон бурда метавонанд?

-Аз Покистон бештар маводи хӯрока, текстил ва молҳои саноатӣ меравад. Аз Тоҷикистон бештар  мева, меваи хушк, пахта ва дигар молҳои саноатӣҳам содир мешавад. Яке аз стратегияҳои ҳукумати Тоҷикистон баровардани кишвар аз бунбасти нақлиётиву иқтисодӣ аст ва ин корҳо барои содироту воридоти бештари молу коло анҷом мегирад. Дар чунин ҳолат нарх метавонад дар бозорҳои Тоҷикистон поинтар равад. Ҳадафи дигар пайдо кардани дастрасӣ ба бандарҳои обии ҷаҳон аст.

- Мо гуфта метавонем, ки аз Покистон ба Тоҷикистон меваву сабзавот ҳам меоранд, он гуна ки солҳои охир аз он ҷо картошка меоранд?

-Баръакс, меваи тару хушки Тоҷикистон ба ин ҷо меояд. Масалан, ангури Тоҷикистон дар бозорҳои Покистон харидори хуб дорад ва дар ҳамаи бозорҳо машҳур ва пурхаридор аст.

«Озодӣ»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi