00:20:41 24-уми Июни 2025 сол

ШАҲРВАНДИ АФҒОНИСТОН ҲАШТ СОЛ ЗИНДОНӢ ШУД

Додгоҳе дар Душанбе як шаҳрванди Афғонистонро ба иттиҳоми таҷовузи як фарди ноболиғ барои ҳашт сол равонаи зиндон кардааст. Гуфта мешавад, ки ин табаъаи афғон дар шаҳри Душанбе як маркази шустушӯйи мошинҳоро фаъол карда ва фарди ноболиғеро, ки дар он ҷой кор мекард, мавриди таҷовузи ҷинсӣ қарор додааст. Вале ин шаҳрванди Афғонистон дар додгоҳ изҳор доштааст, ки дар муддати шаш соли ахир нотавонӣ ё заъфи ҷинсӣ доштааст.

 

Ба гуфтаи Хӯҷамурод Аҷиков, қозии додгоҳи ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе, ба хотири махфӣ нигаҳ доштани асомии осебдида, муҳокимаи ин парванда дар пушти дарҳои баста сурат гирифтааст. Вай афзуд, ки Муҳаммад Ҳаким Муҳаммад Раҳим, шаҳрванди 37-солаи Афғонистон, соли 2008 барои тиҷорат ба Тоҷикистон омада ва дар яке аз хиёбонҳои шаҳри Душанбе як маркази шустушӯйи мошинҳоро фаъол сохтааст.

 

Дар ин марказ афроди ноболиғи мухталифе машғули мошиншӯйӣ буданд ва оқои Муҳаммад Раҳим барои як рӯзи кори онҳо даҳ сомонӣ ҳуқуқ медодааст. Гуфта мешавад, ки бархе аз афроди ноболиғ рӯзе то бист мошин мешустанд ва қимати шустушӯйи ҳар мошин аз даҳ то понздаҳ сомонӣ будааст.

 

Фарди осебдида, ки аз ифшои номаш худдорӣ мешавад, 15 сол дошта ва ба далели фақр дар хонаводааш баночор мактабро тарк карда ва машғули кор дар ин маркази мошиншӯйӣ будааст. Ба гуфтаи вай, Муҳаммад Раҳим чанд маротиба ба ӯ пешниҳод кардааст, ки агар бо вай робитаи ҷинсӣ кунад, ҳуқуқи рӯзонаи ӯро то бист сомонӣ боло хоҳад бурд. Вале вай ин пешниҳодро рад кардааст.

 

Дар мусаввабаи додгоҳ омадааст: “Рӯзи 10-уми ноябри соли 2008 ин фарди ноболиғ ҳангоми нимарӯзӣ дар ҳуҷраи истироҳатӣ аз хастагӣ хобаш бурда ва аз эҳсоси дарди сахте бедор мешавад ва болои худ Муҳаммад Раҳимро мебинад, ки ӯро таҷовуз мекард.”

 

Ин фарди ноболиғ тавонистааст Муҳаммад Раҳимро аз худ дур кунад ва аз чанги ӯ раҳо ёбад, вале бо ин вуҷуд муъоянаи пизишкӣ дертар собит карда, ки вай мавриди таҷовузи ҷинсӣ қарор гирифтааст. Баъд аз ин ҳодиса ин фарди ноболиғ аз кор дар ин марказ сарфи назар карда, вале боре Муҳаммад Раҳим ӯро дар кӯчае вохӯрда ва хоҳиш кардааст, ки ба маҳалли кор баргардад ва дар бораи ин ҳодиса ба касе ҳарфе назанад.

 

Шоҳидон аз ҷумлаи ҳамкорони ин фарди ноболиғ дар додгоҳ изҳор доштаанд, ки Муҳаммад Раҳим чанд маротиба талош доштааст “ба онҳо низ чунин меҳрубонӣ карда ва пайваста қасди бӯсидан ва ё ба оғӯш кашидани онҳоро мекардааст.”

 

Ин шоҳидон гуфтаанд, ки аз худи Муҳаммад Раҳим шунидаанд, ки вай бо истифода аз зӯр ба ин фарди ноболиғ таҷовуз кардааст. Вале Муҳаммад Раҳим дар додгоҳ ин иддаъоро рад карда ва онро тӯҳмату тавҳин хондааст.

 

Худи Муҳаммад Раҳим ва пайвандонаш изҳор доштаанд, ки вай дар муддати шаш соли ахир аз нотавонӣ ё заъфи ҷинсӣ (импотенсия) азият мекашад ва тавони таҷовузи ҷинсиро надорад. Зимнан, оқои Муҳаммад Раҳим худаш панҷ фарзанди ноболиғ доштааст.

 

Натоиҷи муъоянаи пизишкӣ низ вуҷуди ин заъфро мушаххас кардааст, вале додгоҳ ин иддаъоро напазируфтааст. Дар мусаввабаи додгоҳ омадааст, ки Муҳаммад Раҳим дар ҷараёни бозрасии муқаддамотӣ изҳор доштааст, ки “воқеъан шими (шалвори) ин ноболиғро пойин кашида, ӯро танҳо навозиш кардааст.”

 

Ҳамакнун, бо ҳукми додгоҳ Муҳаммад Раҳим ба муддати ҳашт сол дар зиндон ба сар хоҳад бурд. Ба гуфтаи Хӯҷамурод Аҷиков, қозии ин парванда, Муҳаммад Раҳим мавриди афв қарор нахоҳад гирифт, зеро чунин ҷароиме ғайри қобили афв аст.

 

Аз сӯйи дигар, тибқи қонуни афви Тоҷикистон, ки дар моҳи гузашта тасвиб шуд, қарор аст ҳудуди 250 табаъаи афғон, ки дар зиндонҳои ин кишвар ба сар мебаранд, озод ва ба ватанашон мустарад шаванд. Гуфта мешавад, бештари ин афрод барои қочоқи маводди мухаддир маҳкум шудаанд.

 

Би-Би-Си

Назари Шумо

Security code
навсозӣ