17:51:26 01-уми Июни 2025 сол
Внимание
  • Lack of access rights - File '/images/stories/2010/09/23_anatomiqta_2147'
  • Lack of access rights - File '/images/stories/2010/09/23_anatomiqta_2147'

ИХТИРОЪИ ДОРУИ ЗУКОМИ ПАРРАНДА ДАР ТОҶИКИСТОН

Олимони тоҷику рус бар зидди бемории зукоми парранда ваксина ихтироъ кардаанд. Тавре аз Институти байтории Академияи илмҳои кишоварзӣ хабар доданд, олимони институт дар якҷоягӣ бо институтҳои Русия дар ҷамъбасти мавзӯҳои панҷсолаи илмӣ 2 ваксина: яке алайҳи гули буз ва дигаре бар зидди бемории зукоми парранда ихтироъ гардид. Ихтироъи доруҳо бо истифода аз имкониятҳои маҳаллӣ хеле зарур аст, - мегӯяд директори Институти мазкур, доктори илмҳои ветеринарӣ, профессор Давлаталӣ Мирзоев.

 

Ба гуфтаи вай, имрӯз дар деҳот сабаби паҳншавии касалиҳо нарасидани мутахассисони касбӣ ва кам баргузор шудани курсҳои бозомӯзии мутахассисон дар соҳа мебошад. Ба гуфтаи Давлаталӣ Мирзоев, бемории зукоми паранда, ки соли гузашта тамоми ҷаҳонро ба таҳлука овард, ҳанӯз аз солҳои 70-и қарни 20-ум мавриди омӯзиши олимони Институти ветеринарӣ қарор дорад.

 

«Имрӯз қудрати институти мо дар ташхис намудани касалиҳои сироятӣ баробари давлатҳои мутараққӣ мебошад. Чунки мутахассисони тайёркардашудаи мо бо сертификатҳои байналмиллалӣ эътироф шудаанд» - ёдоварӣ мешавад профессор.

 

Муҳаммаднабӣ Баёнов, «ИмрӯзNews»

Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/ijtimo/3198-2010-09-23-16-27-57.html

Назари Шумо

Security code
навсозӣ


sultoni-qalbho
 
taronahoi jovidonai ahmad zohir 2025

lohuti ohangsoz ham bud

ahmad zahir va musiqii gharb 45458754
 
askshoi-khotiravi
 
rudaki chang bigriftu 12214554
 
payvandi ahmad zahir bo mavlavi 548787
 sultoni qalbho qismi duvvum 4544854