12:30:29 29-уми Апрели 2025 сол
Внимание
  • Lack of access rights - File '/images/stories/2010/09/16_tajmahal2365'
  • Lack of access rights - File '/images/stories/2010/09/16_tajmahal2365'

ТОҶМАҲАЛ ЗЕРИ ОБ МЕМОНАД?

Бо сабаби номӯътадилии обу ҳаво, боришоти пай дар пай ва баланд шудан сатҳи об дар Ҳиндустон, мақбараи бузурги Тоҷмаҳалро дар ин кишвар обхезӣ таҳдид мекунад. Ба иттилои расонаҳои хабарӣ, боришоти зиёди рӯзҳои охир, ки 15-рӯз боз дар баъзе манотиқи ин кишвар  идома дорад, як қатор мавзеҳои аҳолинишини наздисоҳилиро хароб кардааст. Гуфта мешавад баъзе аз обу ҳавошиносон бар ин назаранд, ки агар вазъи ҳаво бо чунин шиддат ҷараён бигирад, эҳтимол, об аз дарёи Ҷамна убур карда, Тоҷмаҳал низ аз ин обхезӣ зарар бинад.

 

Ёдрас мешавад, Тоҷмаҳал ёдгорие аз шоҳкориҳои меъмории исломӣ ва яке аз аҷоиботи ҳафтгонаи дунё ба ҳисоб рафта, соли 1631 бо фармони Шоҳҷаҳон, сохта шудааст. Шоҳҷаҳон Тоҷмаҳалро барои ёдбуди ҳамсари маҳбубаш, ки аз вай хоста буд, баъд аз ӯ зан нагирад ва барояш мақбарае бисозад, ки бо он номаш ҷовид боқӣ бимонад, бунёд кардааст.

 

Дар бунёди Тоҷмаҳал беш аз 20,000 ҳунарманд ва меъмор дар тӯли 16 сол аз нуқоти мухталифи Осиё, ба хусус Осиёи Миёна, Эрон, нимҷазираи Ҳинд ва ғайра ширкат доштаанд. Имрӯзҳо Тоҷмаҳал яке аз мавзеъҳои асосии сайругашти ҷаҳонгардон аз тамоми гӯшаву канори дунё ба ҳисоб меравад. Даҳҳо нафар сайёҳони тоҷикистонӣ низ ҳамасола аз ёдгории таърихӣ дидан мекунанд.

 

Амруллоҳи Низом, «ИмрӯзNews»

Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/ijtimo/3135-2010-09-16-05-42-43.html

Назари Шумо

Security code
навсозӣ