КОМИССИЯИ ВИЖА: ПУЛЧИНӢ ДАР РОҲ ҚАТЪ ШАВАД
Комиссияи вижаи Оҷонси зиддиинҳисории Тоҷикистон пулситонӣ дар гузаргоҳҳои роҳи Душанбе-Чаноқро ғайриқонунӣ донист ва аз ширкати “IRS” тақозо кард, ки ба ҷамъоварии пул аз мардум дар ин роҳ хотима диҳад. Имрӯз, 27-уми май, дар Душанбе нишасти комиссияи вижаи Оҷонси зиддиинҳисории Тоҷикистон, ки ба баррасии мавзӯъи роҳи пулакӣ машғул аст, баргузор шуд. Дар кори он намояндагони ширкати «Инновейтив Роуд Солюшнз» низ иштирок доштанд.
Амонулло Ашӯр, раиси ин Оҷонсӣ ва раиси комиссия, гуфт, фаъолияти ширкати “IRS” дар Тоҷикистон ғайриқонунӣ аст. Ба гуфтаи ин комиссия, ширкат дар бораи фаъолият, пули ҷамъоварда ва таъмиру нигаҳбонии роҳ ва воситаҳои фанни харидашуда ба давлат иттилоъ надодааст.
Нахустин роҳи пулакии Тоҷикистон
Душанбе – Чаноқ нахустин роҳи пулакӣ дар Тоҷикистон аст, ки пулҷамъкунӣ дар масири он зимни ифтитоҳи расмии он дар аввали моҳи апрел оғоз шуд. Тибқи нархномаи қаблӣ роҳи Душанбе-Чаноқ, қимати убури ҳар як километри роҳ барои мошинҳои сабукрав ва микроавтобусҳо - 30 дирам, автобусҳо ва мошинҳои боркаши бо вазни то 7 тонна – 60 дирам, мошинҳои боркаши бо вазни то 14 тонна – 1,5 сомонӣ муайян шуда буд.
Истифода аз ин шоҳроҳ барои васоити нақлиёти мақомоти интизомӣ, ёрии таъҷилӣ, сӯхторхомӯшкунӣ ва ниҳодҳои наҷотдиҳӣ бепул хоҳад хоҳад буд. Роҳи Душанбе –Чаноқ пас аз баррасиҳо дар парлумони кишвар ва қабули як қонун пулакӣ эълон шуд. Шоҳроҳи мазкур 410 километр тӯл дошта, аз Душанбе оғоз мешавад ва дар марзи миёни Тоҷикистон ва Узбакистон дар минтақаи сарҳадии мавсум ба Чаноқ дар ноҳияи Мастчоҳи вилояти Суғд поён меёбад.
Мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, ҳадаф аз пулакӣ кардани ин роҳ пардохти қарзҳои давлати Чин аст, ки дар навсозии шоҳроҳ масраф шудаанд. Роҳи Душанбе-Чаноқро ширкатҳои чинӣ бо сармояи 281 миллион доллар навсозӣ кардаанд. Мақомоти Тоҷикистон тасмим доранд, ки дар оянда як қатор шоҳроҳҳои дигари кишварро низ тармим ва пулакӣ кунанд.
Innovative Road Solutions - ошнои ношиноси ҳама
Ширкати Innovative Road Solutions (IRS), ки худро як ширкати Бритониёӣ муаррифӣ мекунад, системаи хидматрасонии толингии роҳи Душанбе – Чаноқро бар ӯҳда дорад. Фаъолияти ин ширкат тибқи созиши он бо ҳукумати Тоҷикистон, ки ба тасвиби порлумон низ расидааст сурат мегирад. Ин ширкат ба иддаъои худаш як ширкати бонуфузи хориҷст, ки бо чандин давлати дунё ҳамкорӣ дорад. Аммо мақомоти он аз ифшои шарикони хориҷии худ худдорӣ мекунанд.
Аз сӯи дигар маълумотҳое мавҷуд аст, ки ин ширкат дар соли 2009 дар минтақаи офшори ҷазираҳои Верҷиния номнавис шуда ва таҷрибаи кории собиқа надорад. Ва муассисони он ҳам аслан шаҳрвандони Тоҷикистон мебошанд. Ҳадсу гумони фарзияҳои фаровоне роҷеъ ба робитаи моликони ин ширкат ва мақомоти Тоҷикистон низ дар расонаҳо ва миёни мардум ҳамчунон сайр дорад.
«Озодӣ»
Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/ijtimo/2371-2010-05-27-11-57-07.html