22:26:47 19-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

Сокинон дар Хатлон: Ба "бечораҳо" замин намерасад

Дар ҳоле, ки даҳҳо тан аз сокинони Хатлон аз мавориди ришваситонӣ ва фасод дар тақсими замин аз сӯи масъулон сӯҳбат мекунанд, мақомоти Кумитаи заминсозӣ дар ин минтақа ин иддаоҳоро рад мекунанд.

khonasozi-23654545Агарчи даҳҳо сокини вилояти Хатлон дар мавриди ҷои доштани ришваситонии кормандони Кумитаи заминсозӣ дар шаҳру навоҳии ин вилоят сӯҳбат мекунад, вале масъулони ин ниҳод мегӯяд, ки дар вақти тақсимоти қитъаи замин ба аҳолии ниёзманд аз ҷониби кормандони онҳо дар шаҳру навоҳӣҳолатҳои ришваситонӣ ва қаллобӣ сабт нашудааст.

Фатҳулло Ҳурматов, сардори Кумитаи заминсозиии вилояти Хатлон низ дар нишасти хабарияш гуфт, ки тибқи қарори ҳукумати Тоҷикистон, дар вилояти Хатлон аҳолии ниёзманд пура ба қитъаҳои замин таъмин шудаанд ва ҳолати қонуншиканӣ дар ин самт аз ҷониби кормандони онҳо ошкор нашудааст. Ҷаноби Хурматов, хабари ришваститонии кормандони идораи заминсозӣ ва ноадолатии онҳоро дар тақсимоти замин беасос хонда гуфт, ки “ниёзманд соҳиби замин шуд.”

Дар ҳамин ҳол Оҷонсии назорати молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон дар вилояти Хатлон ҷой доштани хариду фурӯши замин, бахус аз ҷониби кормандони кумитаи заминсозӣ дар шаҳру навоҳии ин вилоятро тасдиқ намуда гуфт, ки ин мавзӯъ онҳоро нигарон кардааст.

Ҷамшед Гулмаҳмадзода, сардори Оҷонсии назорати молиявӣ ва мубориза бар коррупсия дар вилоят имрӯз 23 январ дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ аз ошкор шудани ба гуфтаи ӯҷинояти як корманди идораи заминсозии ноҳияи Ёвон дар ҳафтаи равон хабар дод.

Ҷаноби Гулмаҳмадзода афзуд, ки Муҳаммад Бекназаров, муҳандиси идораи заминсозии ноҳияи Ёвон, бо иттиҳоми қаллобӣ боздошт ва алайҳи ӯ тибқи моддаи 247, қисми 4-и Кодекси ҷиноии Тоҷикистон, яъне зарари махсусан калон парвандаи ҷиноӣ боз шуд. Ба гуфтаи Ҷамшед Гулмаҳмадзода, муҳандиси идораи заминсозӣ бо ваъдаи порчаи замин аз мардум пул гирифтааст: “Се мошини Бекназаров, хонашро, ки 40 ҳазор доллар арзиш дорад ва 24 ҳазор долларашро низ гирифтаем, ки вай аз мардум зиёда аз 200 ҳазор доллар ҷамъоварӣ намуда, онҳоро фиреб додааст. Як Бекназаров, ки ҳамин қадар пулро гирад, чӣ расад ба дигарон.”

Муҳаммад Бекназаров, ки баъди иттиҳоми  қаллобӣ ва ришваститонӣ аз идораи заминсозии ноҳияи Ёвон ихроҷ шудааст, бародарзодаи Саъдулло Бекназарзода, собиқ раиси ноҳияи Қубодиёни вилояти Хатлон аст.

Масъулини Оҷонсии назорати молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон дар вилояти Хатлон ҳафтаи гузашта низ ҳолатҳои қонуншиканӣ дар ва хариду фурӯши қитъаҳои замин дар соли 2014-ро нигаронкунанда арзёбӣ карданд. Оҷонсӣ гуфт, ки 6 нафар аз кормандони кумитаҳои заминсозии шаҳру навоҳӣ ба хотири ришваситонӣ боздошт шудаанд.

Ҷамшед Боев, маъюби гурӯҳи дуюми 31-сола аз деҳаи Баҳористони ҷамоати деҳоти “Арал”-и ноҳияи АбдураҳмониҶомӣ мегӯяд, ки ду маротиба ба ҳукумати ноҳия барои соҳиб шудани қитъаи замин бо бародаронаш ариза навиштанд, аммо чун пул надоштаанд, ба онҳо замин надодаанд:

Ҳамсояҳоямон, ки шояд пул доданд, барояшон замин додаанд, чун ман аз соли 2009 барои замин кӯшиш мекардам, аммо ҳамсояҳоямон, ки баъди ман ариза навиштаанд, соҳиби замин шудаанд. Пул медоштам, ки ба раиси ҷамоат медодам, шояд соҳиби замин мешудам, хостам бо бародарам хона сохта, баъд оиладор шавам.”

Дилором, омӯзгоре аз ноҳияи Вахши вилояти Хатлон мегӯяд, ки онҳо низ даҳ маротиба ба ҷамоат ва ҳукумати ноҳия барои соҳиб шудан ба қитъаи замин муроҷиат кардаанд ва дар ҳоле, ки баъзеҳо бидуни мамоният замин мегиранд: “Аризаҳоямон дар ҳукумат ва ҷамоат хоб аст, аммо мебинем, ки заминҳоро фурӯхтаанд, ки дар як хона чаҳор хоҷагӣ зиндагӣ мекунем, ки ба замин ниёз дорем, вале бароямон замин надодаанд. Аз номи ман нависед, ки бифаҳманд охир заминро фурӯхта истодаанд, ман омӯзгорам бояд барои ман замин медоданд.”- гуфт Дилором.

Ин даҳҳолест, ки тибқи барномаи ҳукумати Тоҷикистон, тақсими замин бояд аз омӯзгорони ҷавон, духтурон ва афроди маъюбу ниёзманд шурӯъ мешуд, вале ба сурати умум, ин қишр аз рӯйхатҳо берун монда, заминро ба онҳое додаанд, ки дар рӯйхати имтиёздорҳо нестанд.

Агарчи Кумитаи заминсозии вилояти Хатлон ришваситониро дар тақсимоти замин бе асос мехонад, вале бар асоси оморӣ расмӣ, дар соли гузашта 91 ҳолати қонуншиканӣ дар самти хариду фурӯши замин ошкор шуааст, ки раисону котибони ҷамоатҳо, сардорони шуъбаҳои ҳукумат ва дигар масъулин даст доштаанд.

Гузашта аз ин, генерал Ҷамшед Гулмаҳмадзода ҳафтаи гузашта дар нишасти хабарияш гуфт, ки санҷиш дар заминаи фаъолияти комиссияҳои ҷамъиятии тақсимоти замини навоҳӣ маълум кард, ки 32 қарори раиси ноҳияи Вахш нисбати 121 нафар, 32 қарори раиси ноҳияи Бохтар нисбати 130 нафар, 6 қарори раиси ноҳияи Румӣ нисбати 223 нафар ва 10 қарори раиси ноҳияи Данғара нисбати 273 шаҳрванд бар хилофи қоидаи тақсими замин будааст. Мақомот алайҳи 50 нафар шахсони мансабдор парвандаҳои маъмурӣ боз намуда, онҳоро ба маблағи 80 ҳазор сомонӣҷарима кардаанд.

Аммо кумитаи заминсозӣ иддао дорад, ки дар ду соли ахир беш аз 8000 ҳазор сокини вилояти Хатлон, ки ба қитъаи замин ниёз доштаанд соҳиби замин шудаанд. Мақомоти ин ниҳод аз вуҷуди садҳо аризаи шикоятӣ аз рӯи тақсими ноодилонаи замин изҳори бехабарӣ мекунанд.

«Озодӣ»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi