01:59:10 03-уми Июни 2025 сол

БОЗРАСИИ ТАЛКО: НАТОИҶАШ КУ?

Сандуқи Байналмилалии Пул (СБП) мегӯяд, ки аз мунташир нашудани натоиҷи бозрасии корхонаи олуминиюми Тоҷикистон, “Талко”, башиддат нигарон аст. Ин гузориш бояд дар моҳи декабри соли гузашта мунташир мешуд, вале то ҳол он дар дастраси умум қарор нагирифтааст. СБП ду маротиба ба давлати Тоҷикистон ёдовар шудааст, ки бояд сареъан ин гузоришро мунташир кунад, вале ҳеч посухе нагирифтааст.

 

Люк Моерс, намояндаи СБП дар Душанбе, рӯзи чаҳоршанбеи 26 майдар сӯҳбат бо Би-би-сӣ гуфт, ки тибқи тавофуқоти миёни ин созмон ва давлати Тоҷикистон, натоиҷи бозрасии ширкати “Талко” бояд дар дастраси умум қарор бигирад. Вай гуфт: “Мо ду даъфа ба давлати Тоҷикистон ёдовар шудем, вале то ҳол ин гузориш мунташир нашудааст”.

 

Ин дар ҳолест ки бозрасии байналмилалии фаъолияти ширкати “Талко” ба ибтикори СБП сурат гирифта буд. Оқои Моерс ҳамчунин хабар дод, ки ҳатто ин созмон нусхае аз натоиҷи бозрасии “Талко”-ро дар ихтиёр надорад ва аз ҷузъиёти он огоҳ нест. Тибқи тавофуқот, ширкати бозраси “Моерс Стивенз” муваззаф шудааст, ки натоиҷи бозрасиро танҳо ба давлат ироа кунад.

 

Масъули намояндагии СБП дар Тоҷикистон ҳамчунин хабар дод, ки то ҳол натоиҷи бозрасии ширкати “Барқи тоҷик” низ, ки ба ибтикори ин созмон сурат гирифта буд, мунташир нашудааст. Ин дар ҳолест, ки аз замони анҷоми бозрасии ширкати “Барқи тоҷик” ҳудуди ду сол сипарӣ шудааст. Соле қабл оқои Моерс дар сӯҳбат бо Би-би-сӣ бархе аз ҷузъиёти ин бозрасиро эълом карда буд.

 

Аз ҷумла, ба гуфтаи вай, бозрасон аз мушкилоте дар бахши муҳосиботи ширкати “Барқи тоҷик” хабар додаанд. Зимнан, дар поёни соли гузашта бархе аз масъулони бахши муҳосиботи ин ширкат аз сӯйи маъмурони Ожонси муқобала бо фасоди Тоҷикистон боздошт шуданд. Вале натоиҷи бозрасии Бонки Миллии Тоҷикистон, ки низ ба ибтикори СБП сурат гирифт, мунташир шуд ва вокунишҳои тезу тундеро дар ҷомеъа ва афкори умумӣ ба вуҷуд овард.

 

Аз ҷумла, бозрасони Бонки Миллӣ собит кардаанд, ки Муродалӣ Алимардон, раиси вақти ин ниҳод, дар муъомилоти маҳрамонае даст доштааст, ки дар асари он милюнҳо дулор бемавқеъ ба кор рафтааст. Вале бо ин вуҷуд, оқои Алимардон ба симати муъовини нахуствазири Тоҷикистон таъйин шуд.

 

Дар мавриди “Талко”, бузургтарин корхонаи санъатии Тоҷикистон ва танҳо тавлидкунандаи олуминиюм дар Осиёи Марказӣ, дар расонаҳои гурӯҳӣ аз муддатҳо қабл сару садоҳое дар бораи кунтрули манобеъи молии ин ширкат аз сӯйи мақомҳои баландпоя ва афроди наздик ба онҳо матраҳ аст.

 

Коршиносон аз ҷумла аз пойин будани мизони пардохтҳои ин ширкат ба буҷети Тоҷикистон изҳори нигаронӣ мекунанд. Ба эътиқоди онҳо, пардохти ҳамасолаи ҳудуди 70-80 милюн дулор ба буҷет аз сӯйи ин ширкат нокофӣ аст. Ҳамчунин, соҳибназарон аз наҳваи “толлинг” дар фаъолияти ин ширкат, ки ба маънии коркарди ашёи хоми ширкати дигар рабт дорад, изҳори нигаронӣ мекунанд.

 

Ба эътиқоди онҳо, чунин наҳваи кори ширкат имкон медиҳад, ки суди ин корхона бидуни пардохти молиёт ба хориҷ аз кишвар интиқол дода шавад. Дар ин замина, коршиносон аз ширкати “Талко-капитал” ва “Талко-менеҷмент” ёдовар мешаванд, ки дар хориҷ сабти ном шудаанд ва фаъолияти онҳо барои ҷомеъа норӯшан аст.

 

Дар чанд соли ахир "Талко" ба далели ихтилофоти молӣ бо чанд ширкати хориҷӣ, назири "Русал", "Ансол" ва "Ҳидру" вориди муҳокимаҳои пурҳазинаи додгоҳӣ шуд, ки умдатан ба суди он ширкатҳо анҷомид. Давлати Тоҷикистон ба далели камбуди шафофият дар фаъолиятҳои иқтисодӣ ва тиҷоратӣ дар ин кишвар ба шумули бахшҳои давлатӣ ва хусусӣ мавриди интиқоди созмонҳои байналмиллалӣ қарор гирифтааст.

 

Би-Би-Си

Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/ijtimo/2366-2010-05-26-17-50-17.html

 

Назари Шумо

Security code
навсозӣ


sultoni-qalbho
 
taronahoi jovidonai ahmad zohir 2025

lohuti ohangsoz ham bud

ahmad zahir va musiqii gharb 45458754
 
askshoi-khotiravi
 
rudaki chang bigriftu 12214554
 
payvandi ahmad zahir bo mavlavi 548787
 sultoni qalbho qismi duvvum 4544854