02:48:37 24-уми Июни 2025 сол

МУҲОКИМАИ 56 НАФАР БА ИТТИҲОМИ ИФРОТГАРОӢ

Додгоҳи олии Тоҷикистон ба муҳокимаи 56 нафар аз шаҳрвандон ба иттиҳоми ифротгароӣ ва узвият дар гурӯҳҳои мазҳабии ғайрирасмӣ оғоз кардааст. Гуфта мешавад бештари ин афрод пайрави "Ҷамоъати таблиғ" ҳастанд, ки дар моҳи апрели соли ҷорӣ дар яке аз масоҷиди шаҳри Душанбе боздошт шуда буданд.

 

Муҳокимаи ин афрод, ки ба узвият дар гурӯҳҳои мазҳабии ғайрирасмӣ муттаҳам шудаанд, дар толори муҳокимаи боздоштгоҳи муваққати шаҳри Душанбе ва дар пушти дарҳои баста сурат мегирад. Хешовандони ин афрод, ки субҳи рӯзи сешанбеи 8 декабр дар беруни боздоштгоҳ қарор доштанд, гуфтанд, ки теъдоди онҳо 57 нафар аст. Вале Шералӣ Шарипов, масъули бахши иттилоъоти Додгоҳи олии Тоҷикистон, ба Би-би-сӣ гуфт, ки шумори ин афрод 56 нафарро ташкил медиҳад.

 

Ба гуфтаи оқои Шарипов, ин афрод ба гурӯҳҳои мухталифи ба гуфтаи вай "ифротгаро ва тундрав" мутаъаллиқ ҳастанд. Вай афзуд, ки баррасии ин парвандаро Кумитаи давлатии амнияти милли Тоҷикистон анҷом дода ва бештари ин афрод тибқи моддаи 307, қисмҳои 3 ва 2, яъне ба анҷоми фаъолиятҳои ифротгароёна ва узвият дар аҳзоб ва гурӯҳҳои ғайриқонунӣ муттаҳам ҳастанд.

 

Чанде қабл панҷ тан аз ҳамин гуна афрод дар додгоҳ муҳокима ва барои муҳлатҳои мухталифе равонаи зиндон шуда буданд. Толори муҳокимаи боздоштгоҳи муваққатии шаҳри Душанбе дар гузашта макони баргузории чанде аз муҳокимаҳои пурсару садо ва ҳассос будааст.

 

Аз ҷумла Ёқуб Салимов, вазири собиқи кишвар ва аз фармондеҳони пешини Ҷабҳаи Мардумӣ дар даврони ҷанги дохилии Тоҷикистон ва Ғаффор Мирзоев, фармондеҳи собиқи Горди раёсати ҷумҳурии Тоҷикистон низ дар ин толор ва пушти дарҳои баста муҳокима шуда буданд.

 

Рӯзи сешанбе дар назди сохтмони ин боздоштгоҳ иддае аз волидон ва пайвандони афроди муттаҳам ба узвияти гурӯҳи "Ҷамоъати таблиғ" гирдиҳам омада буданд. Ба гуфтаи онҳо, муҳокима дар пушти дарҳои баста сурат мегирифт ва онҳо иҷозаи вуруд ба толорро надоштанд. Ҳарчанд Шералӣ Шарипов гуфт, ки муҳокима ба таври озод баргузор шудааст.

 

Хабарнигори Би-би-сӣ ҳам натавонист ба толори муҳокима ворид шавад. Посбонҳо дар либоси низомӣ аз наздик шудани пайвандони муттаҳамон ба даромадгоҳи толори муҳокима монеъ мешуданд. Онҳо ҳамчунини аз суҳбати хабарнигорон бо афроди гирдиҳамомада монеъ шуданд.

 

Яке аз низомиён хешвандони бархе аз муттаҳамонро, ки мехостанд бо хабарнигори Би-би-сӣ суҳбат кунанд, таҳдид кард, ки суҳбат бо хабарнигорон бар зарари пайвандонашон хоҳад буд. Бархе аз таҷаммуъкунандагон бо шунидани ин сухан аз мусоҳиба даст кашиданд, аммо бо ин вуҷуд Беҳрӯз ном ҷавоне, ки худро писари Сафаралӣ Ҷалолов, яке аз муттаҳамон муъаррифӣ кард, гуфт, ки падари вай ҳудуди ҳашт моҳ қабл боздошт шуда буд.

 

Ба гуфтаи Беҳрӯз, то ҳол аҳли хонаводаи онҳо барои кадом ҷурм боздошт шудани падарашонро намедонанд. Ба гуфтаи ин ҷавон, падари вай дар моҳи апрел дар як масҷид боздошт шудааст. Наҷмиддин Муродов, фарди дигаре низ, ки дар назди боздоштгоҳ мунтазири анҷоми муҳокима буд, мегӯяд, ки чанде қабл фарзанди вай Насриддин Муродови 25-соларо додгоҳ барои шаш сол равонаи зиндон кардааст.

 

Аз оқои Муродов пурсидам, ки пасари вайро додгоҳ дар иртикоби чи ҷурме муҷрим шинохтааст. Вай гуфт: “Писари манро барои расондани даъвати Худо ба онҳое, ки ба нӯшидани машрубот ва истифода аз маводди мухаддир даст мезананд, ба зиндон равона карданд. Писари ман фаъолиятҳои сиёсӣ надошт.”

 

Оқои Муродов мегӯяд, ки фарзанди вайро додгоҳ бегуноҳ ба зиндон фиристодааст ва ду набераи вай чашм ба роҳи падарашон ҳастанд. Гуфта мешавад бештари афроде, ки муҳокимаи онҳо рӯзи сешанбе дар додгоҳ шурӯъ шуд, рӯзи 14 апрел дар масҷиди мавсум ба Умари Форуқ дар маҳаллаи Гулистони шаҳри Душанбе боздошт шудаанд.

 

Он замон шоҳидони боздошти ин афрод мегуфтанд, ки маъмурони амниятӣ ва пулис ҳудуди 150 нафар аз намозгузорони ин масҷидро боздошт карда ва таввасути утубусҳо ба боздоштгоҳ мунтақил карданд. Баъдтар вазири кишвари Тоҷикистон дар як нишаст эълом кард, ки ин афрод ба иттиҳоми узвият дар "Ҷамоъати таблиғ", як гурӯҳи мазҳабии ғайрирасмӣ, боздошт шудаанд.

 

Тайи чанд соли ахир афроди зиёде дар Тоҷикистон ба иттиҳоми ифротгароӣ ва узвият дар гурӯҳҳое монанди Ҳизбуттаҳрир ва Ҷунбиши исломии Ӯзбакистон муҳокима ва зиндонӣ шудаанд. Додгоҳи олии Тоҷикистон фаъолияти ин гурӯҳҳоро расман мамнӯъ эълом кардааст.

 

Аммо пайравони гурӯҳи мавсум ба "Ҷамоъати таблиғ" мегӯянд, ки онҳо ҳеч гуна фаъолиятҳои ифротгароёна ва сиёсӣ надоранд ва ҳадафашон танҳо "ҳидояти мардум ба иҷрои фароизи исломӣ" аст. Бархе аз шахсиятҳои мазҳабӣ низ онҳоро "бегуноҳ" хонда ва аз боздошташон ибрози таассуф кардаанд.

 

Таъқиб ва муҷозоти пайравони гурӯҳҳои мухталифи мазҳабӣ дар Тоҷикистон дар ҳолест, ки давлати ин кишвар худро ҳомии арзишҳои исломӣ хонда ва соли 2009-ро "соли бузургдошти Имоми Аъзам" ё Абӯҳанифа Нӯъмон бинни Собит, пешвои мазҳаби ҳанафӣ, эълом кардааст, ки бахши аъзаме аз мардуми кишвар пайрави он ҳастанд.

 

Бо ишора ба ин, бархе аз мунтақидон давлати Тоҷикистонро ба нақзи усусли қонуни асосӣ, ки барои ҳеч гуна идеулужие имтиёз қоил нест ва ҳамчунин ба дунбол кардани меъёрҳои дугона ва табъиз нисбат ба пайравони мазоҳиб ва фирқаҳои дигар муттаҳам мекунанд.

 

Би-Би-Си

Назари Шумо

Security code
навсозӣ