23:00:42 19-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Март 2042 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
          1 2
3 4 5 6 7 8 9
10 11 12 13 14 15 16
17 18 19 20 21 22 23
24 25 26 27 28 29 30
31            

Аз Русия то “ДИИШ” - мағзи муҳоҷиронро бо чӣ "мешӯянд"?

"Нодидаҳо дар ормон, дидагиҳо пушаймон" - ин мақолро метавон ба садҳо муҳоҷири корӣ аз Осиёи Миёна нисбат дод, ки воқеияти ДИИШ-ро дарк кардаанд, аммо аз фирор ҳарос доранд.

az-rusia-to-doish-4554.jpgТоҷихон Қосимова, модари Парвиз Қосимов мегӯяд, чаҳор рӯз пеш ба писараш муяссар шудааст, ки аз қаламрави Сурия ба хоки Туркия бигзарад ва акнун онҳо дар шаҳри Қӯрғонтеппа дар хонавода мунтазири бозгашти писарашон мебошанд. Худи Парвиз баъд аз расидан ба хоки Туркия ба хонаашон занг задааст ва аз волидайнаш хостааст, ки барои бозгашти минбаъдаи вай кӯмак кунанд. Ҳоло вай дар Анқара қарор дорад ва намояндагии дипломатии Тоҷикистон дар Туркия низ тавассути волидайн аз бозгашти вай огаҳӣ дорад.

Модар мегӯяд, баъд аз расидан ба Сурия дар гуфтугӯҳои кӯтоҳи телефонӣ маълум буд, ки писараш аз кардааш пушаймон аст ва бо расидани фурсати муносиб ба хона бармегардад, зеро барои фирор аз суфуфи ҷангиёни ДОЪИШ аз Сурия замонати зинда мондан вуҷуд надорад. Ба гуфтаи Тоҷихон Қосимова, писараш Парвиз дар бораи роҳҳои ҷалб ба суфуфи тундравҳои “Давлати Исломӣ” ё ДОЪИШ то ҳол чизе нагуфтааст.

Вале эҳтимол меравад, ки вайро маъмурони ин созмон тавассути шабакаҳои иҷтимоии Фейсбук ё Одноклассники пайдо кардаанд. Вайро аввал ба Русия ва аз он ҷо тавассути Туркия ба Сурия фиристодаанд. Парвиз бояд дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ба соли дуввуми таҳсилаш идома медод, вале якуми сентябри соли 2014 ба ҷои идомаи таҳсил Тоҷикистонро тарк кард ва ба сафи тундравҳои “Давлати Исломӣ” пайваст. Акнун ӯ баъд аз даҳ моҳ бармегардад.

Аммо дар муқоиса бо Парвиз Қосимови донишҷӯ, Парвизи дигарӣ, яъне Парвиз Набиев-сокини 24 солаи ноҳияи Шаҳритус ба доми ҳамдеҳааш маъмури ДОИШ Ҳусейн Содиқов мулаққаб ба ҚорӣҲусейн афтод, ки вайро дар Маскав барои гаравидан ба тундравҳои “Давлати Исломӣ” моил кардааст. ҚорӣҲусейн ҷавононро бештар дар масҷидҳо интихоб мекард. Чун Набиев наворҳои таблиғотии ДОИШ-ро низ дар интернет дида буд, зуд ба таблиғоти ҚорӣҲусейн бовар кард ва ба зудӣҚорӣҲусейн онҳоро то Туркия гусел намуд.

Набиев мегӯяд, ба вай ва ду нафар аз ҳамроҳонаш талқин мекардаанд, ки онҳо гӯё дар “роҳи ҳақ” мубориза хоҳанд кард. Онҳоро 50 рӯз дар Истанбул дар масҷиди Имом Бухорӣ “таълим” додаанд ва дар ҷараёни таълим Набиев дармеёбад, ки вайро фиреб додаанд ва бояд ба Ватан баргардад. Ба ин тартиб, Парвиз Набиев то ба Сурия намерасад ва баъд аз пушаймонӣ аз Туркия ба Тоҷикистон бармегардад ва ҳоло дар зодгоҳаш ноҳияи Шаҳритус бо корҳои кишоварзӣ машғул аст.

АФРОДИ КАМЭЪТИБОРИ ҶОМЕА ДАР “ДАВЛАТИ ИСЛОМӢ

Саодат Олимова, ҷомеашиноси тоҷик ва раҳбари маркази таҳлилии “Шарқ” дар Душанбе мегӯяд, ононе, ки ба суфуфи “Давлати Исломӣ” мепайванданд, аз лиҳози эътиқоду фаҳмиш аз ҳам фарқ доранд. Масалан, вай ба  гурӯҳи аввал муттаассибони мазҳабиро дохил мекунад, ки саводи кофӣ надоранд ва шумораи онҳо дар Тоҷикистон зиёд нест. Ба гурӯҳи дуввум ононе дохил мешаванд, ки дар ҷомеа эътиборе надоранд ва ба қавле дар ҳошия қарор гирифтаанд. Онҳо фикр мекунанд, ки дар ҷои дигар ин камбуди равонии худро пур мекунанд ва соҳиби эътибор хоҳанд шуд.

Гурӯҳи севвум аз мардоне иборат аст, ки ҳамеша дар сар фикри ҷангу хархашаро доранд. Вале муҳити зисти онҳо дар Ватан ба он созгор нест. Шумораи чунин афрод кам аст. Бо вуҷуди ин онҳо фикр мекунанд, ки ин хоҳиши худро гӯё дар роҳи мубориза барои “кори савоб” дар суфуфи тундравҳои “Давлати исломӣ” бароварда месозанд. Табиати онҳо “бизану бикӯб” аст. Барои ҳамин онҳо зуд ба таблиғоти “Давлати Исломӣ” тан медиҳанд.

Ба гурӯҳи чаҳорум, ҷирахороне дохил мешаванд, ки барои пул меҷанганд ва “хидмат”-и худро дар манотиқи муноқиша, аз ҷумла ба гурӯҳе мисли “Давлати исломӣ” пешкаш мекунанд. Ба ин гурӯҳ ононе медароянд, ки пешинаи ҷангсолорӣ доранд ё кормандони фирории ниҳодҳое интизомӣ мебошанд, ки бо аслиҳа сару кор доштаанд ва аз аслиҳаи дасти худ  суд бурдаанд. Шумораи чунин афрод аз Тоҷикистон хеле ночиз аст.

БЕШТАРИ МУБАЛЛИҒОН ДОҒИСТОНИҲО ҲАСТАНД

Муҳоҷирони кории тоҷик низ гаҳ-гоҳе мисли Парвиз Набиев ба фиреби мубаллиғони ДОИШ медароянд. Саодат Олимова мегӯяд, ҷорӣ шудани қонунҳои сахти муҳоҷират, аз ҷумла дарёфти патент, супурдани имтиҳон ва гирифтани сертификат аз як сӯ ва поён рафтани арзиши рубли русӣ муҳоҷирони кориро ба мушкил рӯ ба рӯ кард. Мубаллиғони ДОИШ дар қаламрави Русия аз ин имкон истифода мебаранд.

Ба гуфтаи Олимова, чунин мубаллиғон бештар шаҳрвандони қафқозитабор, аз ҷумла, доғистониҳо ва чеченҳо мебошанд. Тоторҳо низ дар миёни онҳо ҳастанд. Вале таҳлилгарон нақши доғистониҳоро дар ин кор барҷастатар нишон медиҳанд. Яке дигар аз роҳҳои ҷалб ҳамдеҳагон ва хешовандон мебошанд. Намунаи он ҚорӣҲусейни шаҳритусӣ аст, ки се ҳамдеҳаи худ, аз ҷумла Парвиз Набиевро ба дом даровардааст.

Алексей Малашенко, ҳамраиси барномаи “Дин, ҷомеа ва амният” ва узви шӯрои илмии Маркази Корнегӣ  дар Маскав мегӯяд, муҳоҷирони тоҷик ва умуман муҳоҷирони кишварҳои Осиёи Миёна дар қаламрави Русия на танҳо тавассути шабакаҳои исломии интернетӣ, балки тавассути шабакаҳои иҷтимоии Русия низ ба дом медароянд. Онҳоро зери назар мегиранд, бо онҳо иртибот пайдо мекунанд ва дар мулоқотҳои вижа ба онҳо ваъдаҳои болохонадор медиҳанд.

Чун шумораи муҳоҷирони кории кишварҳои Шӯравии пешин, аз ҷумла кишварҳои Осиёи Миёна дар Русия хеле зиёд аст, ба гуфтаи оқои Малашенко, назорати пурраи раванди ҷалби муҳоҷирон мушкил мебошад. Вале шумораи шаҳрвандони ҷалбшудаи Русия ба суфуфи “Давлати Исломӣ” аз 5 то 7 ҳазор нафарро ташкил медиҳад, дар ҳоле ки шумораи чунин афрод аз ҳар кишвари Осиёи Марказӣ ба таври расмӣ ба ҳазор нафар намерасад. Масалан, аз Тоҷикистон ҳудуди 400 нафар дар Сурия меҷанганд ва бино ба маълумотҳо, тақрибан 130 нафари онҳо дар ҷангҳо кушта шудаанд.

Дар гузориши Гурӯҳи байналмиллалии бӯҳронҳо, барои соли 2014 тахмин зада мешавад, ки дар суфуфи ДОИШ аз кишварҳои Осиёи Миёна аз 2 то 4 ҳазор нафар дар ҷангҳо ширкат доранд.

ЧАРО РУСИЯ “ДАРВОЗАҲО”-И ХУДРО НАМЕБАНДАНД?

Оқои Малашенко мегӯяд, “бастани “дарвозаҳо” барои боздоштани раванди ҷалби муҳоҷирон ба сафи “Давлати Исломӣ” дар Русия мушкил аст. Мақомоти Русия борҳо талош кардаанд, ки роҳҳоро бибанданд, мубаллиғонро пайдо ва боздошт кунанд, марказҳои сафарбариро дар қаламрави Русия аз байн бибаранд. То андозае ин кор натиҷа додааст. Дар Астрахан, Волгоград, Оренбург чунин марказҳо аз байн бурда шуданд, вале то ҳол ин равандро пурра боздоштан муяссар нашудааст”. Аммо таҳлилгарони дигар мегӯянд, ки Русия таҳдиди "Давлати Исломӣ" -ро ҳамчун абзори нуфӯзталабӣ дар минтақаи Осиёи Миёна истифода мекунад. Дар шароите, ки Русия аз ҷиҳати иқтисодӣ нотавон аст ва давлатҳои минтақа осемасар шарики тоза меҷӯянд, Кремлин ба ҷуз нерӯи низомӣ чизи дигаре барои ироа кардан надорад. ДИИШ дар ин шароит барои Маскав абзори муносибе шудааст, мегӯянд ин таҳлилгарон.

Бино ба маълумоти расмӣ, то ҳол аз Тоҷикистон 130 нафар кушта шудаанд. Бо дарки чунин вазъ, акнун бисёре аз онҳо талош мекунанд, ки аз минтақаҳои ҷанг фирор кунанд. Фирору бозгашти тақрибан даҳ нафар шаҳрвандони Тоҷикистон аз Сурия намунаи он аст ва гуфтугӯи телефонии баъзеҳои дигар гувоҳӣ медиҳад, ки онҳо аз сафар ба Сурия пушаймон шудаанд ва роҳҳои бозгаштро меҷӯянд.

«Озодӣ»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi