ПЕШНИҲОДИ ТАҶДИДИ СОХТОРИИ ШИРКАТИ “БАРҚИ ТОҶИК”
Бонки Осиёии Тавсеъа ба давлати Тоҷикистон пешниҳод кардааст, ки ширкати “Барқи тоҷик”-ро ба се ширкати мустақил табдил диҳад. Дар марҳилаи дувуми таҷдиди сохтории ин ширкат, хусусисозии ин се ширкат низ дар назар будааст. Вале масъулони “Барқи тоҷик” мегӯянд, ки таҷдиди сохтории ин ширкат дар шароити феълӣ муассир нахоҳад буд.
Макото Оҷиро, масъули намояндагии Бонки Осиёии Тавсеъа (БОТ) дар Душанбе, ахиран изҳор дошт, ки миёни коршиносони ин ниҳод ва давлати Тоҷикистон дар мавриди таҷдиди сохтори ширкати “Барқи тоҷик” музокироте сурат гирифтааст. БОТ пешниҳод кардааст, ки барои дастёбӣ ба фаъолияти муассир дар арсаи энержии Тоҷикистон ширкати “Барқи тоҷик” бояд ба се ширкати мустақил ҷудо шавад.
Тибқи ин пешниҳод, бар ивази “Барқи тоҷик” бояд як ширкати мустақили тавлидкунандаи нерӯи барқ, ширкате барои интиқоли барқ ва ширкати тавзеъкунандаи дигар таъсис шаванд. Масъулони БОТ мегӯянд, ки дар марҳилаи дувуми таҷдиди сохторӣ хусусисозии ин ширкатҳо низ дар назар аст. Суоли матраҳ ин аст, ки чаро БОТ ба давлати Тоҷикистон барои таҷдиди сохтории як ниҳоди давлатӣ пешниҳодҳо ироа мекунад?
Ба гуфтаи коршиносон, созмонҳои молии байналмилалӣ, ба вижа БОТ, тарҳҳои энержии ин кишварро сармоягузорӣ мекунанд ва ба ин далел давлат ночор аст пешниҳодҳои ин созмонҳоро барои муассир сохтани фаъолияти бахши энержӣ ба баррасӣ бигирад.
Дар ҳамин ҳол, Татяна Евстфеева, сухангӯйи дафтари намояндагии БОТ дар Тоҷикистон, рӯзи чаҳоршанбеи 21 апрел ба Би-би-сӣ гуфт, ки дар музокироти ахир тасмими ниҳоӣ дар мавриди таҷдиди сохтории "Барқи тоҷик" ҳосил нашудааст ва қарор аст ин мавзӯъ дар ҷараёни боздиди ояндаи коршиносони ин бонк аз Тоҷикистон матраҳ шавад.
Дар ҳамин ҳол, Рашид Гулов, муъовини сармуҳандиси ширкати “Барқи тоҷик”, дар сӯҳбат бо Би-би-сӣ гуфт, ки ин пешниҳоди БОТ дар шароити феълӣ қобили қабул нест. Оқои Гулов муътақид аст, ки қабл аз оғози таҷдиди сохтории “Барқи тоҷик” вазъи иқтисодӣ ва молии ин ширкат бояд тақвият дода шавад, вагарна, ба гуфтаи оқои Гулов, “чунин тақсими ширкат судманд нахоҳад буд”.
Ин масъули “Барқи тоҷик” афзуд, ки иҷрои пешниҳоди БОТ танҳо дар дарозмуддат имконпазир хоҳад буд. Аз сӯйи дигар, ба гуфтаи Рашид Гулов, таҷдиди сохторӣ ва ё хусусисозии ширкатҳои энержӣ мавзӯъи ҳассосе маҳсуб мешавад ва зимни рӯйи даст гирифтани чунин тарҳе бояд масоили иҷтимоъӣ ва иқтисодӣ низ ба назар гирифта шаванд.
Зеро, қабл аз оғози таҷдиди сохторӣ бояд мавзӯъи мутобиқ сохтани арзиши барқ, интиқол ва тавзеъи он матраҳ шавад, ки дар маҷмӯъ ба болоравии арзиши барқ дар кишвар мунҷар хоҳад шуд. Оқои Гулов афзуд, ки чанд сол қабл ба ибтикори БОТ дар Қирғизистон таҷдиди сохтории арсаи энержӣ сурат гирифта буд ва “ба гуфтаи ҳамтоёни қирғизи мо, онҳо то ҳол дар заминаи рушди бахши энержӣ ба ҳеҷ комёбие даст наёфтаанд”.
Гузашта аз ин, яке аз сабабҳои рух додани ҳаводиси ахир дар Қирғизистон ба мавзӯъи фаъолияти системи энержӣ, бавижа болоравии қимати гармӣ ва нерӯи барқ рабт доштааст. Рашид Гулов мегӯяд, ки ҳоло мушкили аслии ширкати “Барқи тоҷик” ҷамъоварии маболиғ барои истифода аз барқ аст. Зеро дар чанд моҳи ахир дар Тоҷикистон муштариён танҳо 70 дарсади барқи истифодашударо пардохт мекунанд.
Оқои Гулов мӯътақид аст, ки дар шароити Тоҷикистон болоравии арзиши барқ ба афзоиши мизони бидеҳкорон сабаб мешавад, ки дар ниҳоят вазъи иқтисодӣ ва молии “Барқи тоҷик”-ро низ бо душвориҳое рӯбарӯ мекунад.
Аз сӯйи дигар, бархе аз коршиносон аз эҳтимоли таҷдиди сохторӣ ва сипас хусусисозии дороиҳои "Барқи тоҷик" аз сӯйи гурӯҳҳои сарватманд низ изҳори нигаронӣ мекунанд. Онҳо мегӯянд, ки ин амр метавонад сабаби болоравии бештари арзиши барқ ва душвортар шудани вазъи иқтисодии хонаводаҳои тоҷик шавад. Аммо гурӯҳи дигар таҷдиди сохтории ин ширкатро барои таъмини шаффофият дар системи барқрасонӣ муассир медонанд.
Би-Би-Си
Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/ijtimo/2164-2010-04-21-17-45-18.html