20:02:31 01-уми Майи 2026 сол

“Оташ ба ҷони инсон мезанад як бешараф!”

Дар рафти тафтишоти пешакӣ муайян карда шудааст, ки шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон Боқиев Муҳриддин Музафарович, соли таваллудаш 2002, зода ва истиқоматкунандаи ноҳияи Ҷ.Балхӣ, ки пеш бо ҳукми суди ҳарбии гарнизони Хатлон моҳи августи соли 2022 бо моддаи 376 қисми 2 КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон (саркашӣ аз иҷрои вазифаҳои хизматӣ бо роҳи расонидани зарар ба худ (узвмаибкунӣ) ё саркашӣ бо бемории сохта ва ё фиреби дигар) нисбаташ ҷазои маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати 2 сол таъин карда шуда, моҳи июни соли 2024 аз адои ҷазо озод гардида, аз ин хулосаи зарурӣ набароварда,дар ҳолати ретсидив, ҷиноятҳои қасдонаи куштори шахсро дар ҳолати оҷизӣ, бо бераҳмии махсус, бо нияти ғаразнок ва қасдан несту нобуд ё вайрон кардани молу мулки ғайр бо роҳи расонидани зарари ҷиддӣ содир кардааст.

laanatkarda 6556523256454Мавсуф ҳангоми дар ноҳияи Ҷ.Балхӣ қарор доштанаш санаи 10-уми апрели соли 2025 дар ҳудуди бозори марказии ноҳияи Ҷ.Балхӣ бо шаҳрванд Сангинов Давронҷон Бозорбоевич, соли 1986, сокини ноҳияи Ҷ.Балхӣ, ки номбурдаро қаблан аз соли 2016 ҳамчун аробакаш мешинохтааст, вохӯрда аз вай маблағи пулӣ дар ҳаҷми 15000 сомонӣ пурсон шуда, рақамҳои корти пластикиашро додааст. Дар як вақт ба Сангинов Д.Б. ваъда додааст, ки ӯро ба вилояти Суғд ва ё Федератсияи Россия бурда, ҳарду ҳамчун мардикор якҷоя кор карда, маблағи хуб ба даст меоранд.

18 апрели соли 2025 Боқиев М.М. бо нияти ғаразноки ба даст овардани маблағ ва дар оянда барнагардонидани маблағи гуфтааш, яъне баъди аз тарафи Сангинов Д.Б. ба корти пластикиаш гузаронидани маблағ, нақшаи бо роҳи оташ задан, куштани номбурдаро дар талу тепаҳои ноҳияи Ҷ.Балхӣ таҳрезӣ намудааст.

Сипас ӯ худи ҳамон рӯз, бо мақсади амалӣ намудани нақшаи ҷинояткоронаи худ, ба бозори марказии ноҳияи Ҷ.Балхӣ рафта, як ҷуфт дастпӯши рангаш сиёҳи резинӣ харидорӣ кардааст.Боқиев М.М. баҳри амалӣ намудани нақшаи пешакӣ таҳрезигардидааш рӯзи 19 апрели соли 2025 аз манзили истиқоматиаш дастпӯши резинии қаблан харидорикардаашро бо як адад оташфурӯзонак (Зажигалка) гирифта, дар ҷайбаш гузошта, ба нуқтаи фурӯши сузишвории ҶДММ “Меҳроби Одина”, ки дар шоҳроҳи шаҳраки Балхи ноҳияи Ҷ.Балхӣ ҷойгир аст, рафта, ба маблағи 20 сомонӣ 1,5 литр сӯзишвории навъи “Бензин” харидорӣ карда, ба тарафи бозори марказии ноҳияи Ҷ.Балхӣ рафта, ба Сангинов Д.Б. занг зада, аз охирон гузаронидани маблағи гуфтаашро хоҳиш намудааст.

Баъдан, худи ҳамон рӯз Боқиев М.М. бо Сангинов Д.Б. вохӯрда, маслиҳат карда, аз рӯи хоҳишу илтимоси Боқиев М.М. ба хулоса омадаанд, ки ягон хӯрока ва нӯшокӣ бо худ гирифта, якҷоя ба тарафи кӯҳу пуштаҳо рафта, истироҳат менамоянд. Боқиев М.М. бошад, ба маблағи тахминан 52 сомонӣ хуришҳои тезтаёр, самбӯса, ҳасиб, хот-дог ва шарбат харидорӣ намуда, маводҳои харидорӣ кардаашро бо худ гирифта, Сангинов Д.Б.-ро бо роҳи фиреб тавассути роҳи пиёдагард ва мошингузар аз назди бозори ҶДММ “Баҳор” ба талу теппаҳои деҳаи А.Дӯстов, Ҷамоати деҳоти Ҳалевард, ноҳияи Ҷ.Балхӣ бурдааст.

Ҳангоми дар талу теппаҳои дар суроғаи боло зикр қарор доштанашон, онҳо маҳсулоти бурдаашонро қисман истеъмол карда, Боқиев М.М. бо мақсади амалӣ намудани нақшаи таҳрезинамудааш, яъне қасдан аз ҳаёт маҳрум сохтани Сангинов Д.Б. аз номбурда бо роҳи фиреб , телефони мобилии шахсии вайро гирифта, дар ҷайбаш гузошта, дастпӯши бо худ пинҳондоштаашро пӯшида, бо дастонаш ба сару рӯй ва аъзои бадани Сангинов Д.Б. якчанд маротиба зарба задааст, ки дар натиҷа Сангинов Д.Б. ба замин афтида, тахминан 10-12 метр ба поёни пастхамиҳо афтида беҳуш гардидааст.

Боқиев М.М. дидаю дониста, ки Сангинов Д.Б. дар ҳолати беҳушӣ ва оҷизӣ қарор дорад, эшонро аз замин бардошта, дар чуқурии обшустаи тахминан 5-6 метри ҳамин талу теппа партофта, маводи сӯзишвории навъи “Бензин”-и харидаашро ба аъзои бадани Сангинов Д.Б. рехта, бо як сангдилӣ ва бераҳмии махсус охиронро оташ зада ба ҳалокат расонидааст.

Баъди куштори Сангинов Д.Б бо бераҳмии махсус ба маркази ноҳия омада, аз нуқтаи мубодила (банкомат)-и бо корти пластикиаш маблағи 12100 сомонии аз тарафи Сангинов Д.Б. гузаронидаро қабул карда, дар манфиати шахсиаш истифода кардааст.

Ғайр аз ин, Боқиев М.М. кирдорҳои ҷинояткоронаи худро давом дода, телефони мобилии Сангинов Д.Б.-ро бо симкорташ, ки 1000 сомонӣ арзиш дошт, шикаста несту нобуд карда, ба канали обгузари назди манзили истиқоматӣ партофта, бо ин кирдори худ ба номбурда зарари ҷиддӣ расонидааст.

Ҷинояти мазкур аз тарафи кормандони прокуратураи вилоят ва прокуратураи ноҳияи Ҷ.Балхӣ ба таври қасбӣ дар як давраи кӯтоҳ кушода шуда, тафтишоти пешакии он аз тарафи муфаттиши калони прокуратураи ноҳияи Ҷ.Балхӣ, мушовири адлияи дараҷаи 3 Раҳимзода Ҳусейнҷон ба таври касби ба анҷом расонида шуда, бо тасдиқи фикри айбдорӣ аз тарафи прокурори вилоят, мушовири адлияи дараҷаи 1 Назарзода А.Н. барои баррасӣ ба суди вилояти Хатлон ирсол карда шуд, ки айбдоркунии давлатиро прокурори шуъбаи назорат аз болои қонунӣ будани баррасии парвандаҳои ҷиноятӣ дар судхои прокуратураи вилоят, ҳуқуқшиноси дараҷаи 1 Исматзода Амирҳамза бо як касбияти баланд ба анҷом расонид.

Боқиев Муҳриддин Музафарович дар маҷмӯъ ҷиноятҳои дар моддаҳои 104 қисми 2 бандҳои “в, “е”, и” КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинишударо ки он ҷавбогарии ҷиноятиро барои одамкушӣ, яъне қасдан аз ҳаёт маҳрум сохтани одами дигар, ё шахсе, ки дар ҳолати оҷизи қарор доштани ӯ барои гунаҳгор аён аст, бо бераҳмии махсус, одам бо нияти ғаразнок ва 255 қисми 1 КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинишударо дар ҳолати ретсидив содир намуд, ки он ҷавбогарии ҷиноятиро барои қасдан несту нобуд ё вайрон кардани молу мулк, бо расонидани зарари ҷиддӣ, муқаррар менамояд.

Бо ҳукми суди вилояти Хатлон аз 28 августи соли 2025 Боқиев М.М. бо моддаҳои зикршудаи КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон гунаҳгор дониста шуда,аз рӯи маҷмӯъи ҳукмҳо бо роҳи қисман зам кардани ҷазо бо ҳукми суди ҳарбии гарнизони шаҳри Бохтар, ба ӯ ҷазои ниҳоӣ дар намуди маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати 25 сол бо адо кардани ҷазо дар колонияҳои ислоҳии дорои низомаш сахт таъин карда шуд.

Баъди шинос шудан бо маводҳои қабати парвандаи ҷиноятӣ кас ба андешаи амиқ фурӯ меравад, ҷавони 23 солаи аз сад гул як гулаш нашкуфта,ки вақти хизмат ба Ватан-Модар ва ҷомеъаи азизи кишвараш аст, дар артиш бо мақсади саркаши кардан аз вазифаи муқаддастарин ва шарифтарин барои инсоният ва хосатан ҷавонмардон худро маъиб мекунад. Барои ин амали ноҷавонмардона ва нангин ба ҷазои ҷиноятӣ кашида шуда паси панҷара меравад,ҳоло он, ки бо он нерӯи ҷавонӣ бояд бо либоси шинами ҳарбӣ ва зебанда зери прчами зебои Тоҷикистони азиз бояд дар хизмат мебуд. Баъди чанде аз онҷо ба озодӣ мебарорад ва аз ин амал хулосаи даркорӣ набароварда, як ҷавони оддии 38 солаи аробакашеро, ки бо аробааш бори рӯзгори як оиларо мебардошт бо фиреби дарёфти маблағи пулӣ ба ҳалокат мерасонад ва оилаеро бе саробон ва фарзандонеро бе падар,бонуеро бешавҳар, падару модареро бе фарзанд мегардонад.

Хостам ба аъмол ва тинати ин шахс баҳое гузорам ва аз ибораи “лаънаткарда” барои чунин шӯрапушт номи “накӯтаре” пайдо накардам.

Оре, саркашӣ аз хизмати Модар-Ватан, ки қарзии фарзандии мост ин шахсро барои як умр лаънаткарда гардонид ва кирдори ҷинояти баъдинааш куштораш низ ин лаънати Модар-Ватан аст, ки кунун солҳои беҳтарини ҳаёташро пушти панҷара хоҳад гузаронид!

Варқаи Зайниддин, ёвари калони прокурори вилояти Хатлон,мушовири адлияи дараҷаи 1

 

Назари Шумо

Security code
навсозӣ