МУРОФИАИ ПАЙРАВОНИ САЛАФИЯ ОҒОЗ ШУД
Мурофиаи додгоҳии 7 узви созмони Салафия дар додгоҳи ноҳияи Синои шаҳри Душанбе соати 3-и баъди зуҳри имрӯз шурӯъ шуд. Дар садри ин рӯйхат яке аз, ба истилоҳ, пешвоёни ин созмон Домулло Сироҷиддин меистад. Мурофиаи додгоҳӣ таҳти сарварии Марҳабо Турдиматов, додраси додгоҳи ноҳияи Сино, мегузарад. Аъзои ҳаракати Салафия бо моддаи 189 қисми дуюми Кодекси ҷиноии Тоҷикистон муттаҳам мешаванд.
Пайравони ҷараёни мазҳабии Салафия бо раҳбарии Домулло Сироҷиддин, имоми ба истилоҳ масҷиди салафиҳо, охирҳои моҳи июни соли гузашта дар натиҷаи як амалиёти муштараки кормандони кумитаи давлатии амнияти миллӣ ва пулиси шаҳри Душанбе дастгир шуда буданд.
Ҷараёни Салафия аввалҳои соли 2009 аз сӯи додгоҳи олии Тоҷикистон бо дархости мақомоти додситонии кулли кишвар дар Тоҷикистон мамнӯъ эълон шуд. Тибқи қонуни нав, ба кишвар ворид кардани сабту навор ва адабиёти мазҳабии марбут ба ин равия низ манъ аст ва пайравони он ба масъулият кашида мешаванд. Салафия равияест, ки дар саҳнаи мазҳабии Тоҷикистон тоза зуҳур кардааст ва раҳбаронаш шумори пайравони худ дар ин кишварро то 20 000 нафар баровард мекунанд.
«Озодӣ»
Адреси доимии маводи мазкур: http://ruzgor.tj/ijtimo/1520-murofiai-payravoni-salafiya-oghoz-shud.html