ПРОФЕССОРИ РУС ОБИ ҲАЁТРО КАШФ КАРДААСТ?
Профессори институти биологияи физикӣ-химиявии Донишгоҳи Давлатии Маскав ба номи М. В. Ломоносов Владимир Скулачев антиоксидантеро кор карда баровардааст, ки он эҳтимол дорад садди роҳи пиршавӣ шуда тавонад. Ба қавли ин олим, оксиген дар ҷисми инсон дар 99 дар сади ҳолатҳо ба оби безарар табдил меёбад, вале дар 1 дар сад бошад ба супероксиде, ки моддаҳои заҳрогинро дар ҷисм ба вуҷуд меоранд. Барои аз ин моддаҳои заҳрнок халос шудан организми инсон ба антиоксидант эҳтиёҷ дорад, ки он ҳамон ҷараёни пиршавиро, ки аз паси заҳролудшавӣ дар организми инсон шиддат мегирад, боз медорад.
Таҷрибаҳое, ки олим дар ҳайвонҳои гуногун гузаронидааст, умедворкунанда ба назар мерасанд. Масалан, калламуше, ки антиоксидантро истеъмол кардааст, аз ҳамтои худ, ки мавриди таҷриба қарор гирифта буд, хеле ҳушёру чаққон ба назар мерасад. Ихтироъкор баъзе корҳоро дар организми худ низ таҷриба кардааст. Масалан, доруи чашми ихтироъкардаашро истифода бурда дар зарфи ним сол аз касалии катаракта наҷот ёфтааст. Ин таҷрибаро духтурҳо расман эътироф намудаанд.
Олим ба ин натиҷа дар зарфи 40 соли меҳнати пурмашаққат расидааст. Ӯ бештари вақти худро сарфи он кардааст, ки ҷиҳатҳои зарарноки давои ихтироънамудаашро муайян бисозад. Дору дар марҳилаи ниҳоии ихтироъшуданаш қарор дорад. Тақрибан боз ду соли дигар дар таҷрибаҳои лабораторӣ сарф хоҳад шуд. Баъдан ба истеҳсоли оммавии он оғоз хоҳанд кард.
Таҳияи Султони Ҳамад, «ИмрӯзNews»
Манбаъ: http://news.bcm.ru/doc/11614
Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/ijtimo/3133-2010-09-16-05-33-26.html