АРЗЁБИИ ХИСОРОТИ ЗАМИНЛАРЗА ДАР ВАНҶ
Мақомоти маҳаллӣ дар Бадахшон мизони муқаддамотии хисороти заминларзаи рӯзи шанбе дар ноҳияи Ванҷро беш аз 10 милюн сомонӣ арзёбӣ кардаанд. Ба гуфтаи Дӯстӣ Худоёров, сардори ситоди авзоъи фавқулъодаи Бадахшон, рӯзи сешанбе ҳайъате аз мақомоти маҳаллӣ ба ноҳияи Ванҷ рафтаанд ва мизони дақиқи хисороти ворида аз ин ҳодисаро баррасӣ мекунанд. Зимнан, Оқил Оқилов, нахуствазири Тоҷикистон низ ба маҳал рафтааст.
Дар ҳамин ҳол, шаби гузашта ва субҳи рӯзи сешанбе дар ноҳияи Ванҷ, дар шарқи Тоҷикистон се зилзилаи сабуки дигар рух дода, вале хисороте дар пай надоштааст. Оқила Найзабекова, як сокини рустои Гушхуни ноҳияи Ванҷ, дар суҳбате телефунӣ бо Би-би-сӣ гуфт, ки ба дунболи зилзилае, ки соъати 2-и шаби гузашта рух дод, сокинони ин русто манозили худро тарк карда ва то субҳ дар берун, дар ҳавои сард ба сар бурдаанд.
Ин зан гуфт, ки дар соъатҳои 4 ва 8 –и субҳи рӯзи сешанбе низ ларзиши замин ба мушоҳида расида ва ин вазъ дар миёни сокинон фазои тарсу ваҳшатро ба амал овардааст. Окодемисиян Собит Неъматуллоев, зилзилашиноси маъруф, ин гуна зилзилаҳоро як амри воқеъӣ хонда ва гуфт, ки умдатан пас аз зилзилаи қавӣ пасларзаҳо ё зилзилаҳои сабук зиёд рух медиҳанд.
Ба гуфтаи оқои Неъматуллоев, ҳоло дар ин минтақа бунгоҳҳои зилзиласанҷӣ, ки дар даврони Шӯравӣ фаъол буданд, хароб гардиданд ва ба ин далел пешгӯйии зилзилаю огоҳсозии мардум аз хатароти он душвор будааст. Бо таваҷҷӯҳ ба ин, ки барои тармиму бозсозии ин бунгоҳҳо ҳазинаи ҳангуфте лозим аст, ин донишманди тоҷик таъсиси бунгоҳҳои сайёр ё мобилии зилзиласанҷиро дар навоҳии вилояти Бадахшон аз роҳҳои осон ва камхарҷ арзёбӣ кард.
Дар ҳамин ҳол, сарҳанг Мунира Назариева, як асъули Кумитаи авзоъи фавқулъодаи Тоҷикистон, хабар дод, ки рӯзи гузашта идораи ин кумита дар вилояти Бадахшон ба сокинони осебдидаи ноҳияи Ванҷ ба миқдори 25 тун маводди ғизоӣ ва 50 адад хайма ирсол кардааст.
Аммо сокинони рустоҳои Гушхун ва Язғулом гуфтанд, ки то ҳол аз ниҳодҳои давлатӣ ва созмонҳои хайрия ҳеч кумаке дарёфт накардаанд. Мардихудо Қаландаров, раиси рустои Гушхун, гуфт, ки ҳоло дар минтақа барф борида ва дамои ҳаво то 30 дараҷаи сантигроди пойин рафтааст. Аз ин лиҳоз, сокинони русто бештар ба маводди сухтӣ, бахусус ба ҳезум ва ангишт ё зуғол ниёз доранд.
Оқои Қаландаров таъкид кард, ки бар асари зилзилаи рӯзи 2 январ ҳамаи 190 манзили зисти рустои Гишхун осеб дида ва сокинон дар масҷид ва мактаб ҷой гирифтаанд.
Субҳи рӯзи шанбеи 2 январ дар ноҳияи Ванҷ, воқеъ дар 235 килуметрии шарқи шаҳри Душанбе зилзилае ба шиддати 5,3 дараҷаи Риштер рух дод, ки дар асари он дар рустоҳои Ванҷ, Язғулом, Гишхун, Панҷшанбеобод, Рохарв ва Роғ 98 манзили маскунӣ комилан хароб шуда ва 1019 манзили дигар ҷиддан осеб дидаанд.
Ба гуфтаи манобеъи маҳаллӣ, ин ҳодисаи табиъӣ талафоти ҷонӣ дар пай надошта, вале беш аз 10 ҳазор нафар бидуни сарпаноҳ монда ва ба кумакҳои изтирорӣ шадидан ниёз доштаанд. Кумитаи авзоъи фавқулъодаи Тоҷикистон мегӯяд, ки ҳамакнун ҳудуди 40 созмони ғайридавлатӣ ва хайрияи байналмилалӣ омодагии худро барои ироаи кумакҳои аввалия иброз кардаанд.
Гуфта мешавад пас аз мушаххас шудани мизони дақиқи хисорот ва ниёзҳои аввалияи мардуми осебдида ироаи кумакҳо ба манотиқи осебдида шурӯъ хоҳад шуд. Зимнан, дар моҳи марти соли гузашта дар ноҳияи Ванҷ зилзилае рух дода ва дар асари он 160 манзили маскунӣ осеб дида буданд.
Би-Би-Си
Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/ijtimo/1480-arzyobii-hisoroti-zaminlarza-dar-vanj.html