13:06:50 02-уми Июни 2025 сол

РАҲМОНОВ: ХАРИДИ САҲМИЯҲО НАБОЯД ИҶБОРӢ БОШАД

Абдуҷаббор Раҳмонов, вазири маорифи Тоҷикистон, бо муроҷиат ба раҳбарони мактабҳои олии кишвар гуфт, ки харидории саҳмияҳои Роғун аз сӯи донишҷӯён набояд иҷборӣ сурат бигирад. Ин муроҷиат дар пайи шикояти як донишомӯзи Донишкадаи ҳунарҳои зебои Тоҷикистон садо дод, ки дар мулоқот ширкат дошт. Ба гуфтаи ин донишҷӯ, бархе аз донишомӯзони ин донишкада ба далели нахаридани саҳмия ба имтиҳонҳо роҳ дода нашудаанд.

 

Абдуҷаббор Раҳмонов дар ин замина афзуд, касе ҳуқуқи маънавӣ надорад, ки донишомӯзонро барои харидории саҳмияҳо маҷбур кунад. Ба гуфтаи вазири маориф, дар ин самт миёни донишҷӯён бояд кори таблиғотӣ бурда шавад ва нафароне, ки имконият доранд, бо хоҳиши худ саҳмияҳоро харидорӣ кунанд. Гуфта мешавад, то имрӯз соҳаи маорифи кишвар ба маблағи 20 миллиону 21 ҳазор сомонӣ саҳмия харидорӣ кардааст.

 

Вазири маориф дар нишасти хабарии имрӯз ҳамчунин масъалаи қарзи донишҷӯёни бахши буҷавии макотиби олии кишварро матраҳ кард. Вай гуфт, Вазорати мориф тасмим гирифтааст, ки тавассути донишкадаву донишгоҳҳо ҳудуди 200 нафар донишҷӯёнеро, ки пас аз таҳсил аз рӯи тахассус ба кор нарафтаанд, ба додгоҳ бикашад.

 

Шаҳлои Гулхоҷа, «Озодӣ»

Адреси доимии маводи мазкур: http://ruzgor.tj/ijtimo/1522-rahmonkharidi-sahmiyaho-naboyad-ijbori-boshad.html

Назари Шумо

Security code
навсозӣ


sultoni-qalbho
 
taronahoi jovidonai ahmad zohir 2025

lohuti ohangsoz ham bud

ahmad zahir va musiqii gharb 45458754
 
askshoi-khotiravi
 
rudaki chang bigriftu 12214554
 
payvandi ahmad zahir bo mavlavi 548787
 sultoni qalbho qismi duvvum 4544854