20:02:14 01-уми Майи 2026 сол

«Ҳазориспанд дар Русия мамнӯъ аст!»

Санаи 7-уми феврали соли 2024 бо Қарори Ҳукумати Федератсияи Русия таҳти№135 дар асоси пешниҳоди ВКД-и ин кишвар растании дар Тоҷикистон ва аксар кишварҳои шарқӣ машҳури «Ҳазориспанд» ва растаниҳои ороишии «Ошиқи печон»-и серанга ва «Турбини сипаршакл» ҳамчун растаниҳои дар таркибаш маводҳои мухаддир, психотропӣ ёпрекурсҳои онро дошта эътироф гашта ба рӯйхати чунин растаниҳои маводҳои мухаддира дошта дохил карда шудаанд.

5 ispand 6598454854Боя гуфт, ки гардиши ғайриқонунӣ ва истифодаи ин растанӣ дар қаламрави Федератсияи Русия, азҷумла воридот барои мақсадҳои шахсӣ ва тиббӣ манъ буда, тибқи талаботи моддаи 231 Кодекси ҷиноятии Федератсияи Русия барои киштану парвариши он ҷазо дар шакли ҷарима ё ҳабси маъмуриро пешниҳод мекунад. Қайд бояд намуд, ки барои коштану парвариши 10 буттаи чунин растанӣ ба мисли «Ошиқи печон», ҷавобгарии ҷиноятӣ дар шакли ҷарима ва ё ки ҷазои маҳрумӣ аз озодиро пешбинӣ намудааст. Ба миқдори то 100 бутта чун ҷинояти ба миқдори калон ва зиёда аз 100 бутта бошад ҷинояти ба миқдори махсусан калон банду баст карда мешаванд.

Чунин банду баст ба дигар растаниҳои дар таркибашон моддаҳои таъсиррасон дошта, мисли растании «Ҳазориспанд» низ хос аст.

Ҳамчунин моддаи 228 қисми 2-и Кодекси ҷиноятии Федератсияи Русия ҷавобгарии ҷиноятиро баро ғайриқонунӣ ба даст овардан, нигоҳдорӣ, интиқол, истеҳсол, коркард бидуни ҳадафи фурӯши маводи мухаддира, моддаҳои психотропӣ, прекурсорҳо ё ҳамтоёни онҳо ба андозаи ҳаҷмаш калон муқаррар намудааст.

Ба ин монанд моддаи 229 иловаи 1, қисми 3-и Кодекси ҷиноятии Федератсияи Русия ҷавобгарии ҷиноятиро бароиҳаракати ғайриқонунӣтавассути сарҳади гумрукии Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё ё сарҳади давлати Федератсияи Русия бо давлатҳои аъзои Иттиҳоди иқтисодии   Авруосиё маводи мухаддира, моддаҳои психотропӣ, прекурсорҳо ва ё ҳамтойни онҳо ҷавобгарии ҷиноятӣ пешбинӣ кардааст.

Тибқи маълумотҳо,бинобар интиқоли буттаҳои ин намуди растанӣ дар яке аз фурудгоҳҳои шаҳри Москваи Федератсияи Русия ду бонуи тоҷик, ки бар асари надонистани қонунҳои ин кишвар, буттаҳои ин растаниро онҳо бо мақсади истифодаи табобатӣ аз Тоҷикистон бурда буданд, дастгир ва нисбаташон парвандаи ҷиноятӣ оғоз гашааст.

Азҷумла, нисбати як нафари онҳо дар содир намудани ҷиноятҳои марбут ба моддаҳои 228 қисми 2 ва 229 иловаи 1, қисми 3-и Кодекси ҷиноятии Федератсияи Русия тафтишоти пешакӣ ба итмом ва парвандаи ҷиноятӣ ба суд ирсол гашта, ба мӯҳлати 8 сол аз озодӣ маҳрум карда шудааст.

Бояд гуфт, ки растании «Ҳазориспанд» дар байни мардуми Шарқ ва махсусан дар байни гузаштагони халқи тоҷик бисёр маъруф буда, он дар тиббии халқии анъанавӣ аз замонҳои қадим чун растании шифобахш ва табобатӣ ниҳоят маъруф буда, дар бораи ин растанӣ дар китоби «Авесто» ва ҳамчунин дигар сарчашмаҳо гуфта шудааст. Аз тарафи Шайхурраис Аб ӯали Ибни Сино бо истифодаи ин растан бемориҳои чашм, талхадон, пӯст ва ғайраҳо табобат карда мешуданд.

Муайян гаштааст, ки дар таркиби ин растаниҳо моддаҳои алкалоидӣ ба назар расида, ба кори асаб бевосита таъсиррасон буда, метавонанд одамонро ба ҳолати мадҳушӣ баранд.

Аз ин рӯ ба шаҳрвандони Тоҷикистон зарур аст, ки ба ин масъала диққати ҷиддӣ дода ҳангоми рафтан ба Русия бо худ бурдани растании «Ҳазориспанд» ва растаниҳои дигари дар боло ишорагашта худдорӣ намоянд.        

Хотиррасон бояд намуд, ки надонистани қонун ҷавобгариро истисно намекунад.

Дар ин асос ба қонунҳои ин кишвар шаҳрвандони мо бояд эҳтиром гузоранд.

Дар акси ҳол бошанд, метавонанд нисбаташон парвандаи ҷиноятӣ барои интиқоли ғайриқонунии растаниҳои дар таркибашон моддаҳои нашъадордошта оғоз намуда, ба мӯҳлатҳои тӯлонӣ аз озодӣ маҳрум шаванд.

Варқаи Зайниддин, Ёрдамчии калони прокурори вилояти Хатлон, мушовири адлияи дараҷаи 1, шаҳри Бохтар.

 

Назари Шумо

Security code
навсозӣ