АВВАЛИН ҚУРБОНИИ ДАРГИРИИ КАМАРОБ БА ХОК СУПУРДА ШУД
Ҷасади Алишери Умаралии 19 сола, сарбози вазорати дифои Тоҷикистон ва аввалин қурбонии ҳамлаи хунини рӯзи 19 -уми сентябри Камароб сӯбҳи имрӯз дар деҳаи Чавалайи ноҳияи Рӯдакӣ ба хок супурда шуд. Падари Алишер, Умаралӣ Мирзоев дар сӯҳбат бо радиои Озодӣ гуфт, ки писараш моҳи майи соли ҷорӣ бо ихтиёри худ ба хидмат рафта буд. Алишер писари калонии хонавода буд. Падари Алишер гуфт: «Пеш аз моҳи Рамазон гуфта буд, ки падар, мора Рашт мебаран, рафта ва расидам, зангатон мезанам, Аммо дигар занг назад ...»
Алишер бо чор тан хоҳару бародараш дар хонаводае камбизоат ба воя расида буд. Модари Алишер, Моҳшариф Мирзоева гуфт, бори охирин писарашро се рӯз пеш аз моҳи Рамазон дидааст: «Писарам омда гуфт, ки оча, моро Рашт мебаран. Бузбалаҳора (паҳлавонҳоро) Рашт мебаран. Бачаи бузабалаи мара Рашт ҷанг бурдан, мурадаш оварданд».
Афроде, ки ҷасади захмиву маҷрӯҳи Алишерро шустаанд, мегӯянд, дар баданаш нишони 6 тир буд. Бобои Шариф, ки ҷасади Алишеро шустааст, гуфт: «Сари синааш аз зарб дарида буд. Дигар задагӣ. Пояҳояш тамоман афгор. Аввал аз дур задан, баъд аз пеш боз тир задан. Ин бечора чи гуноҳ дошт».
КУШТА ШУДАНИ 23 САРБОЗИ ҲУКУМАТӢ ДАР ДАРГИРИҲОИ РАШТ
ГУЗОРИШҲО АЗ ДАРГИРӢ ДАР ШАРҚИ ТОҶИКИСТОН
ФАЪОЛОНИ РАШТ: АЛАЙҲИ ЗАРХАРИДОН ҚИЁМ КУНЕД
Ҳарамгули Қодир, «Озодӣ»
Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/ijtimo/3161-2010-09-20-08-55-27.html
Шарҳҳо
RSS Обуна