15:58:38 26-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

НИМИ ШУҒЛ ДАР ТОҶИКИСТОН ҒАЙРИРАСМӢ АСТ

Бар асоси Гузориши Миллӣ дар мавриди рушди башарӣ дар Тоҷикистон дар солҳои 2008-2009 беш аз 47 дар сади иштиғол ба таври ғайрирасмӣ анҷом мешавад. Дар ин гузориш, ки рӯзи душанбеи 7 июн, дар вазорати рушди иқтисоду тиҷорати Тоҷикистон муаррифӣ гардид, ин навъи иштиғол дар Тоҷикистон дар ҳоли афзоиш ва теъдоди афроде, ки дар ин бахш фаъолият мекунанд, болиғ ба 1 милюн нафар арзёбӣ шудааст. Ба ин бахш умдатан тиҷорати кучак, мардикорӣ, бозори ғайрирасмии кори занон ва кӯдакон шомил мешаванд.

 

Бахши саноеъи Тоҷикистон фалаҷ шудааст

Тибқи иттилоъи расмӣ, аз ҷумлаи 827 корхонаи санъатии Тоҷикистон 44 дар сад комилан аз фаъолият бозмонда ва иддаи дигар бо 50 дар сади тавоноии худ фаъолият мекунанд. Дар бозорҳои дохилии Тоҷикистон пайдо кардани колоҳои сохти ватанӣ душвор буда ва дар бозорҳо ба муштариён колоҳои арзони чинӣ, туркӣ ва эронӣ пешниҳод мешавад.

 

Ба гуфтаи дуктур Лутфулло Саидмуродов, дабири масъули Гузориши Миллӣ дар рушди башарӣ дар Тоҷикистон, барои эҳёи тавоноии пешини саноеъи ин кишвар ва тавлиди колоҳои рақобатпазир дар бозор ба тахсиси ҳазинаи ҳангуфте ниёз аст. Пас аз кадом роҳҳо ба эҷод ҷойҳои зиёди кор ва коҳиши мизони бекорӣ дар Тоҷикистон муваффақ шудан мумкин аст?

 

Ба эътиқоди Зайд Саидов, раиси Анҷумани соҳибкорони Тоҷикистон, танҳо аз тариқи рушди бахши хусусӣ ва таъсиси корхонаҳои хурду миёна ба коҳиши қобили мулоҳизаи мизони бекорӣ ва таъмини бозори дохилӣ бо колоҳои ватанӣ даст ёфтан мумкин аст. Оқои Саидов таъкид кард, дар ҳоле дар кишварҳои пешрафта саҳми бахши хусусӣ ва корхонаҳои хурду миёна дар иқтисоди кишвар болиғ ба 50 дар садро ташкил медиҳад, аммо ин рақам дар Тоҷикистон ночиз будааст.

 

Аммо Фаррух Ҳамралиев, вазири рушди иқтисод ва тиҷорати Тоҷикистон гуфт, ки ахиран давлати ин кишвар барои рушди бахши хусусӣ, коҳиши теъдоди молиёт ва содда сохтани сабти номи корхонаҳои хусусӣ тадобири мушаххасеро рӯйи даст гирифтааст.

 

Рушди бесобиқаи ҷамъият барои Тоҷикистон фалокатбор аст?

Дар Гузориши Миллӣ дар рушди башарӣ дар Тоҷикистон теъдоди афроди қобили кори ин кишвар 4,5 милюн нафар арзёбӣ шудааст, ки ин рақам дар муқоиса ба пешбинии Кунсепсиюни эҷоди ҷойи кори Тоҷикистон барои солҳои 2008 то 2015 650 ҳазор нафар бештар будааст. Тибқи ин гузориш ҳамасола теъдоди афроди қобили кор дар Тоҷикистон ба таври мутавассит аз 350 то 370 ҳазор афзоиш меёбад.

 

Ин амр ба афзоиши сареъи мизони бекорӣ дар Тоҷикистон, бахусус, дар миёни ҷавонон мунҷар шудааст. Гуфта мешавад, бекорон аз манотиқи рустоӣ ва шаҳру навоҳӣ ба шаҳри Душанбе, пойтахти кишвар, ки мизони ҳуқуқи моҳиёна ё маош дар муқоиса ба манотиқи рустоӣ ду баробар бештар аст, муҳоҷират мекунанд.

 

Алишер Ёрбобоев, раиси Идораи масоили иҷтимоъии Дафтари раёсати ҷумҳурии Тоҷикистон гуфт, ки дар соли гузашта дар ин кишвар 185 ҳазор ҷойҳои кор эҷод шуда, аммо ин миқдор ҷойҳои кор дар роҳи коҳиши мизони бекорӣ нақши чандон муаасире надоштааст.

 

Масъулони вазорати рушди иқтисод ва тиҷорати Тоҷикистон гуфтанд, ки муҳоҷирати ҳудуди 1 милюн тан аз атбоъи тоҷик ба Русия ва Қазоқистон барои дарёфти кор дар коҳиши ташаннуҷ дар бозори кори Тоҷикистон мусоъидат кардааст.

 

Дар ҳамин ҳол, Кори Удовички, раиси Идораи минтақавии Барномаи тавсеъаи СММ барои кишварҳои Урупо ва Иттиҳоди Кишварҳои Мустақили Муштаракулманофеъ таъкид кард, бо таваҷҷӯҳ ба кӯҳистонӣ будани 93 дар сади ҳудуди Тоҷикистон ҳалли мушкили иштиғол аз тариқи рушди бахши кишоварзӣ душвор хоҳад буд.

 

Хонуми Удовички мӯътақид аст, ки рушди бахши хусусӣ ва таъсиси корхонаҳои коркарди маҳсулоти кишоварзӣ метавонад дар поин бурдани мизони бекорӣ дар Тоҷикистон, бахусус, дар манотиқи рустоӣ нақши калидӣ дошта бошад.

 

Тарҳи ҷадид барои рушди башарӢ дар Тоҷикистон

Дар поёни маросими муаррифиии Гузориши Миллӣ дар рушди башарӣ дар Тоҷикистон миёни Барномаи тавсеъаи СММ ва вазорати рушди иқтисод ва тиҷорати Тоҷикистон тарҳи ҷадиди “Иҷрои кунсепсиюни рушди башарӣ дар Тоҷикистон” имзо шуд. Ҳазинаи ин тарҳ 500 ҳазор дулори омрикоӣ буда ва беҳбуди вазъи иҷтимоъӣ ва таҳияи сиёсати иҷтимоъию иқтисодии Тоҷикистон аз аҳдофи он унвон шудааст.

 

Дар назар аст, дар чаҳорчӯби ин тарҳ ду Гузориши Миллӣ дар мавриди рушди башарӣ таҳия шуда ва Маркази Путенсиёли Рушди Башарӣ бунёд ва омӯзиши он дар яке аз Донишгоҳҳои Тоҷикистон роҳандозӣ шавад.

 

Би-Би-Си

Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi