18:13:22 15-уми Августи 2025 сол

Ҷаласаи Гурӯҳи корӣ оид ба пешгирии вируси норасоии масунияти одам

Рӯзи 13 августи соли 2025 дар бинои Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи Гурӯҳи кории байниидоравӣ оид ба омӯзиши масъалаҳои пешгирии сироятёбии ВНМО дар байни муҳоҷирони меҳнатӣ баргузор гардид.

3 hivaids 254542255Дар ин ҷаласа муовини Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ Норзода Шариф Сангимурод ва аъзоёни Гуруҳи корӣ аз вазоратҳои тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, адлия, маориф ва илм, корҳои дохилӣ, корҳои хориҷӣ, молия, рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи давлатии амнияти миллӣ ва кумитаҳои кор бо занон ва оила, кор бо ҷавонон ва варзиш, телевизион ва радио, дин ва танзими ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок намуданд.

Дар кори ҷаласа масъалаҳои пешгирӣ намудан аз сироятёбии вируси норасоии масунияти одам дар байни муҳоҷирони меҳнатӣ, баргузор намудани корҳои иттилоотиву фаҳмондадиҳӣ дар байни аҳолӣ, махсусан муҳоҷирони меҳнатӣ, инчунин аз муоинаи ҳатмии тиббӣ гузаштани муҳоҷирони меҳнатӣ ҳангоми бозгашт ба Ватан дар гузаргоҳҳои сарҳадӣ баррасӣ гардид.

Аз ҷониби аъзои Гуруҳи корӣ вобаста ба таҳия намудани лоиҳаи санади меъёрии ҳуқуқии танзимкунандаи аз муоинаи ҳатмии тиббӣ гузаштани муҳоҷирони меҳнатии ба Ватан баргашта дар нуқтаҳои гузаргоҳҳои сарҳадӣ таклифу пешниҳодҳо манзур карда шуд.

www.mehnat.tj

 

Назари Шумо

Security code
навсозӣ


sultoni-qalbho
 
taronahoi jovidonai ahmad zohir 2025

lohuti ohangsoz ham bud

ahmad zahir va musiqii gharb 45458754
 
askshoi-khotiravi
 
rudaki chang bigriftu 12214554
 
payvandi ahmad zahir bo mavlavi 548787
 sultoni qalbho qismi duvvum 4544854