ЗИНДАГИИ ОСЕБДИДАГОНИ ХАЙМАНИШИН ДАР КӮЛОБ
Бар асоси иттилоъи ситоди кумак ба осебдидагони сел дар Кӯлоб, куллияи хайманишинони майдони варзишии ин шаҳр зимни як қуръакашӣ соҳиби қитаъоти замин дар яке аз манотиқи наздики шаҳр шудаанд.
Қарор аст беш аз як ҳазору панҷсад нафар аз осебдидагон батадриҷ ба хоҷагии Назаров дар ҳумаи шаҳри Кӯлоб кӯч дода шаванд. Аз маркази ин ситод хабар доданд, ки дар заминҳое, ки барои онҳо ҷудо шудааст, дар ояндаи наздик 600 манзили ҷадид барои осебдидагони сел бунёд хоҳанд шуд. То замони бунёди манозил ҳамаи ин хонаводаҳо дар хаймаҳо ба сар мебаранд. Оё зиндагӣ дар хайма дар ҳоле ки тақрибан ҳамаи хонаводаҳо аз се то шаш фарзанд доранд, мушкил нахоҳад буд?
“Меҳроҷро ки бозмегардонад?”
Хосият Ҳайталиева яке аз бошандагони шаҳраки хаймагӣ ба берун аз хаймаи худ кам мебарояд. Занҳои дигар, ки дар хаймаҳои наздик ба Хосият зиндагӣ мекунанд, мегӯянд, ки Хосият ҳамарӯза ба ёди Меҳроҷ, писарчаи худ мегиряд.
Ман ба хайма даромадам ва бо Хосият аҳволпурсӣ кардам ва аз вазъи зиндагиаш дар хайма пурсон шудам. Вай гуфт, ки зиндагиаш бад набуда ва ба онҳо кумакҳои башарадӯстона меоранд, вале Меҳроҷ ҳамеша дар пеши назари вай аст: "Меҳроҷамро ки ба ман бозмегардонад?"
Хосият дар марги фоҷеъабори Меҳроҷ худро гунаҳкор медонад. Зеро аҳли хонавода гумон доштанд, ки сел ба мағозае, ки онҳо дар он ҷо ба сар мебурданд ва ҳамзамон кор мекарданд, сарозер нахоҳад шуд.
Хосият мегӯяд: “Мо гумон надоштем, ки сел аз як ҷониби маконе, ки мо он ҷо зиндагӣ мекардем, сарозер мешавад ва бо шавҳарам берун баромадем. Аммо Меҳроҷ дар манзил буд. Мо дар берун будем ва ҳангоме ки эҳсос кардем, ки сел аз тарафи дигар низ ба манзил сарозер шудааст, дер шуда буд. Об бачаамро бурд. Барои Меҳроҷҷон мо либоси мактабӣ харидорӣ карда будем. Вале афсӯс, ки бачаамро сел кушт. ”
Хосият мутмаин аст, ки агар рӯдхона аз сангу рег поксозӣ мешуд, ин ҳодиса иттифоқ намеуфтод. Вале вай афзуд дар як даҳаи ахир вай надидааст, ки ин рӯдхона поксозӣ шуда бошад. Зулфия, яке аз модарони хуштолеъ, мегӯяд, ки тавонист ба ҳангоми сел Момаҷон, духтарчаи яксолаи худро, аз гаҳвора берун орад ва ба ҷойи амн кӯчонад.
Момаҷон, ки дар хайма дар гаҳвора мехобид, чанд рӯз сармохӯрдагӣ дошт, вале ҳоло вазъияташ беҳтар шудааст. Зулфия аз он нигарон аст, ки дар хайма дар ҳавои гарм духтарчааш метавонад бемор шавад. Бархе аз осебдидагони сел мегӯянд, ки аз сарбозон ва афсарони Пойгоҳи низомии Русия, мустақар дар шаҳри Кӯлоб, барои берун кашидани онҳо аз сел сипосгуор ҳастанд.
“Ташаккур ба раиси ҷумҳур”
Дар маҷмӯъ, бештари сокинони осебдида аз сел дар ҷараёни суҳбат бо хабарнигорон аз Президент Раҳмон барои кумакҳое, ки дарёфт мекарданд, изҳори сипос мекарданд.
Бисёре аз осебдидагон умедвор буданд, ки давлати Тоҷикистон манозили харобшудаи онҳоро таъмир ва бозсозӣ хоҳад кард ва онҳо имкони идомаи зиндагӣ дар манозили бобоии худро пайдо хоҳанд кард. Сайлигул қаблан сокини гузари Чармгарони поён буд, вале сел ӯро низ хайманишин кардааст. Вай аз зиндагии худ дар хайма розӣ ба назар мерасид.
Бо ин ҳол, вай мегӯяд, ки тайи чанд рӯз аст, ки мехоҳад ҳаммом кунад, аммо дар ин шаҳрча ба ҷуз аз дастшӯйӣ онҳо дигар шароите барои зиндагиро надоранд. Дастшӯйиҳои шаҳраки хаймаӣ дар фосилае дуртар аз хаймаҳо қарор дошт ва мошинҳои обкаш ба таври шабонарӯзӣ барои осебдидагон оби ошомиданӣ меоварданд.
Вазъи сиҳҳати осебдидагон
Замоне ки бо Сайлигул суҳбат мекардам, садои гиряи духтари ҷавонеро шунидам ва ба хаймаи онҳо наздик шудам. Ширинмоҳ, духтари ҷавон аз хаймаи ҳамсоя, бемор ба назар мерасид. Давлатмоҳ, модари вай, бо Рима Карасёва, пизишки навбатдор, ба хайма бозгашт.
Хонум Карасёва баъд аз муъоинаи Ширинмоҳ гуфт, ки духтари ҷавон дучори афсурдагӣ шудааст ва ниёз ба кумаки равоншинос дорад. Хонум Карасёва мӯътақид аст, ки бештари осебдидагон ба кумаки пизишкони равоншинос ниёз доранд, аммо вай мегӯяд: “Мутаассифона, пизишкони равоншинос дар ин ҷо нестанд.”
Мирзоалӣ Миралев, муъовини бахши тандурустии устони Хатлон, мегӯяд, ки дар ҳоли ҳозир беш аз 130 нафар аз бошандагони шаҳрчаи хаймаӣ дар бемористонҳо бо нишонаҳои бемориҳои мухталиф бистарианд.
Аммо оқои Миралиев мегӯяд, ки бемории фалаҷи кӯдакон дар миёни осебдидагон набудааст. Дар шаҳрчаи хаймаӣ даҳҳо кӯдак ва ҷавон ҳамроҳ бо волидонашон ба сар мебаранд. Ва бештари вақтҳо онҳо машғули бозӣ бо ҳамдигар ҳастанд, зеро шароити дигаре барои тафреҳ надоранд.
Вале дусад кӯдак аз хонаводаҳои осебдида рӯзона дар яке аз дабистонҳои кӯҳани шаҳри Кӯлоб таҳти муроқибати мураббиён қарор доранд ва намояндагии созмони “Наҷоти кӯдакон” хадамоти пизишкӣ ва васоили хоб барои кӯдаконро фароҳам кардааст.
“Дар хайма наметавонам зиндагӢ кунам”
Хосият мегӯяд, ки намехоҳад ба макони сел биравад, зеро ба ёдаш манзараи ба об ғарқ шудани Меҳроҷи ҳафтсолааш мерасад ва вай орзӯ дорад дар ҷои дигаре барои онҳо манзил бунёд шавад. Аммо бархе аз осбедидагон ҳанӯз дар манозили харобшудаи худ боқӣ мондаанд. Рамазон ва Абдуҷалол Қаҳҳоровҳо, аз ҷумлаи сокинони гузари Чармгарони поён, ҳамроҳ бо фарзандонашон машғули поксозии манозили харобшудаи хеш буданд.
Рамазон Қаҳҳоров мегӯяд, ки аҳли хонаводааш тасмим гирифтаанд аз ин макон кӯч набанданд. Оқои Қаҳҳоров афзуд: “Ҳанӯз падарони мо дар солҳои 1940 ин ҷоро макони зист интихоб кардаанд ва мо умед дорем, ки давлат ҳадди ақал барои бозсозии манозиламон ба мо кумак кунад.”
Бароталӣ Қурбонов, яке аз сокинони хушшонси гузари Чармгарони поён аст, ки сел ба манзили вай ҳеҷ зараре нарасондааст. Аммо оқои Қурбонов мегӯяд, ки тибқи барнома қарор аст манзили вай низ дар канори манозили харобшуда ба масофаи 30 метр аз назди рӯдхона дур бурда шавад.
Ва афзуд: “Ман медонам бо ин кайфияте, ки манзили ман сохта шудааст, ба ман манзили дигаре намесозанд. Вале ҳоло ҳукумат маро иҷборан мехоҳад аз ин ҷо кӯч бидиҳад.”
Сӯҳробшоҳи Фаррухшоҳ, сухангӯйи ситоди кумак ба осебдидагон дар Кӯлоб мегӯяд дар 600 манзиле, ки барои осебдидагони сел бунёд хоҳад шуд, тамоми васоили зарурӣ барои зиндагӣ таъмин хоҳад шуд. Аммо бисёре аз сокинони гузари Чармгарони поён мехоҳанд, ки дар макони қаблии худ манзилҳои харобшударо бозсозӣ кунанд ва дубора зиндагиро дар он ҷо оғоз кунанд.
Заринаи Хушвақт, Би-Би-Си
Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/ijtimo/2339-2010-05-22-09-01-44.html