ВАЗЪИ ТАЪМИНИ БАРҚ БЕҲБУД ЁФТААСТ
Мақомоти энержии Тоҷикистон мегӯянд, ки дар зимистони соли ҷорӣ сокинон бо мушкили камбуди нерӯи барқ мувоҷеҳ нахоҳанд шуд.
Шералӣ Гул, вазири энержӣ ва саноеъи Тоҷикистон, рӯзи ҷумъаи 22 январ дар ҷамъи хабарнигорон гуфт, ки феълан сатҳи оби обанбори Норак 910 метрро ташкил медиҳад, ки ин рақам нисбат ба нишондоди соли гузашта ҳудуди 20 метр болотар аст. Ҳамчунин, оқои Гул таъкид кард, ки барои аввалин бор аз соли 1990 то ба ҳол сатҳи оби обанбори нерӯгоҳи Норак, ки тавлидкунандаи аслии нерӯи барқ дар Тоҷикистон маҳсуб мешавад, то ба ин сатҳ боло рафтааст.
Аз ин лиҳоз, вазири энержӣ ва саноеъи Тоҷикистон итминон дод, ки то моҳи апрели соли ҷорӣ тавлиди нерӯи барқ дар ин кишвар афзоиш ёфта ва ниёзҳои сокинон ба нерӯи барқ бароварда хоҳад шуд.
Тибқи иттилоъи ин вазорат, ҳамакнун шаҳрҳои Душанбе, Хуҷанд, Кӯлоб ва Қӯрғонтеппа, ки бузургтарин шаҳрҳо дар Тоҷикистон маҳсуб мешаванд, ба таври шабонарӯзӣ ва навоҳии ин кишвар ба муддати аз 8 то 12 соъат дар шабонарӯз ба нерӯи барқ дастрасӣ доранд.
Гуфта мешавад танҳо ба се ноҳияи Айнӣ, Панҷакент ва Мастчоҳи Кӯҳӣ, ки дар водии Зарафшон, дар шимоли Тоҷикистон воқеъ ҳастанд, нерӯи барқ аз Ӯзбакистон ворид карда мешавад ва манотиқи дигар аз нерӯи барқи худӣ истифода мекунанд.
Масъулони Вазорати энержӣ ва саноеъи Тоҷикистон далели ин амрро бунёди хатти баландшиддати нерӯи барқи мавсум ба “Ҷануб-Шимол” хонданд, ки дар авохири соли гузашта мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифта буд.
Дар зимистонҳои соли 2008 ва соли 2009 шаҳри Хуҷанд, маркази вилояти Суғд, ва навоҳии ин вилоят бо мушкили камбуди шадиди нерӯи барқ мувоҷеҳ буданд ва дар шабонарӯз ба шаҳрҳо ба муддати то 8 соъат ва ба навоҳӣ то 4 соъат нерӯи барқ дода мешуд. Бештари рустоҳои ин вилоят дар фасли сармо комилан аз истифода аз нерӯи барқ маҳрум монда буданд.
Масъулони Вазорати энержӣ ва саноеъи Тоҷикистон далоили дигари беҳбуди вазъи таъмини нерӯи барқро ба назорати ҷиддӣ бар наҳваи истифода аз барқ, таҷдиду бозсозии як турбини нерӯгоҳи обиии "Норак", нуқоти тавзеъи барқ, хутути фарсудаи барқрасонӣ ва истифода аз чароғҳои каммасраф хонданд.
Бино ба гузориши расмӣ, дар соли гузашта мизони талафи нерӯи барқ ба ҳангоми интиқол 13 дар садро ташкил дода ва дар муқоиса бо соли 2008 ба миқдори 900 милюн килувот соъат коҳиш ёфтааст.
Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳурии Тоҷикистон, зимни мулоқот бо кормандони ширкати “Барқи тоҷик” дар соли 2008 мизони талафи нерӯи барқ дар ин кишварро болиғ бар се милёрд килувот соъат арзёбӣ карда буд.
Ба эътиқоди коршиносони вазорати энержӣ ва саноеъ, дар сурати таҷдиду бозсозии нерӯгоҳҳои "Қайроққум" дар шимол ва "Норак", дар ҷануб ва хутути барқу истгоҳҳои фаръӣ барои тавзеъи барқ мизони талафи нерӯи барқ ба ҳангоми интиқол бамаротиб коҳиш хоҳад ёфт.
Аз сӯйи дигар, ин коршиносон аз талафи нерӯи барқ дар фасли тобистон ибрози нигаронӣ карда ва гуфтанд, ки дар соли гузашта ба далели набуди мусоъидати кишварҳои ҳамсоя Тоҷикистон натавонистааст ба миқдори 1 милёрду 900 милюн килувот соъат нерӯи барқи изофиро ба хориҷи кишвар содир кунад.
Тибқи иттилоъи манобеъи расмӣ, ҳамакнун бунёди хатти интиқоли барқи 220-килувотии Сангтӯда-1 аз Тоҷикистон ва шаҳри Пули Хумрӣ, дар шимоли Афғонистон, шурӯъ шуда ва дар назар аст, то моҳи майи соли ҷорӣ ин хатти барқ мавриди баҳрабардорӣ қарор бигирад.
Би-Би-Си
Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/ijtimo/1593--q-q.html