НИШОНИ ДОСУ БОЛҒА ДАР ХУҶАНД БАРЧИДА ШУД
Мақомоти шаҳри Хуҷанд, дар шимоли Тоҷикистон, ахиран нишони бузурги дос ва болғаро, ки аз замони Шӯравӣ дар яке аз маҳаллоти марказии ин шаҳр насб шуда буд, барчидаанд. Ба гуфтаи Мурод Аҳмадов, як масъули маҳаллии корхонаи давлатии "Сарраёсати ободонӣ ва хоҷагии коммуналӣ" дар Хуҷанд, ин ёдгорӣ тавассути кормандони ин муассиса шоми 10 январ барчида шудааст. Оқои Аҳмадов сабаби барчидани ин нишонро ба фарсуда шудани арматурҳо ё милаҳои филизие, ки ин ёдгорӣ ба василаи онҳо насб шуда буд, марбут хонд.
Вай гуфт: "Азбаски арматурҳои он фарсуда шуда буд, ин барои одамон хатарнок буд. Зеро шояд 15-20 сол аст, ки ин нишон тавассути давлатдорони Шӯравӣ гузошта шуда буд." Ба иттилоъи оқои Аҳмадов, кормандони муассисаи ӯ дастур гирифтаанд, ки ин нишонро барои таъмир ва бозсозӣ ба Идораи корези шаҳри Хуҷанд бубаранд ва барои насб кардан дар яке аз маҳаллоти канории шаҳр омода кунанд.
Вале ба назари Ғуфронҷон Рустамов, раҳбари бахши маҳаллии Ҳизби кумунисти Тоҷикистон дар устони Суғд, ин амали мақомот "нодуруст" будааст. Ба гуфтаи вай, ин нишон аз замони Шӯравӣ ба мерос монда ва ҳеҷ ҷойи хатар ва ташвише барои мардум надоштааст. Оқои Рустамов гуфт: "Гумон мекунам, ин амал ба мисли ҳайкалшиканию нишонбарканӣ як навъ кӯтоҳфаҳмии мақомот аст."
Ҳамчунин, оқои Рустамов таъкид намуд, ки ин нишон рамзи рафоқату дӯстии байни заҳматкашон ва деҳқонон ё барзгарон маҳсуб мешуд. Бахтиёр Абдураҳмонов, як сокини шаҳри Хуҷанд низ аз баркандани ин нишон мутаасиф аст. Вай мегӯяд: "Азбаски тифлони мо ҳоло хурдсол ҳастанд ва дар бораи таърихи гузаштагони замони Шӯравӣ чандон иттилоъе надоранд, фардо мо ба суолҳои онҳо чӣ посухе хоҳем гуфт?"
Дар баробари ин, афроди дигаре ҳам, бавижа аз миёни мазҳабиён, ҳастанд, ки бо ишора ба атеисм ва ё инкори вуҷуди худо дар идеулужии Шӯравӣ, нишону рамзҳои бозмонда аз онро хуш надоранд ва мехоҳанд ин осор ҳарчи зудтар барчида шаванд.
Дар гузашта пайкараҳои Ленин аз бархе маҳаллоти марказии шаҳрҳо ва навоҳии Тоҷикистон ва кишварҳои дигари ҳамсуд барчида шудаанд. Нахустин маврид аз ин гуна рӯйдодҳо дар Тоҷикистон барандохтани пайкараи бузурги Ленин дар майдони марказии шаҳри Душанбе дар пойизи соли 1991 дар миёни издиҳоме аз муътаризон ба низоми кумунистӣ буд.
Ду сол пеш ба муносибати 1150-солагии Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ, шаҳрдории Душанбе пайкарае аз Ленинро, ки дар боғи марказии ин шаҳр воқеъ буд, барчид, ҳарчанд кумунистони маҳаллӣ бо ин иқдом ибрози мухолифат карданд.
Сипас ин боғ "Боғи устод Рӯдакӣ" ном гирифт ва пайкарае аз "Рӯдакии ҷавон" дар ин боғ дар баробари сохтмони навбунёди "Қасри Милат" қад барафрохт. Бо ин ҳол, дар бисёре аз шаҳру навоҳии Тоҷикистон, аз ҷумла дар вилояти Суғд, ҳайкалу пайкараҳои доҳиёни кумунисм ва мақомоти саршиноси давлати Шӯравии собиқ, ба мисли Ленин, Сталин, Карл Маркс, дар ҷойҳои умумӣ ва хонаҳои мардум ҳифз мешаванд.
Орифҷон Набиев, муъовини сардори Раёсати фарҳанги вилояти Суғд, мегӯяд, ки иттилоъи дақиқе надорад, ки дар шаҳру навоҳии вилояти Суғд чи миқдор ҳайкалу нимпайкараҳо ҳифз шудаанд. Бархе аз соҳибназарон иқдоми мақомҳои шаҳрдории Хуҷанд ба барчидани нишони досу болғаро талоши дигаре барои рӯфтан ё зудудани мероси Шӯравӣ хонда ва мегӯянд давлат мехоҳад бо насби ёдгориҳо ва нишону рамзҳои ҷадид идеулужии тозаеро дар зеҳни мардум тарсим кунад.
Дар ҳамин ҳол, мақомҳои шаҳрдории Хуҷанд, ҳамчунин тасмим гирифтаанд номҳои беш аз 30 кӯчаву хиёбон дар ин шаҳрро, ки ҳамчунон ба асомии даврони Шӯравӣ мусаммост, иваз кунанд. Ба гуфтаи онҳо, аз ҷумла хиёбонҳое, ки акнун номҳои Госпиталная, Кооперативная ва Октябрская доранд, ба номи бузургони ин шаҳр, монанди окодемисян Муҳаммад Осимӣ ва ғайра, гузошта хоҳанд шуд.
Бархе кӯчаҳо низ Самарқанд, Бухоро, Садоқат, Ваҳдат номгузорӣ хоҳанд шуд. Дар гузашта давлати Тоҷикистон асомии бахши аъзаме аз навоҳии ин кишварро, ки баёнгари маъонӣ ва маҳофими муртабит бо давлати Шӯравӣ ва идеулужии кумунистӣ буданд, ба номҳои бузургони фарҳанг ва адабиёти клосики форсӣ, монанди Рӯдакӣ, Ҷомӣ, Фирдавсӣ, Рӯдакӣ, иваз кард.
Алишер Охунов, Би-Би-Си
Адреси доимии маводи мазкур: http://ruzgor.tj/ijtimo/1549-2010-01-15-15-26-14.html