ҲОДИЗОДА, НАВИСАНДАИ МАЪРУФ ДАРГУЗАШТ
Расул Ҳодизода, нависандаи маъруф ва мунтақиди адабӣ, дар синни 82-солагӣ даргузашт. Ба гуфтаи пайвандонаш, оқои Ҳодизода, ки ахиран аз бемории тӯлонӣ ранҷ мебурд, дар ҳаволии соъати 4:45 суҳби рӯзи якшанбе дар манзилаш фавт кардааст.
Расми сугвории ин нависандаи маъруф зуҳри рӯзи якшанбе дар масҷиди Яккачинор, дар маҳаллаи мавсум ба "Профсоюз"-и шаҳри Душанбе баргузор мешавад. Ҳодизода дар моҳи марти соли 1928 дар шаҳри Самарқанд мутаваллид шуд. Вай дар соли 1950 аз Донишгоҳи давлатии Осиёи Миёна дар Тошканд фориғуттаҳсил шуд. Вай ҳамзамон бо бахши тоҷикии родиюи Ӯзбакистон ва нашрияи тоҷикии "Ӯзбекистони сурх" ҳамкорӣ мекард.
Расул Ҳодизода дар соли 1954 ба унвони ходими илмӣ дар Пажӯҳишгоҳи забон ва адабиёти ба номи Рӯдакӣ дар Тоҷикистон ба кор пазируфта шуд ва то охири умр дар ин пажӯҳишгоҳ фаъолият дошт, ҳарчанд дар солҳои 1970-72 вай барои муддате мудири бахши таърихи адабиёти Пажӯҳишгоҳи ховаршиносии Фарҳангистони улуми Тоҷикистон буд.
Расул Ҳодизода аз мунтақидон ва муҳаққиқони варзидаи адабӣ дар Тоҷикистон маҳсуб мешуд, ки тӯли ҳаёташ пажӯҳишҳое дар бораи таърихи адабиёти тоҷик, дар бораи ҳаёту фаъолияти шоъири қарни 19 Шамсиддини Шоҳин ва нависандаи рӯшангари ин даврон Аҳмади Дониш анҷом додааст.
Фаъолияти нависандагии Расул Ҳодизода дар даҳаи 1960 оғоз шуд ва маҷмӯъаи ҳикоёти "Танбӯри дилкаш" (1966), повестҳои "Сапедадам" (1970) перомуни фаъолияти Аҳмади Дониш, "Парвози Шоҳин" (1980) дар бораи Шоҳин, намоишномаҳои "Бахт дар чист?" (1978) ва "Маздак" (1980) намунаҳое аз мероси адабии ӯ ҳастанд.
Аз муҳиммтарин осори адабии Расул Ҳодизода румони "Ситорае дар тирашаб" аст, ки дар соли 1983 чоп шуд ва аз пурфурӯштарин китобҳои он замон ба шумор мерафт. Ин румон перомуни ҳаёт ва фаъолияти Аҳмад Махдуми Дониш, нависандаи маъорифпарвари қарни 19 ва вазъияти сиёсию иҷтимоъии аморати Бухоро дар он замон аст.
Аз осори умдаи дигари Расул Ҳодизода "Қиссаи Мансури Ҳаллоҷ" аст, ки дар соли 2002 чоп шуд ва дар он нависанда бо такия ба маъохизи таърихию адабии гузашта зиндагии Мансури Ҳаллоҷ, аз шахсиятҳои маъруфи тасаввуфро, ба шеваи бадеъ ба риштаи тасвир кашидааст. Охирин китобе, ки Расул Ҳодизода навишт, хотироти ӯ зери унвони "Худои худро бишносам" аст, ки даврони зиндагии вай, ҳамнишинӣ бо шахсиятҳои бузурги адабию фарҳангӣ ва дидгоҳҳои нависанда дар бораи таърихи Осиёи Миёнаро дар бар мегирад.
Бар асоси "Энсиклопедияи адабиёт ва санъати тоҷик", Ҳодизода дар таҳия ва чопи осори бузургони адабиёти клосикӣ низ нақши боризе дошт. Вай "Асарҳои мунтахаб"-и Аҳмади Дониш (1959), "Ҳикоятҳои халқӣ дар "Маснавӣ"-и Румӣ" (1963), "Дафтари дилкушо"-и Соиб (1965), "Калила ва Димна" (1966), "Девон"-и Анварӣ, "Рӯдакӣ ва шоъирони ҳамзамони ӯ" (1984) ва ғайраро таҳия ва мунташир кардааст.
Комилтарин девони ашъори Рӯдакӣ ҳам, ки Ройзании фарҳангии Эрон ду-се сол пеш дар Душанбе чоп кард, ба кӯшиши Расул Ҳодизода таҳия ва тадвин шуд. Тарҷумаҳои чанде аз осори нависандагони рус, монанди Тургенев ва Гогол ва адиби фаронсавӣ Виктур Ҳугу ба забони форсии тоҷикӣ ба ӯ таъаллуқ доранд.
Расул Ҳодизода дар нашри осори Владимир Ленин, аз пешвоёни кумунисм ва бунёнгузори Иттиҳоди Шӯравӣ, ба забони тоҷикӣ низ саҳм дошт ва барандаи чанде аз ҷавоизи адабию илмӣ дар даврони Шӯравӣ буд. Вай дар соли 1991 унвони "Ходими шоистаи илми Тоҷикистон"-ро дарёфт кард.
Би-Би-Си
Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/ijtimo/2050-2010-04-04-06-35-45.html