19:05:59 28-уми Июни 2025 сол

БАРХӮРДИ ПУЛИСИ СУҒД БО "МАДРАСАҲОИ ХОНАГӢ"

Ниҳодҳои интизомии вилояти Суғд дар амалиёти вижае ба номи "Мадраса" шаш мавриди омӯзиши ғайриқонунии мазҳабӣ дар манозили хусусиро ошкор карда ва алайҳи созмондиҳандагони ин мадрасаҳои хонаводагӣ парванда боз кардаанд. Тибқи иттилоъи идораи умури дохили устони Суғд, дар пайи ин амалиёт дар шаҳру навоҳии Исфара, Истаравшан, Панҷакент ва Бобоҷон Ғафуров тадриси ғайриқонунии мабонии дин ба кӯдакон ошкор шудааст.

 

Як манбаъи пулис, ки аз бурдани номаш худдорӣ кард, дар ин бора гуфт: "Маъруф Розиқов, як сокини шаҳри Исфара, дар хонаи худ ба таври ғайриқонунӣ мактаби тадриси исломӣ ташкил кардааст. Дар ин хона 20 кӯдак ва навраси 8 то 16-сола асосҳои дини исломро меомӯхтанд."

 

Дар натиҷаи ин амалиёт, ба унвони далели шайъӣ аз хонаи Маъруф Розиқов китобҳои динӣ ёфт шудааст. Гуфта мешавад, ки алайҳи Маъруф Розиқов бар асоси қонуни идории Тоҷикистон парвандае боз шуда ва ба додгоҳи шаҳри Исфара ирсол шудааст. Ҳамчунин, ба гуфтаи ин манбаъ, зимни амалиёти пулис дар шаҳри Истаравшан ошкор шудааст, ки як сокини маҳаллӣ дар хонаи худ барои духтарон омӯзиши исломро ба роҳ мондааст. Гуфта мешавад, ки барои омӯзиши таъолими динӣ духтарон пайваста ба назди бибиотуне ба ин хона мерафтанд.

 

Дар гузашта, дар устони Суғд муллоҳо барои ҷавонписарон ва бибиотунҳо барои ҷавондухтарон таълими исломро дар хонаҳои худ созмон дода буданд. Ҳоло қонуни Тоҷикистон таъсиси ғайримуҷози мадрасаҳои хонаводагиро мамнӯъ карда ва барои созмон додани он ҷарима таъйин кардааст. Ба гуфтаи соҳибназарон, таълими дин дар хонаводаҳо маъмулан ба таври ройгон анҷом мешавад ва муллоҳо мегӯянд, ки ин корро "дар роҳи савоб ва барои Худо" анҷом медиҳанд.

 

Амалиёти пулис барои кашфи ончи "мадрасаҳои хонагӣ" хонда мешавад, вокунишҳои гуногуне ба дунбол дорад. Бархеҳо аз он истиқбол карда ва мегӯянд, ки давлат бояд надиҳад, ки дар таълими дин ва мазҳаб бебандуборӣ ва ҳарҷу марҷ ҳоким бошад.

 

Хайрулло Исмоилов, коршиноси маҳаллӣ дар шаҳри Хуҷанд, мегӯяд: "Ин амалиёт аз як сӯ хуб аст, зеро барои аксари мардум ин ки дар хона муллоҳо чиро омӯзиш медиҳанд, маълум нест. Ин амалиёт ошкор мекунад, ки муллоҳо ба толибилмон аз чӣ шеваи таълим кор мегиранд ва чиро омӯзиш медиҳанд."

 

Вале бархи дигар гирифтани таълимоти динро ҳаққи ҳалоли кӯдакон медонанд ва мегӯянд, ки барои ин кор гирифтани иҷозаи волидон кофӣ аст. Феълан, дар Тоҷикиcтон, бар асоси қонун дар бораи озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ, ки соле қабл ба тасвиб расид, омӯзиши динӣ дар хонаҳо ба таври гурӯҳӣ мамнӯъ аст. Вале падару модарон худашон иҷоза доранд усули динро ба кӯдаконашон таълим диҳанд. Дар ҳамин ҳол, аз соли гузашта ба ин сӯ толибилмон дар макотиби миёнаи Тоҷикистон фанни махсусе бо номи "Маърифати Ислом"-ро меомӯзанд.

 

Би-Би-Си

Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/ijtimo/2685-----q-q.html

 

Назари Шумо

Security code
навсозӣ