АФЗОИШИ БАҲОИ БАРҚ: АРМУҒОНИ СОЛИ НАВ?
Аз имрӯз, якуми январ баҳои барқ дар Тоҷикистон 25 дарсад афзоиш ёфт. Ҳамакнун истифода аз як килувот соъат нерӯи барқ барои сокинон аз 7,5 дирам то 10 дирам боло рафтааст. Ба эътиқоди коршиносон, чунин афзоиши қимати барқ вазъи иқтисодии хонаводаҳои фақири тоҷикро душвортар месозад.
Ба гуфтаи масъулони ширкати “Барқи тоҷик”, интизор меравад дар соли ҷорӣ баҳои барқ барои сокинони Тоҷикистон дар маҷмӯъ то 14 дирам ё 3,4 сенти омрикоӣ афзоиш ёбад. Барои бори нахуст нест, ки дар нахустин рӯзи соли нав дар Тоҷикистон баҳои барқ афзоиш меёбад. Ба гуфтаи Сафаралӣ Саъдулоев, муъовини раиси ширкати “Барқи тоҷик”, яке аз далоили ин амр тақозои созмонҳои байналмилалии молӣ барои боло бурдани арзиши барқ дар Тоҷикистон будааст.
Ба гуфтаи вай, арзонии нерӯи барқ дар Тоҷикистон ба камтаваҷҷуҳии сармоягузорони хориҷӣ ба тарҳҳои энержии ин кишвар мунҷар мешудааст. Вай афзуд, ки ҳатто бо дарназардошти афзоиши имрӯзи баҳои барқ, қимати он аз пасттарин қиматҳо барои нерӯи барқ дар ҷаҳон боқӣ мемонад.
Аз сӯйи дигар, гуфта мешавад, ки ширкати “Барқи тоҷик” муваззаф аст эътиборотеро, ки барои бозсозии системии энержии кишвар дарёфт кардааст, бозпардохт кунад ва ин амр бидуни боло бурдани қимати нерӯи барқ ғайримумкин будааст. Пас суоли матраҳ ин аст, ки то чанд соли қабл эълом шуда буд, ки созмонҳои молии байналмилалӣ ба афзоиши баҳои як килувот соъат барқ то 2,5 сенти омрикоӣ алоқаманд буданд.
Ҳамакнун гуфта мешавад, ки қимати он то 3,4 сент афзоиш хоҳад ёфт. Талошҳои мо барои дарёфти посухи ин суол дар намояндагиҳои созмонҳои молии байналмилалӣ бенатиҷа анҷом ёфт. Танҳо манобеъи дафтари Бонки Ҷаҳонӣ дар Тоҷикистон изҳор доштанд, ки чунин пешниҳодеро ба давлати Тоҷикистон ироа накардаанд.
Вале Сафаралӣ Саъдуллоев мегӯяд, ки ба далели пойин будани арзиши барқ дар Тоҷикистон, ширкати “Барқи тоҷик” бо мушкилоти молӣ рӯбарӯст. Ба унвони мисол, ин ширкат наметавонад ҳатто арзиши барқи тавлиди нерӯгоҳи Сангтӯда-1-ро, ки 75 дарсади саҳоми он моли Русия аст, пардохт кунад.
Тибқи иттилоъи манобеъи расмӣ, “Барқи тоҷик” ҳоло нерӯи барқи тавлидшуда дар ин нерӯгоҳро бо қимати ҳудуди ду сенти омрикоӣ харидорӣ мекунад ва ба эътиқоди коршиносон, бо дарназардошти афзоиши феълии нерӯи барқ дар Тоҷикистон, ин ширкат набояд дар пардохти он бо мушкиле мувоҷеҳ бошад.
Ин дар ҳолест ки соли гузашта бо дархости созмонҳои молии байналмилалӣ вазъи молии “Барқи тоҷик” мавриди бозрасӣ қарор гирифта буд. Тибқи иттилоъи масъулони дафтари Сандуқи Байналмилалии Пул дар Тоҷикистон, дар пайи ин бозрасӣ мушкилоти фаровоне дар бахши муҳосиботи ин ширкат ошкор шудааст.
Дар ҳамин ҳол, қимати барқ танҳо барои сокинон 10 дирам муқаррар шудааст. Аз аввали январ арзиши барқ барои корхонаҳои санъатӣ 15,4 дирам, барои муасиссоти давлатӣ то 20 дирам ва барои ширкатҳои хусусӣ аз ин бештар муқаррар шудааст, ки дар маҷмӯъ бештар аз чаҳор сенти омрикоӣ аст.
Давлати Тоҷикистон танҳо барои ширкати олуминиюми ин кишвар, Талко, ва системи обёрии мазореъи кишоварзӣ дар мавриди пардохти баҳои барқ имтиёзоте қоил шудааст. Бо ин вуҷуд, дар муқоиса бо соле қабл барои онҳо низ арзиши барқ ба таври қобили мулоҳизае афзоиш ёфтааст. Аз сӯйи дигар, мақомоти тоҷик иддаъо доранд, ки махориҷи тавлиди барқ дар нерӯгоҳҳои ин кишвар арзонтарин дар ҷаҳон аст.
Бо дарназардошти ин нукта, соҳибназарон мегӯянд, ки давлати Тоҷикистон бояд аз афзоиши минбаъдаи нерӯи барқ барои сокинон худдорӣ кунад. Зеро вазъи иқтисодии мардуми ин кишвар, ки беш аз ними онҳо зери хатти фақр қарор доранд, ҳамчунон нигаронкунанда боқӣ монда ва онҳо тавони пардохти қимати бештари нерӯи барқро надоранд.
Тибқи омори расмӣ, ҳоло мизони ҳуқуқи мутавассит дар Тоҷикистон ҳудуди 270 сомонӣ аст. Вале дар ҳамин ҳол, бештари сокинони Душанбе, ки ба сурати шабонарӯзӣ аз нерӯи барқ бархурдор ҳастанд, то ҳол ба сурати мутавассит моҳиёна то сад сомонӣ барои истифода аз барқ пардохт мекарданд.
Би-Би-Си
Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/ijtimo/1453-afzoishi-bahoi-bark-armughoni-soli-nav.html