13:59:13 02-уми Июни 2025 сол

ЗАМИНЛАРЗА ДАР ВАНҶ ХИСОРОТЕ БАР ҶО ГУЗОШТ

Заминларзае шадид дар ноҳияи Ванҷи вилояти кӯҳистонии Бадахшон, хисороти ҳангуфте дар бархе аз деҳоти ин ноҳия бар ҷо гузоштааст. Пажӯҳишгоҳи заминшиносии Омрико шиддати ин заминларзаро 5,3 дараҷаи Риштер арзёбӣ кардааст. Ин заминларза соъати 7:15 субҳи рӯзи шанбе рух дод ва маркази он дар 80-килуметрии шимоли шаҳри Хоруғ, дар 155-килуметрии шимолу шарқи шаҳри Кӯлоб ва дар 235-килуметрии шарқи шаҳри Душанбе, дар ноҳияи Ванҷ воқеъ будааст.

 

Юсуфҷон Исҳоқов, масъули умури изтирории ноҳияи Ванҷ, ба Би-би-сӣ гуфт, ки ин ҳодиса талафоти ҷонӣ дар пай надошт, вале дар асари заминларза дастикам даҳ хона дар ҷамоъати деҳоти Ванҷ ва Язғулом, умдатан дар рустоҳои Панҷшанбеобод, Гишхун, Рохарв, Роғ бакуллӣ хароб шудаанд. Ба гуфтаи вай, бисёре аз манозили дигар ҳам дар ин маҳаллот қисман хароб шудаанд ва девори сохтмони як маркази беҳдоштӣ дар ҷамоъати Ванҷ низ фурӯ рехтааст.

 

Гуфта мешавад дар ҷамоъати деҳоти Ванҷ 1400 хонавода зиндагӣ мекунанд ва гуфтаи оқои Исҳоқов, "дар ин ҷо касе нест, ки аз харобӣ ё фурӯ рехтани девори хонааш шикоят накунад." Оқои Исҳоқов ҳамчунин хабар дод, ки дар асари заминларза ҳудуди дувуним килуметр аз хутути иртиботӣ гусаста ва 13 тири (симчӯби) барқ шикастааст. Ҳамчунин 17 сар ҷонвари аҳлӣ талаф шудааст.

 

Гузашта аз ин, дар се маҳал, дар рустоҳои Хехак, Турғак ва Даштак сангрезаҳо роҳҳои мошингардро масдуд кардаанд ва кормандони маҳаллӣ ба тоза кардани роҳ машғуланд. Хабаргузории "Asia-Plus" пештар аз қавли Азимҷон Шамсиддинов, муъовини раиси ноҳияи Ванҷ хабар дода буд, ки дар ин ҳодиса наздики 20 ҳазор аз мардуми маҳаллӣ осеб дидаанд.

 

Ин манбаъ гуфта буд, ки хонаҳои мардум дар бархе аз рустоҳои ин ноҳия, аз ҷумла дар Гишхун ва Роғ, "қисман хароб шудаанд" ва "бархе аз ин хонаҳо дигар қобили тармим" нестанд. Шиддати заминларза дар ноҳияи Рӯшон низ маҳсус буда ва мардуми маҳаллӣ дар ноҳияҳои Ванҷу Рӯшон мегӯянд, ки ҳангоми зилзила аз хонаҳои худ берун рафтаанд. Бархе аз манобеъ дар ноҳияи Ванҷ аз захмӣ шудани теъдоде афрод ҳам дар ин заминларза хабар додаанд, вале ин хабар ба таври расмӣ таъйид нашудааст.

 

Ба гуфтаи манобеъи маҳаллӣ, ҳамакнун кумисиюне муташаккил аз мақомоти маҳаллӣ ва кормандони умури изтирорӣ дар ноҳияи Ванҷ ба арзёбии мизони хисороти ворида аз заминларза машғӯл аст. Вилояти кӯҳистонии Бадахшон, ки дар шарқи Тоҷикистон воқеъ аст, аз манотиқи зилзилахез дар минтақа ба шумор меравад. Мардуми инҷо зилзилаҳои шадидеро дар тӯли таърих шоҳид будаанд.

 

Аз ҷумла зилзилае ба шиддати 7,4 дараҷаи Риштер дар соли 1911 мунҷар ба зери кӯҳпора мондани рустое дар минтақаи Сарез шуд, ки дар асари он дастикам 90 нафар талаф шуданд. Дар пайи ин ҳодиса рустои дигаре ба номи "Сарез" низ зери об монд ва дарёчае ба вуҷуд омад, ки Сарез ном гирифта ва садди ин дарёча ҳамчунон хатароте ба ҳамроҳ дорад.

 

Би-Би-Си

Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/ijtimo/1459-zaminlarza-dar-vanj-khisorote-bar-jo-guzosht.html

Назари Шумо

Security code
навсозӣ


sultoni-qalbho
 
taronahoi jovidonai ahmad zohir 2025

lohuti ohangsoz ham bud

ahmad zahir va musiqii gharb 45458754
 
askshoi-khotiravi
 
rudaki chang bigriftu 12214554
 
payvandi ahmad zahir bo mavlavi 548787
 sultoni qalbho qismi duvvum 4544854