ЭҲТИМОЛИ ФАВТИ ДАҲ НАФАР АЗ ЗУКОМИ ХУКӢ
Вазорати беҳдошти Тоҷикистон мегӯяд, ки мавориди сабтшудаи ибтило ба зукомӣ хукӣ дар ин кишвар ба 19 адад расидааст. Ҳамчунин намунаҳои хуни 35 тани дигар, аз ҷумла 10 бемор, ки ҷонҳои худро аз даст додаанд, ба гумони ибтило ба зукоми хукӣ ё вируси H1N1 ба Русия фиристода шудаанд.
Аз ин даҳ нафар, ки дар моҳи декабр дар Тоҷикистон ҷонҳои худро аз даст додаанд, панҷ нафарро занони ҳомила ташкил медиҳанд. Наврӯз Ҷаъфаров, раиси идораи беҳдоштию ҳамагиршиносии Вазорати беҳдошти Тоҷикистон, рӯзи сешанбеи 5-уми январ ба Би-би-сӣ гуфт, ки намунаҳои хуни 25 нафар, ки бо нишонаҳои зукоми хукӣ дар бемористонҳои Тоҷикистон бистарӣ шудаанд, ба озмоишгоҳҳое дар шаҳрҳои Сан-Питерзбург ва Маскави Русия фиристода шудааст.
Оқои Ҷафаров гуфт: “Мо намунаҳои хуни чаҳор нафар аз занони ҳомилаеро, ки дар зоишгоҳи рақами якуми шаҳри Душанбе фавт карданд ва ҳамчунин шаш нафари дигар, аз ҷумла ду нафар аз устони Суғд, ду нафар аз Бадахшон ва якнафарӣ аз навоҳии Турсунзодаву Ёвонро, ки дар моҳи декабр ҷонҳои худро бо нишонаҳои ибтило ба бемории зукоми хукӣ аз даст доданд, ба Русия фиристодем."
Вай афзуд: "Ҳоло мо мушаххас гуфта наметавонем, ки ин афрод аз бемории зукоми хукӣ даргузаштаанд. Аммо масъулони ташхисгоҳҳои Русия ба мо ваъда доданд, ки то 12-уми моҳи равон натиҷаи ин озмоишҳоро муайян карда ва ба мо ирсол мекунанд.”Оқои Ҷафаров мегӯяд, ки бо тағйироти вазъи ҳаво имкони афзоиши бемориҳои танаффусӣ ва зуком, аз ҷумла зукоми хукӣ дар Тоҷикистон, дар моҳи январ ва феврал вуҷуд дорад.
Ба гуфтаи вай, сокинони Тоҷикистон бояд барои муроқибат аз худ ва бавижа кӯдакону афроди осебпазир бархе аз муқаррароти беҳдорӣ, аз ҷумла пӯшиши ниқоб ё даҳонбандро риъоят кунанд. Ин масъули вазорати беҳдошт хӯрдани маводди муқаввӣ ва бархе аз ановини мева ва сабзиҷотро низ барои кӯдакон ва афроди солманд судманд хонд.
Вазорати беҳдошти Тоҷикистон барои мубориза бо ин беморӣ аз Созмони Ҷаҳонии Беҳдошт миқдоре воксин алайҳи зукоми хукиро дар авохири соли 2009 дархост карда буд. Ба гуфтаи масъулон, қарор аст то авохири моҳи январи соли 2010 бо кумаки ин созмон ҳудуди 700 ҳазор воксини алайҳи зукоми хукӣ ба Тоҷикистон ворид карда шавад.
Би-Би-Си
Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/ijtimo/1479-ehtimoli-favti-dah-nafar-az-zukomi-khuki.html