02:21:56 01-уми Июли 2025 сол

ТАҒЙИРИ ТАРҲИ МАСҶИДИ АЛ-БУХОРӢ ДАР ДУШАНБЕ

Гунҷоиши теъдоди намозгузорон дар масҷиди Ал-Бухорӣ, ки давлати Қатар бунёд мекунад, аз 150 ҳазор то 105 ҳазор нафар коҳиш ёфтааст. Холид ибни Муҳаммад ал-Аттия, вазири давлатии Қатар дар умури ҳамкориҳои байналмилалӣ, рӯзи ҷумъаи 17 сентябр, ба хабарнигорон гуфт, ки бо Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳурии Тоҷикистон дар заминаи тарҳи ин масҷид тавофуқ кардааст. Оқои ал-Аттия гуфт, ки тибқи ин тарҳ ҳамзамон дар дохили масҷид 25 ҳазор ва дар майдони он 80 ҳазор намозгузор ибодат хоҳанд кард.

 

Қаблан, давлати Қатар эълом карда буд, ки ин масҷид дар шаҳри Душанбе бо гунҷоиши ҳамзамон 150 ҳазор намозгузор аз масҷиди бузургтарин дар Осиёи Маркази хоҳад буд. Дар маросими оғози сохтмони ин масҷид дар моҳи октябри соли гузашта Холид ибни Муҳаммад ал-Аттия гуфта буд, ки масҷиди Ал-Бухорӣ аз ҷониби ширкати сохтмонии Аднон Сафаринии Аморати Муттаҳидаи Араб дар зарфи панҷ соли оянда бунёд шуда ва дар он ба ғайр аз маҳалли намозгузорӣ, китобхона, осорхона ва толори маҷлис низ ҷо хоҳад гирифт.

 

Вазири давлатии Қатар дар умури ҳамкориҳои байналмилалӣ аз ироаи ҷузъиёт дар бораи таҷдиди назар дар ин тарҳ худдорӣ карда ва гуфт, ки тарҳи феълӣ аз сӯйи мақомоти Тоҷикистон пазируфта шудааст. Бар асоси тавофуқоти миёни Тоҷикистон ва Қатар дар назар буд, дар моҳи сентябри соли гузашта сохтмони маҷмаъаи “Диёри Душанбе” шурӯъ шуда ва дар моҳи сентябри соли оянда, дар остонаи ҷашни 20 –умин солгарди истиқлоли ин кишвар мавриди баҳрабардорӣ қарор гирад.

 

Холид ибни Муҳаммад ал-Аттия далели таъвиқ дар сохтмони онро ба мушкилоти фаннӣ хонда ва гуфт, ки дар майдони сохтмонӣ дар хиёбони Низомии Ганҷавии шаҳри Душанбе хатти баландшиддати барқ мавҷуд буд ва ин амр барои коргарон хатар эҷод мекард. Оқои ал-Аттия гуфт, ки ҳоло ин мушкил рафъ шуда ва қарор аст, дар рӯзҳои наздик бунёди ин маҷмаъ шурӯъ шавад. Ҳамзамон, ин мақоми давлати Қатар таъкид кард, ки ҳамакнун тарҳҳои масҷиди Ал-Бухорӣ ва маҷмаъаи “Диёри Душанбе” бо ҷониби Тоҷикистон мувофиқа шуда ва дар рӯзҳои наздик бунёди ин биноҳо оғоз хоҳад шуд.

 

Би-Би-Си

Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/ijtimo/3145-2010-09-18-05-52-19.html

Назари Шумо

Security code
навсозӣ