20:02:33 01-уми Майи 2026 сол

“Ҷаҳли мураккаб ва ё модари бачакуш!”

Санаи 21-уми июни соли 2025, тахминан соати 19:30 дақиқа, воқеъ дар ноҳияи Қубодиён, Ҷамоати деҳоти Вобканд, деҳаи Лайлакон дар манзили истиқоматии оилаи Хомидотҳо байни фарзанди хурдсоли Бозорова Ю.М.- Хомитзода Муҳаммад Умеджон ва бародари хурдсоли шавҳараш - Хомитов Абдулҳомит Панҷибоевич ҷанҷол ба амал омада, дар ин асно Бозорова Ю.М. фарзандашро сарзаниш ва латукӯб кардааст, ки ин ҳолатро падари шавҳараш Хомитов Панҷибой Тоирович мушоҳида намуда, ба ӯ эрод гирифта, сарзаниш ва таъкид кардааст, ки фарзандонашро барои чунин як муноқишаи кӯдакона озор надиҳад.

jahli modar 2154545454Бозорова Ю.М. аз эрод ва сарзаниши падари шавҳараш Хомитов П.Ҷ., ба ғазаб омада, худро таҳқиршуда шуморида, аз рӯи кина ва бо мақсади ба вуҷуд овардани фоҷиа, ба ин васила, гирифтани интиқоми худ барои эроду сарзаниши хусураш Хомидов П.Ҷ., қасди куштори ду шахс ё бештар аз он, яъне фарзандони хурдсолаш - Хомитзода Мухаммад Умиджони 5 сола, Хомитзода Исо Умиджон 3 сола ва Хомитова Хатича Умиджоновнаи 4-моҳаро намуд.

Ӯ бо мақсади ноил шудан ба қасди ҷиноятии худ, фарзандонашро ба ҳуҷраи хобаш дароварда, фарзанди хурдиаш Хомитова Х.Т.-ро ба гаҳвора баста, аз ошхонаи манзили истиқоматиаш як адад корди хоҷагиро гирифта, онро дар зери остини куртааш пинҳон намуда, ба ҳуҷраи мазкур даромада, дари ҳуҷраро аз дохил маҳкам намуд. Дар ҳамин лаҳза шавҳараш Ҳомитов Умеджони Панҷибой низ ба манзили истиқоматиашон омада, дари ҳуҷраи хобашро куфт. Бозорова М.Ю. бо мақсади пай набурдани шавҳараш аз нақшаи таҳрезикардаи ӯ, корди мазкурро дар болои ҷевон гузошта, дари ҳуҷраи хобашро барои шавҳараш кушод.Ҳангоми вориди ҳуҷраи манзили истиқомати гардидани шавҳараш Хомитов У.П. фарзанди калониаш Хомитзода М.У. ба падараш гуфт, ки модараш ӯро лату кӯб кардааст. Сипас, Хомитов У.П. фарзандонаш Хомитзода М.У. ва Хомитзода И.У.-ро ба саҳни ҳавлӣ бароварда, худаш баромада рафт.

Сипас, Бозорова Ю.М. пас аз рафтани шавҳараш тахминан соати 23:00 ҳамон шаб бо мақсади ба анҷом расонидани қасди ҷиноятии худ, яъне қасдан аз ҳаёт маҳрум сохтани фарзандонаш, онҳоро ба ҳуҷраи мазкур даровард. Ӯ корди аз ошхона овардаашро ба дасташ гирифта, ба назди фарзанди калониаш - Хомитзода Мухаммад Умиджон, ки ҳанӯз 5 сола ва дар ҳолати оҷизӣ қарор дошта, дар рахти хобаш мехобид, бо бераҳмии махсус ба узвҳои ҳаётан муҳимаш, яъне дар қисмати шикамаш 5 маротиба зарба зад.

Сипас, Бозорова Ю.М. кирдорҳои ҷиноятии худро давом дода, бо мақсади куштан ба назди фарзанди дуюмаш Хомитзода И.У., ки ҳанӯз 3 сола буда, дар ҳолати оҷизӣ қарор дошт ва дар назди гаҳвораи хоҳараш нишаста, машғули ҷунбонидани гаҳвора буд, омада бо бераҳмии махсус бо корди дар дасташ буда ба шикам, ба узвҳои ҳаётан муҳимаш 5 маротиба зарба зад. Боз Бозорова Ю.М. амалҳои ҷиноятии худро идома дода, бо мақсади ноил шудан ба мақсади ниҳои худ, яъне куштори ду шахс ё бештар аз он, пас аз содир намудани сӯиқасди куштори писаронаш Хомитзода М.У. ва Хомитзода И.У. ҳамон лаҳза ба назди духтарчааш Хомитова Х.У., ки 4 моҳа ва дар ҳолати оҷизӣ қарор дошта, дар гаҳвора мехобид, бандинаи болои шикамашро кушода, бо берахмии махсус, бо корди дар дасташ буда ба узвҳои ҳаётан муҳимаш, яъне дар қисмати шикамаш 3 маротиба зарба зад.Баъдан, Бозорова Юлдуз Мусурмонхужаевна бо мақсади худро аз ҷавобгарии ҷиноятӣ озод намудан ва тарсонидани аҳлу оилаашон бо корди дар дасташ буда, қисматҳои шиками худро ярадор намудааст.

Бо сабабҳои ба Бозорова Ю.М. вобаста набуда, яъне аз ҷониби дигарон ба беморхона дастрас шудани Хомитзода М.У. ва Хомитзода И.У. аз марг наҷод дода шудани номбурдгон, Бозорова Ю.М. қасди ҷиноятии худро то ба охир расонида натавонист.

Аз ин ҳолат аъзои оилаашон хабардор шуда, онҳоро ба Беморхонаи марказии ноҳияи Шаҳритус интиқол додаанд.

Дар Беморхонаи марказии ноҳияи Шаҳритус ҳангоми табобат хурдсол Хомитова Х.У. дар натиҷаи бардоштани ҷароҳатҳои ҷиддӣ ва зарари вазнини ҷисмонӣ 5-уми июли соли 2025 вафот намудааст.

Тафтишоти пешакии ин парвандаи ҷиноятӣ аз ҷониби прокуратураи ноҳияи Қубодиён бо сифат ва дар мӯҳлат ба анҷом расонида шуда, баъди тасдиқи фикри айбдорӣ аз тарафи прокурори вилоят, мушовири адлияи дараҷаи 1 Назарзода А.Н. барои баррасӣ ба суди вилояти Хатлон ирсол карда шуд.Айбдоркунии давлатӣ аз тарафи прокурори шуъбаи назорати қонунӣ будани санадҳои судӣ бо парвандаҳои ҷиноятӣ дар судҳои прокуратураи вилояти Хатлон, мушовири адлияи дараҷаи 3 Ҳусейнзода Э.С. ба таври касбӣ анҷом дода шуд.

Новобаста аз ин даст доштани судшаванда дар содир намудани ҷинояти мазкур бо нишондодҳои ҷабрдидагон, намояндаи ҷабрдидагон, шоҳидон, протоколи гузаронидани санҷиши нишондод дар ҷои ҳодиса, хулосаи экспертизаҳои судӣ-тиббӣ, хулосаи экспертизаи судӣ-тиббӣ иловаги, хулосаи экспертизаҳои судӣ-равонпизишкӣ, хулосаи экспертизаи криминалистӣ, хулосаи экспертизаи тибби-суди биологӣ, хулосаи экспертизаи физикӣ-техникӣ, хулосаи экспертизаи психологӣ тасдиқи худро ёфтааст.

Судшаванда Бозорова Ю.М. вобаста ба бегуноҳии худ ягон ваҷҳ пешниҳод накарда натавонист.

Вобаста ба мукаллафии судшаванда Бозорова Ю.М. шубҳа мавҷуд нест.

Аз ҷониби мақомоти пешбурди тафтиши пешакӣ кирдорҳои Бозорова Ю.М. бо моддаҳои 32 қисми 3-104 қисми 2 бандҳои “а,в,е” ва 104 қисми 2 бандҳои “а,в,е” КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинишуда, ки он ҷавобгарии ҷиноятиро барои одамкуши ва суиқасди одамкушӣ, яъне суиқасди аз ҳаёт маҳрум сохтани ду шахс ё бештар аз онро муқаррар мекунад, дуруст банду баст карда шудааст. Судшаванда Бозорова Ю.М. дар маҷлиси судӣ бо айби ба ӯ эълонкардашуда, худашро пурра гунаҳгор ҳисобида аз кардааш пушаймонӣ изҳор намудааст.

Бо ҳукми суди вилояти Хатлон аз 19 сентябри соли 2025 Бозорова Юлдуз Мусурмонхужаевна бо моддаҳои 32 қисми 3-104 қисми 2 бандҳои “а,в,е” ва 104 қисми 2 бандҳои “в,е” КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон гунаҳгор дониста шуда, дар асоси қисми 3 моддаи 67 КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон барои маҷмӯи ҷиноятҳо бо роҳи қисман зам кардани ҷазоҳои таъиншуда, ба Бозорова Ю.М. ҷазои ниҳоӣ дар намуди маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати 28 сол бо адо дар колонияи ислоҳии дорои низомаш умумӣ таъин карда шудааст.

Баъди шинос гаштан бо маводҳои қабати парвандаи ҷиноятӣ ва ҳукми суд кас ба андеша рафта бу худ савол медиҳад: Сабаби ин ҷаҳли мураккаб дар чист?!

Меандешам, ки яке аз сабабҳои асосиии ҷаҳли мураккаб ин то андозе бесаводӣ ва тарбияи дуруст надидан дар хонаи падарии ин модари бачакуш шояд нуҳуфта бошад.Тарбияи дурусти фарзанд дар хонаи падарӣ ва омӯзондани одобу ахлоқ ва сайқал додани иродаи фарзанд, тайёр намудани фарзанд ба ҳаёти мустақилонаи оянда метавонад,ки пеши роҳи чунин омилҳои номатлубу даҳшатнокро аз ҷонибӣ чи марду чи зан пешгирӣ намояд.Модарро силаи раҳм меноманд.Канӣ он арзиши баланди ин сухан,ки онро офаридгори замину замон барои зан-модар арзонӣ додааст?!

Меандешам, ки нодони ва ҷаҳли мураккаби инҷо падидомада, ин аъмоли худовандиро низ бо нишондоди андешаи аҳриманӣ дар чунин ҳолат ба қафо мепартояд ва кори сиёҳи худро анҷом медиҳад.

Давр ин асос падару модарон ба саводнок шудани фарзандон лоақал дар доираи таълимоти мактаби таҳсилоти миёнаи умумӣ бояд чора андешанд. Зеро чун духтарон ин модарони ояндаи Тоҷикистони азизанд ва модари босавод ҳатман дар тарбияи фарзандони босаводу боодоб ва солим , ки оянда фахри миллату давлат мешаванд нақши мондагори худро хоҳанд гузошт(ин андеша ба писарон низ таалуқ мегирад).

Дар ҳамин асос аст, ки Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳар як вохӯрӣ ва сӯҳбатҳояш ба маърифтноку босавод намудани фарзандон ва алалхусус духтарон диққати махсус дода, оиди босавод намудани бонувон, духтаракон- модарони ояндаи миллат андешаҳои жарферо изҳор медорад.

Ҷаҳлу ғазаб, ин хислати табии инсоният аст, вале шахси оқил ,ҳамон фардест, ки ин омили бисёр баду хӯи ваҳшигиро, ки аз замони ҷангалнишин будани гузаштагони дури инсоният ба мерос гирифтааст, тавонад аз тинати худ дар лаҳзаи даркорӣ дур намудаву андешаи инсонпарваронаро дар қалбаш ҷой диҳад, зеро ин омили бисёр даҳшатнок ва аҳриманӣ дар як лаҳза аз андешаи инсон мегузарад ва метавонад инсонро ба бадбахтиҳои зиёде гирифтор намояд. Он вақт дигар пушаймонӣ суд надорад. Иродаи ин гуна шахсон ниҳоятдараҷа суст аст ва онҳо дар лаҳзаи амалӣ намудани кирдори ғайриинсони худ гӯё аз чизе ва ҳатто аз марг низ парвое надоранд, вале факту далелҳои чунин ҷиноятҳо гувоҳӣ ҳоланд, ки маҳз ҳамин гуна инсонҳо аз ҷони худ метарсанд ва дар лаҳзаи охирон дигаронро ба он дунё фиристода, худ ҷонҳавла ба ресмони ҳаёт мечаспанд ва мисолҳои ннҷо зиёданд. Чанд сол муқаддам чунин амали зишт бар асари гӯё рашки зиёд аз ҷониби бонуе аз ноҳияи Кӯшониён сар заду чанд фарзандро ба коми оташ доду худро баъдан аз оташ раҳо кард, чун фаҳмид,ки ҷон бисёр ширин аст. Ё мисоли дигар боз боуне аз ноҳияи Фархор аст, ки чор фарзандашро ғарқ карду худ ҷонҳавла шино карда, аз коми дарёи Сурхоб ҷонашро халос кард.

Ба ҳамин хотир инсон бояд пеш аз ба кору амале даст задан андешаи жарфе дошта бошад ва пеши рохи хашму ғазабро то тавонад гирад.Академик Юсуфшоҳ Ёқубӣ зимни ҳафриёт дар харобаҳои Хулбуки қадима шоҳкосаеи зебои қадимаеро пайдо намуда буд, ки онҷо бо ҳуруфоти ниёгонамон ин суханони ҳикаматангез сабт ёфта буданд: “Хашм нишонаи бохтан аст!”

Оре ин сухани 1000 сол пеш гуфташуда, ҳикамати бас азиме дар паси сояи худ дорад. Бубинед, ҳамин Бозорова Юлдуз гумон мекунам, ки дар зиндагӣ ҳама чизро қариб бой дод ва илова бар ин то абад номаш “модари бачакуш” боқӣ хоҳад монд.

Аз ин рӯ муроҷиати ман ба бонувони ҷавон, падару модар, ҳамдеҳагону ҳамсоягон, омӯзгорон, табибон, рӯҳониён ва дигар қишрҳои аҳли зиё ин аст, ки ба ин масъалаи нозуки ҳаётӣ диққат диҳанд ва барои пешгирии омилҳои ваҳшиёнаи хашму ғазаб, ҷаҳли мураккаб,ки боиси шакасту рехти як оила ва ҳатто як авлоду деҳа низ шуда метавонанду ҷомеъаро такон медиҳанд ҳама вақт бо фалсафаи баланди миллати мо.ки мақсадаш накӯӣ ва озодгист кор гиранд.

Аз асарҳои нухбагони миллат мисли устодон Рӯдакӣ, Фирдавсӣ, Носири Хусрав,Сино, Хайём, Саъди Ҳофиз, Мавлои Балху “Маснавии маънвӣ”, А.Ҷомӣ ва дигар навиштаҳо пайваста истифода намоянд, то чунин омилҳои фоҷиабор дар ҷомеъаи Тоҷикистон рух надихад.

Варқаи Зайниддин, ёвари калони прокурори вилоят, мушовири адлияи дараҷаи 1

 

Назари Шумо

Security code
навсозӣ