«Вазъи назорати прокурорӣ дар 9-моҳи соли 2025 дар ҳудуди вилояти Хатлон»
Прокуратураи вилояти Хатлон баҳри амалӣ намудани сиёсати созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон фаъолияти худро дар асоси дастуру супоришҳои Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва қарорҳои ҳайати мушовараи Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳандозӣ намуда, барои таъмини волоияти қонун, ҳимояи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, манфиатҳои давлат ва ҷомеа дар 9 моҳи соли 2025 корҳои муайянеро анҷом дод.
Дар ин давра, вобаста ба иҷрои дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар Паёми худ аз 28 декабри соли 2024 «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон» иброз намуданд, нақшаи-чорабиниҳои Прокуратураи генералӣ таҳия гардида оид ба иҷрои дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон чораҳои лозима андешида шуда, ҷиҳати таъмини иҷрои босифати бандҳои Нақша-чорабиниҳои мазкур тамоми прокуророни шаҳру ноҳияҳо ва дигар шахсони мутасаддии дастгоҳи прокуратураи вилоят вазифадор карда шудаанд.
Ҳамчунин, дар 9 ҷаласаҳои ҳайати мушовара оиди баррасии 11-масъала, 46 маҷлисҳои фаврӣ-назоратии назди прокурори вилоят оиди баррасии 164 масъала гузаронида шуда, дар маҷмӯъ дар онҳо 175 масъалаҳо баррасӣ ва аз натиҷааш қарорҳои дахлдори уҳдадоркунанда қабул карда шудаанд.
Риояи дақиқ ва иҷрои якхелаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» таҳти назорати доимӣ қарор дошта, дар ин раванд ба қабули шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ баррасии саривақтӣ ва ҳаматарафаи муроҷиатҳои онҳо диққати ҷиддӣ дода шуда, қабули шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ ҳамарӯза амалӣ мебошад.
Дар ин давра, ба прокуратураи вилоят ва шаҳру ноҳияҳо ҳамагӣ 7436 муроҷиатҳо аз ҷумла, шахсони воқеъӣ 7075 ва шахсони ҳуқуқӣ 361 муроҷиатҳо ворид гардидааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта дар умум 1,7% ё худ 132 муроҷиат зиёд мебошад.
Аз ин 2076 муроҷиат аз ҷониби мақомоти прокуратура мавриди баррасӣ қарор гирифта, бо натиҷаи баррасӣ 643, ё худ 30,9 фоиз муроҷиатҳо қонеъ, 114 рад ва бо 1319 муроҷиатҳо талаботи қонун фаҳмонида дода шудааст. Дар ин давом 643 ҳолати ҳуқуқҳои поймол гаштаи шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ муайян гардида, барқарор карда шудаанд.
Дар маҷмӯъ, дар ин самт 61 санҷишҳо гузаронида, аз натиҷаи онҳо 696 қонунвайронкуниҳо ошкор гардида, баҳри бартараф намудани қонунвайронкуниҳо 173 амр, 15 эътироз ва 154 пешниҳод оварда, 194 нафар ба ҷавобгарии интизомӣ ва 136 нафар ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида шуда, барои саривақт баррасӣ накардани муроҷиатҳои зиёди шаҳрвандон 22 парвандаҳои ҷиноятӣ оғоз карда шудааст.
Назорати умумӣ яке аз самтҳои муҳими назорати прокурорӣ буда, дар ин муддат, вобаста ба ҳолати риоя ва иҷрои талаботи қонунгузории ҷорӣ 1605 санҷишҳо гузаронида шуда, аз натиҷаи онҳо ҳамагӣ 33425 қонунвайронкуниҳо ошкор карда шудаанд, ки 2396 адад ё 7,1% зиёд мебошад.
Бо натиҷаи санҷишҳо ҷиҳати пешгирӣ ва бартараф намудани қонунвайронкуниҳо 6298 амр, 4504 эътироз, ва 2750 пешниҳод, 5063 нафар ба ҷавобгарии интизомӣ, 4016 нафар ба ҷавобгарии моддӣ 389 нафар ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида шуда, инчунин 1153 парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шудааст.
Кор дар самти барқарор кардани зарар беҳтар шуда, маблағи 397,5 (320,1 млн.) млн. сомонӣ барқарор шудааст, ки назар ба соли гузашта 77,4 млн. сомон, ё 19,4% зиёд мебошад.
Аз 397,5 млн. сомонӣ маблағи зарари тибқи санадҳои прокурорӣ барқарроргашта, 90 млн. сомонӣ қарзи андоз, 3,4 млн. сомонӣ қарзи гумрук ба манфиати буҷет, 76,6 млн. қарзи музди меҳнат, 95,1 млн. қарзи нафақа ба манфиати маъюбон ва нафақахурон, 27,8 млн. дар самти ноболиғон, 96,1 млн. энергетика ва маблағи 8,1 млн. сомонӣ дар самтҳои дигари назоратӣ рӯёнида шудааст.
Вобаста ба қонунгузории буҷет 50 санҷиш гузаронида шуда, аз натиҷаи он 572 қонунвайронкуниҳо ошкор карда, дар натиҷа 110 амр, 46 эътироз ва 56 пешниҳод оварда шуда, нисбати 80 нафар истеҳсолоти интизомӣ, 192 моддӣ ва 38 маъмурӣ оғоз гардида, дар асоси санадҳои эътиноии прокурорӣ маблағи 1,9 млн. сомонӣ зарар барқарор карда шуда, 47 парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шудааст, ки аз ин 11 парвандаи ҷиноятии коррупсионӣ ва 37 парвандаи ҷиноятии хусусияти иқтисодӣ коррупсионӣ дошта мебошанд.
Прокуратураи вилоят дар самти таъмини қоидаҳои истифодабарии қувваи барқ 77 санҷиш гузаронида, аз натиҷаи он 3426 қонунвайронкунӣ ошкор карда, дар натиҷа 743 амр, 41 эътироз ва 116 пешниҳод оварда шуда, нисбати 304 нафар истеҳсолоти интизомӣ, 1629 моддӣ, 515 маъмурӣ оғоз гардида, дар асоси санадҳои эътиноии прокурорӣ маблағи 96,1 млн. сомонӣ зарар барқарор карда шуда, 81 (21) парвандаҳои ҷиноятӣ оғоз карда шудааст, ки аз ин 25 парвандаи ҷиноятии коррупсион, ва 29 парвандаи ҷиноятии хусусияти иқтисодӣ-коррупсионӣ дошта мебошад.
Прокуратураи вилоят назорати иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро дуруст ба роҳ монда, ҷиҳати амалисозии меъёрҳои қонуни мазкур чораҳои зарурӣ андешида шуда истодааст.
Бо натиҷаи санҷишҳои гузаронидашуда дар ин самт дар фаъолияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ комиссияҳои танзими анъана ва ҷашну маросим, Ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, тарабхонаҳо, ташкилоту муассисаҳо ва шаҳрвандон қонунвайронкуниҳо, ба монанди вайрон кардани вақти баргузории чорабиниҳо, зиёд кардани теъдоди иштирокчиёни маъракаҳо, таъсис надодани комиссияҳои ҷамъиятӣ ва ғайраҳо дар маҷмӯъ 605 қонунвайронкун, ошкор карда шуда, дар натиҷа 55 амр, 16 эътироз ва 161 пешниҳод оварда шуда, нисбати 167 нафар истеҳсолоти интизомӣ 189 маъмурӣ ва 4 парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардидааст.
Дар самти қонунгузории ҳифзи муҳити зист ва ҷангал бошад 65 санҷиш гузаронида, 1271 қонунвайронкуниҳо ошкор карда шуда, барои бартараф намудани қонунвайронкуниҳои ошкоршуда 120 амр дода, 87 пешниҳод ирсол намуда, ба санадҳои ғайриқонунии мақомоти дахлдор 312 эътироз оварда, 105 нафар ба ҷавобгарии интизомӣ 60 нафар ба ҷавобгарии моддӣ кашида шуда, нисбати 535 нафар парвандаҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ва 60 парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуд.
Оид ба иҷрои Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ» аз ҷониби прокуророн барои бекор кардан ва ба қонун мутобиқ гардонидани 517 қарору амрҳои ғайриқонунии раисони шаҳру ноҳияҳои вилоят эътироз ва пешниҳод оварда шудааст, ки ин нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 69 адад зиёд мебошад. Аз шумораи умумии 517 қарору амрҳои эътирозшуда, 413 адади он, ё ин ки 80% вобаста ба замин мебошанд.
Аз шумораи умумии 413 қарору амрҳои ғайриқонунӣ қабул кардаи раисони шаҳру ноҳияҳо, ки доир ба ҷудо кардан ва вобаста намудани замин буда, барои бекор карданашон эътироз ва пешниҳод оварда шудаанд, 191 қарор ё ин, ки 46% қарору амрҳои ғайриқонунӣ қабул кардаи раисони амалкунандаи шаҳру ноҳияҳо мебошанд.
Вазъи риоя ва иҷрои Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлат,” ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот” ба талабот ҷавобгӯй набуда, то ҳанӯз шахсони мансабдори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ дар маҳалҳо ва шахсони масъули комиссияҳои доим, оид ба интихоб ва додану вобастакунии қитъаҳои замини назди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо талаботҳои қонунгузории ҷориро сарфи назар карда, даст ба ҷиноят мезананд.
Дар самти қонунгузории меҳнат 90 санҷиш гузаронида шуда, 2225 қонунвайронкуниҳо ошкор карда, ҷиҳати фавран бартараф намудани қонунвайронкуниҳои ошкоршуда 363 амр ва 184 пешниҳод ирсол карда шуда, ба 463 фармоишҳои ғайриқонунии шахсони мансабдор эътироз оварда, маблағи 76,6 млн. сомонӣ зарари расонидашуда барқарор карда шудааст.
Вазъи иҷрои талаботи қонунгузорӣ оид ба ҳифзи саломатии аҳолӣ дар ин давра 57 маротиба мавриди санҷиш қарор дода шуда, 1258 қонунвайронкуниhо ошкор карда шуда, аз натиҷаи он 109 амр ва 133 пешниҳод ирсол карда, бо санадҳои ғайриқонунии муассисаҳои тандурустӣ 147 эътироз оварда, 367 нафар ба ҷавобгарии интизомӣ, 159 нафар ба ҷавобгарии моддӣ кашида шуда, 315 парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ва 38 парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуд.
Фаъолият дар самти назорати иҷрои қонунгузориҳои санитарию - эпидемиологӣ ҷоннок карда шуда, 74 санҷиш гузаронида, дар фаъолияти бозорҳо, нуқтаҳои хӯроки умумӣ ва марказҳои савдо 2123 қонунвайронкунӣ ошкор карда шуда, аз натиҷаи он 151 амр ва 102 пешниҳод ирсол карда, ба санадҳои ғайриқонунии муассисаҳои тандурустӣ 306 эътироз оварда, 352 нафар ба ҷавобгарии интизомӣ, 36 нафар ба ҷавобгарии моддӣ кашида шуда, 1161 парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ва 21 парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуд.
Ҳамзамон, дар ин давра дар самти қонунгузорӣ оиди ҳимояи ҳуқуқӣ истеъмолкунандагон як қатор корҳо ба анҷом расонида шуда, 56 санҷиш гузаронида, 908 қонунвайронкунӣ ошкор шудааст, ки аз натиҷаи он 112, амр ва 67 пешниҳод ирсол карда, ба санадҳои ғайриқонунӣ 119 эътироз оварда, 75 нафар ба ҷавобгарии интизомӣ, 19 нафар ба ҷавобгарии моддӣ кашида шуда, 508 парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ва 11 парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шудааст.
Ҳолати иҷрои конунгузории замин таҳти назорати ҳамарӯза қарор дошта, кӯшиш ба харҷ дода шуд, ки истифодаи оқилона ва самараноки замин дар доираи талаботи қонун таъмин карда шуда, тақсимоти ғайриқонунӣ ва ғасби худсаронаи он пешгирӣ карда шавад.
Новобаста аз ин, то ҳол дар миқёси вилоят ҳолатҳои ғайриқонунӣ ҷудо кардан, хариду фурӯши ғайриқонунии замин ва ғасби худсаронаи он ҷой дошта, дар ин самт 133 санҷишҳо гузаронида, аз натиҷаи онҳо 5295 қонунвайронкуниҳо ошкор гардида, баҳри бартарафсозии қонунвайронкуниҳои ҷойдошта унвонии роҳбарони мақомоти дахлдор ва ташкилоту муассисаҳо 2279 санадҳои прокурорӣ бароварда, бо натиҷаи баррасии онҳо 2615 нафар ба ҷавобгариҳои моддӣ, интизомӣ ва маъмурӣ кашида шуда, барои ғайриқонунӣ додани замин, худсарона ишғол намудани қитъаи замин ва дигар ҷиноятҳо, аз ҷумла ҷиноятҳои мансабии ба замин алоқаманд 436 парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шудаанд.Бо санадҳои эътиноии прокурорӣ маблағи зарар 1,4 млн. сомонӣ барқарор карда шудааст, ки нисбати соли гузашта 117,8 ҳазор сомонӣ зиёд мебошад.
Баҳри пешгири намудани қонунвайронкуниҳои замин дар асоси санадҳои эътиноии прокурорӣ дар миқёси вилоят майдони 55,23 гектар қитъаҳои замини худсарона ишғолшуда ва ғайриқонунӣ додашудаи зери сохтмон ба ҳолати аввала бозпас гардонида шудааст, ки нисбати ҳамин давраи соли гузашта майдони 1,55 гектар зиёд мебошад.
Назорати риояи қонунгузорӣ дар бораи андоз яке аз самтҳои дигари фаъолияти прокуратура буда, диққати асосӣ ба таъмин намудани иҷроиши нақшаи воридоти андозҳо ва рӯёнидани қарзҳои андоз дода шудааст. Баҳри кам намудани бақияпулиҳои қарзи андоз чораандешӣ карда шуд, ки дар натиҷа 90 млн. сомонӣ қарзҳои андоз дар асоси санадҳои прокурорӣ бо рамзи «64» ба буҷети давлат ворид карда шудааст, ки назар ба ҳамин давраи соли гузашта ба маблағи 5,5 млн. сомонӣ зиёд мебошад.
Ба назорати иҷрои қонунгузорӣ оид ба ноболиғон ва ҷавонон чун ҳарвақта диққати хоса дода шуда, дар ин давра 143 санҷишҳо гузаронида, 5030 қонунвайронкуниҳо ошкор гардида, бо натиҷаи онҳо 755 амр, 638 эътироз ва 418 пешниҳод бароварда шуда, 1410 нафар ба ҷавобгарии интизомӣ, 581 нафар ба cавобгарии моддӣ ва 1029 нафар ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида шуда, 173 парвандаи ҷиноятӣ оғоз ва зарар ба маблағи 27,8 млн. сомонӣ барқарор карда шудааст.
Санҷишҳо нишон медиҳанд, ки ҳанӯз ҳам аз тарафи шахсони мансабдор ва хизматчиёни давлатӣ содир кардани ҷиноятҳои суйистифода аз ваколатҳои мансабӣ, тасарруфи маблағҳои буҷетӣ, воситаҳои асосӣ, сохтакории хизматӣ ва дигар ҷиноятҳои хусусияти коррупсионӣ ва иқтисодии коррупсионӣ дар муассисаҳои соҳаи маорифи вилоят ҷой дошта, дар ин самт 49 парвандаи ҷиноятӣ оғоз ва тафтиш карда шуданд.
Бо назардошти нақш ва аҳамияти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак» дар тарбияи насли наврас ҳолати иҷрои он таҳти назорати ҳамарӯза қарор дошта, аз тарафи прокуратураи вилоят ва шаҳру ноҳияҳои он 61 маротиба санҷиш гузаронида шуда, 1552 қонунвайронкуниhо ошкор карда шуда, аз натиcаи он 198 амр, 78 эътироз ва 172 пешниҳод оварда шуда, 467 ҷавобгарии интизомӣ, 80 ҷавобгарии моддӣ ва 469 парвандаҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ оғоз карда шуда, 102 парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шудааст.
Дар самти мубориза бо муомилоти ғайриқонунии маводи нашъаовар ошкоркунии он аз 145 ба 208 ҳолат расида, миқдори маводи нашъаовари дарёфтгардида дар маҷмӯъ 1484 кг. 578 гр. ташкил дода, нисбати ҳамин давраи соли гузашта ба 120 кг. 397 гр. ё 8,8 фоиз зиёд маводи нашъаовар дарёфт ва мусодира шудааст.
Дар самти мубориза бо коррупсия аз ҷониби мақомоти прокуратураи вилоят 383 (355) ҷиноятҳои коррупсионӣ ва иқтисодии хусусияти коррупсионидошта ошкор ва бо 353 (312)-тои онҳо парвандаҳои ҷиноятӣ оғоз карда, маблағи зарари ошкоршуда 24,9 (14 млн.) млн. сомониро ташкил намудааст, ки аз он 10,1 млн. (6,6 млн.) сомон, дар рафти пешбурди парвандаҳои ҷиноятӣ барқарор карда шудааст, ки аз ин 3,3 млн. (3 млн.) сомонӣ ба фоидаи давлат мебошад.
Ҳамзамон дар ин самт 94 (74) нафар ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида шудааст.
Баҳри тарғибу ташвиқи қонунгузорӣ ва таъмини иҷрои Фармони Президенти мамлакат таҳти № 691, аз 9 апрели соли 1997 «Дар бораи сиёсати ҳуқуқӣ ва тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва Фармони дахлдори Прокурори генералӣ дар ин самт дар байни аҳолӣ, баҳри ташвиқу тарғиби қонунгузории ҷорӣ,оид ба натиҷаҳои санҷишҳои прокурорӣ ва тафтиши парвандаҳои ҷиноятии аҳамияти зиёди ҷамъиятӣ дошта 4120 маротиба ва тариқи васоити ахбори омма 9894 маротиба баромад кардаанд.
Прокуратураи вилоят тасмим гирифтааст,ки минбаъд низ назорати прокурориро дар ҳамаи самтҳо пурзӯр намуда, ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вобаста ба таъмини волоияти қонун, таҳкими қонуният ва тартиботи ҳуқуқӣ, ҳимояи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, манфиатҳои давлат ва ҷомеа тамоми чораҳои дахлдорро андешад.
Назарзода А.Н., Прокурори вилояти Хатлон,мушовири адлияи дараҷаи 1
















