15:52:47 25-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

Метадон - ба ҷои ҳероин

Дар як дармонгоҳи нашъамандон дар Хуҷанд як роҳи нави бо метадон иваз кардани ҳероин барои мӯътодони маводи мухаддирро таҷриба мекунанд.

metadon_665656.jpgРоҳи нави табобат - истеъмоли метадон ба ҷои ҳероин - ҳудуди 25 нашъаманд дар вилояти Суғдро аз вобастагӣ ба ҳероин раҳо карда, дар қалби даҳҳо дигар умеди баргаштан ба зиндагии одиро бедор кардааст. Аммо роҳи табобати онҳо роҳе тӯлонӣ ва пурмашаққат будааст.

Умед номи мустаори як ҷавони хуҷандист, ки ҳар рӯз барои табобат ба дармонгоҳи нашъамандӣ меравад. Вай мегӯяд, 4 сол пеш аз ҳероин даст кашид ва бо тавсияи табибон ба ҷои он метадон истеъмол мекунад. Вай афзуд: “Ба ман ҳозир як қадами дигар то озод шудан аз метадон монд.Аввал 80 миллиграм медоданд, баъд 75, 70, ҳамин тавр, оҳиста – оҳиста кам кардан гирифтанд. Ҳозир 5 миллиграм истеъмол мекунам, ин ҳамагӣ чанд қатра. Худо хоҳад, баъди як ҳафта бас мекунам.”

Умед доиранавоз аст ва дигар асбобҳои зарбиро ҳам менавозад ва дар як гурӯҳи ҳунарии Хуҷанд кор мекунад. Вай ба синни 42 қадам ниҳода, тобистони имсол бояд бо шарофати духтари калониаш бобо шавад: “Баъди тахмин 15 соли истеъмол аз сӯзану ҳероин дил кандан бисёр мушкил ва азобу машаққат буд. Аммо Худоро шукр, ки ман тоқат кардам, мубориза бурдам. Акнун аз 40 ҳам гузаштам, дар назди домодам, фардо назди набераам айб аст, ки бобояш нашъаманд бошад. ”

Ба гуфтаи табибон, метадони синтетикӣҳамчун ҷойгузин барои нашъамандон ҳероинро иваз мекунад ва онҳоро аз вобастагии ҳероин озод мекунад. Нӯшидани он нашъамандро мисли истеъмоли ҳероин ба ҳоли шадид намеандозад, вай метавонад аз пайи кору бораш равад. Табибон метадонро назар ба ҳероин ба маротиб безарар медонанд.

Акмал, як ҷавони дигари мӯътоди маводи мухаддир дар суҳбат бо мо гуфт, вай ба майдатиҷорат машғул аст:  “Ин обдоруи метадонро бепул ба мо ҳар рӯз медиҳанд. Акнун дигар аз пайи ҷустуҷӯи ҳероину пулкобӣ намешавем. Пеш бачаҳои мо маҷбур барои пул дуздӣҳам мекарданд. Ҳозир бисёрии онҳо дар маҳбасанд.”

Рӯзи 6-уми ферал, ки ба Дармонгоҳи беморони нашъаманди Суғд рафтам, он ҷо мисли Умед чандин мардон ва занони тахминан 30 – 40 сола барои истеъмоли метадон ҳозир буданд. Онҳо барои суҳбат бо мо розӣ шуданд, аммо ба шарте ки акси онҳо нашр ва номашон ошкор нашавад. Онҳо мегӯянд, ба истеъмоли ҳероин аз рӯи ҷавониву нодонӣ, чашидани "меваи мамнӯъ" ва “шӯхӣ ба шӯхӣ” сар карда буданд. Аммо роҳи  табобати онҳо дароз ва пурмашаққат будааст.

Замони истеъмоли маводи мухаддири синтетикии метадон дигар истеъмоли ҳероин ва нӯшидани шаробро қатъиян мумкин нест. Ва як қадами хатову истеъмоли ҳероин, дигар навъи маводи мухаддир ва ё шароб кофист, ки як марҳалаи дарози табобатро барҳам занад. Ба гуфтаи мусоҳибонам, қисми ками нашъамандон ин қоидаҳоро риоят мекунанд.

Дилшод, як ҷавони 39-сола аз шаҳри Хуҷанд, 4 сол пеш аз аввалинҳо шуда, ба истеъмоли метадон сар карда буд. Аммо вай ба шаробнӯшӣ сар карда, натавонистааст табобатро поён барад. Дилшод дар суҳбати телефонӣ гуфт, ҳоло сиҳатиаш хуб нест ва ин аз оҳанги садояш ҳам маълум буд. Аммо ҳанӯз оташаки умеди табобат дар дилаш шӯъла мезанад: “Иштиҳоям нест, мешинам, асабӣ мешавам худ аз худ. То метадон нахӯрам, аз гулӯям чизе намегузарад. Камтар қувват гирам, боз сар мекунам табобатро.”

Аз Дилшод модари 60-солааш парасторӣ мекунад. Вай дар суҳбат бо мо гуфт, ҳоло кашидани бори вазнини таъмини оила бар дӯши ҳамсари Дилшод уфтодааст. Вай дар кӯдакистон кор мекунад ва оилаи онҳо давраи сахтеро аз сар мегузаронад.

Ин модар мегӯяд: “Рӯзи гузашта Дилшодро аз дармонгоҳ ба хона ҷавоб доданд. Вай он ҷо барои раҳоӣ аз майхорагӣ табобат гирифт. Акнун боз ба истеъмоли метадон сар мекунад. Ин ягона чизе аст, ки вайро оромтар мекунад, майнааш ҳам аз фикру хаёли ҳероинёбиву барои хариди он чӣ хел пул ба даст овардан халос мешавад. Ин як рӯзу ду рӯз не, солҳо боз ҳоли мо ҳамин..."

Ҳоло мисли  Умеду Акмал беш аз 60 нафар нашъаманд дар дармонгоҳи наркологии Хуҷанд бо усули нави ҷойгузинӣ, истеъмоли метадон ба ҷои ҳероин табобат мегиранд.

Бахтиёр Сатторов, сардухтури дармонгоҳи беморони нашъаманди Суғд дар суҳбат бо мо гуфт,  ин усули табобат дар Тоҷикистон ба тариқи таҷрибавӣ 4 сол пеш ҷорӣ шуда, ин доруро Бунёди Глобалӣ ба таври ройгон ба нашъамандон пешниҳод мекунад. Вай афзуд, истеъмоли метадон ба нашъамандони ба истилоҳ “собиқадор” пешниҳод мешавад, ки баъди сипарӣ кардани давраи табобати интоксикатсия ё поккории бадан низ аз истеъмоли ҳероин бо сӯзан худдорӣ карда натонистаанд. Ба гуфтаи вай, дар  4 соли гузашта 195 нафар ин гуна муътоди ҳероин бо усули нави ҷойгузинӣ мавриди табобат қарор гирифтаанд: ”Аммо сиҳат шудан  аз худи одам ҳам вобаста аст. Давраи табобат тӯлонист - аз 1 моҳ то 3 сол. То 1 моҳ талаби ҳероин дар организми нашъаманд боқӣ мемонад. Вай бояд  то охир истодагарӣ кунад. Фақат баъди он ки нашъаманд 3 соли дигар ҳероин ё дигар навъ маводи мухаддир истеъмол накард, мо гуфтан метавонем, ки вай сиҳат шудааст.”

Ба гуфтаи ҷаноби Сатторов, ҳоло 26 нашъаманд истеъмоли метадонро тарк карда, дигар ҳероин низ истеъмол намекунанд. Табибон ба раҳоии комили онҳо аз қайди нашъмандӣ умед доранд. Аммо 25 нашъаманди таҳти табобат бо ҷароими мухталиф, умдатан барои дуздиву авбошӣ паси панҷараи зиндон рафтаанд. Бархе ҳам аз табобат даст кашидаву бархе барои муҳоҷирати корӣ тарки Тоҷикистон кардаанд. Танҳо 63 танҷиҳати то поён бурдани табобат таҳаммул ва истодагарӣ нишон медиҳанд.

Бино ба маълумоти расмӣ, дар шимоли Тоҷикистон дар ҳоли ҳозир 1060 нашъаманд расман ба қайд гирифта шудааст. Наздики 900 нафари онҳо аз 30 то 60 сол доштан, синни 44 нашъаманд ҳато аз 60 боло будааст. 975 нафари онҳо ҳероин истеъмол мекардаанд ва аксари кулл - бо сӯзан. Вале шумораи ҷавонони нашъаманди аз 18 то 3- сола нисбатан кам аст - 145 нафар, яъне ҷавонон, ба гуфтаи табибон, сол то сол аз нашъамандӣ парҳез мекунанд.

«Озодӣ»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi