ОҒОЗИ ТАРҲИ БУНЁДИ "ХОНАИ ЭРОН" ДАР ДУШАНБЕ - ОҒОЗИ ТАРҲИ БУНЁДИ
"Суиистифодаи қудратҳои хориҷӢ"
Дар солҳои ахир давлати Ҷумҳурии Исломӣ талош кардааст бо эрониёни хориҷ аз ин кишвар иртибототи қавитаре эҷод кунад. Таҳлилгарон мегӯянд, ки ҳадафи ин кишвар аз як сӯ истифода аз зарфиятҳо ва манобеъи фаровони иқтисодиест, ки эрониёни бурунмарзӣ дар ихтиёр доранд. Аз сӯйи дигар, давлати Эрон мехоҳад бо муттаҳид сохтани эрониёни бурунмарзӣ ва ҷалби онҳо ба мафоҳили фарҳангию ҳунарӣ аз ончи "суиистифодаи қудратҳои хориҷӣ аз онон" медонад, ҷилавгирӣ кунад.
Дар суханоне аз Муҳаммадшарифи Маликзода, дабири кулли Шӯрои олии умури эрониёни хориҷ аз кишвар, ки дар сойти ин созмон мунташир шуда, омадааст: "Эрониёни муқими хориҷ аз кишвар ҳамвора дар тӯли солҳои баъд аз пирӯзии инқилоби исломӣ ба иллати суиистифодаи қудратҳои хориҷӣ ба чолише барои низом табдил шуда буданд, ба тавре ки зиндагии онҳо, вокунишҳое, ки дар хориҷ аз кишвар доштанд ва ҳошияи ин масоил ҳамеша бахши умдае аз энержии низомро ба худ ихтисос медод..."
Ин сойт меафзояд: "Ибтикори дуктур Маҳмуди Аҳмадинажод дар баҳо додан ба мавзӯъи эрониҳои хориҷ аз кишвар бо ташкили Шӯрои олии эрониёни хориҷ аз кишвар мӯҷиб шуд, то аз путонсиял ва зарфияти ҳамватанонамон дар он сӯи марзҳо ба таври фаъол дар кишвар истифода шавад." Исфандиёр Раҳим Машоӣ бо ҳайъате аз мақомоти эронӣ шоми рӯзи шанбе вориди Душанбе шуд. Вай рӯзи якшанбе ҳамчунин аз маҳалли бунёди нерӯгоҳи Сангтӯда-2, ки тавассути ширкате эронӣ сохта мешавад, боздид кард. Шоми рӯзи якшанбе вай дар маросими оғози мусобиқоти байналмилалии варзишҳои зӯрхонаӣ ширкат кард ва сипас бо эрониёни муқими Тоҷикистон дидоре анҷом дод.
Ба гуфтаи манобеъи сафорати Эрон дар Душанбе, қарор аст оқои Машоӣ рӯзи душанбе бо Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳур ва Оқил Оқилов, нахуствазири Тоҷикистон ва чанде дигар аз мақомоти тоҷик мулоқот ва ҳамчунин санади ҳусни тафоҳуме дар бораи таъсиси "Хонаи Эрон" имзо кунад. Ифтитоҳи як маркази заминшиносӣ дар Душанбе ва боздид аз маҳалли истудиюи телевизиюни муштараки се кишвари форсизабон, ки қарор аст базудӣ гушоиш ёбад, аз дигар барномаҳои сафари вай аст.
Би-Би-Си
Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/ijtimo/2654----q-q--.html?start=1
- << Қаблӣ
- Баъдӣ