13:55:21 29-уми Марти 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Март 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
        1 2 3
4 5 6 7 8 9 10
11 12 13 14 15 16 17
18 19 20 21 22 23 24
25 26 27 28 29 30 31

Қочоқ, ришва... 11 парвандаи алайҳи афсарон дар Кӯлоб

Додситони гарнизони низомии Кӯлоб мегӯяд, дар соли 2014 алайҳи 11 афсари ниҳодҳои қудратии мустақар дар минтақаи Кӯлоб парванда боз кардааст ва 9 тани онҳо алакай маҳкум шудаанд. Додситонии гарнизони ҳарбӣ дар Кӯлоб мегӯяд, дар соли гузашта алайҳи ёздаҳ афсари ниҳодҳои қудратӣ парванда боз карда буд ва аз он шумор 9 афсар ҷазо гирифтаанд.

gornizoni-kulob 45784554Ба қавли масъулони додситонии гарнизони ҳарбӣ дар Кӯлоб, аз ин 11 парванда пурсарусадотаринаш даст задани капитани дидбонгоҳи “Даҳана”-и қисми марзбонии 21-33 дар ноҳияи Ҳамадонии вилояти Хатлон ба қочоқи маводи мухаддир ва он ҳам ҳамагӣ баъд аз се рӯзи расидан ба ин мақом будааст.

Икром Зоиров - додситони гарнизони ҳарбии Кӯлоб дар нишасти хабариаш гуфт, "Ботурхон Муродов - капитани қисми ҳарбии 21-33 барои интиқоли маводи мухаддир ба се соли зиндон маҳкум ва аз рутбаҳои низомӣ маҳрум шуд. Аз ӯ дар ду баста воситаҳои нашъадор дарёфт гардида буд, ки 2 килояшро афюн ва 900 граммашро ташкил медод."

Ӯ афзуд, дар соли гузашта инчунин алайҳи прапоршик Искандар Аҳмадов бар асоси моддаи 391, қисми 1 ва нисбат ба Наим Қурбонов аз ҳамин қисми низомӣ тибқи моддаи 245, қисми 2 парванда боз шуда, ба додгоҳ ирсол гардидааст. "Яке аз вазифаҳои асосии сарҳадбонон пешгирии муомилоти ғайриқонунии воситаҳои нашъадор, қочоқ ва дигар амалҳои ғайриқонунӣ дар сарҳади давлатист. Мутаассифона, аз ҷониби худи сарҳадбонон содир намудани ҷинояти муомилоти ғайриқонунии воситаи нашъадор ба қайд гирифта шудааст," - афзуд Икром Зоиров.

Бино ба иттилои додситонии гарнизони ҳарбии Кӯлоб, инчунин, прапоршики қисми низомии 10-040 Маҳмаднабӣ Тағоев барои худсарона аз худ кардани замин, подполковники қисмиҳарбии 13-483 Ҷаҳонгир Одинаев ба гирифтани 400 сомонӣ ришва аз як сарбоз айбдор шудаанд.

"Илова бар ин, алайҳи прапоршики амният Холмурод Шералиев ва корманди гузаргоҳи фурудгоҳи Кӯлоб Бахтиёр Набиев барои мусоидат ба сафари як сокини минтақа бо номи Зарнигор Султонова, ки баъдан дар фурудгоҳи Домодедовои Маскав бо маводи мухаддир боздошт шуд, парванда боз гардидааст. Амирбек Соиров, майори қисми ҳарбии 13-483 барои гум кардани туфангчаи навъи Макаров, гунаҳкор дониста шудаанд,» - хабар дод Икром Зоиров дар нишасти хабарии рӯзи 2 феврал.

Коршиноси маҳаллӣҶумъахон Алимӣ даст ба ҷиноят задани афсаронро «хиёнат ба вазифа» мешуморад. Алимӣ гуфт, «вақте ҳукумати ҷумҳур ба онҳо бовар карда, дар хатти марз, аз ҷумла дар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ба вазифа таъин мекунад, онҳо даст ба ҷинояти сангин мезананд. Пас, аз шаҳрвандони оддӣ чӣ гила?»

Ин барои аввалин бор аст, ки додситонии гарнизони ҳарбии Кӯлоб дар як сол алайҳи чунин теъдоди бузурги афсарони нерӯҳои гуногуни қудратӣ парвандаҳои ҷиноӣ кушодааст.

«Озодӣ»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi