ТОЛИБА МАКТАБАШРО ҶАРИМА АНДОХТ
Мактаби округи Танханнок, ки дар шимолу шарқии штати Пенсилванияи ИМА ҷойгир аст, ба яке аз толибаҳои хатмкунандаи мактаб 33 ҳазор доллар ҷарима пардохт мекунад. Ин дар ҳоле сурат гирифтааст, ки омӯзгорони мактаб ҳангоми дарс телефони мобилии ӯро мегиранд ва аксҳои маҳрамонаашро тамошо мекунанд.
Дар ин бора сайти ACLU- Иттиҳодияи дифои ҳуқуқи шаҳрвандони Амрико иттилоъ додааст. Ҳангоми дарс телефони толибаи синфи болоие занг мезанад. Муаллим телефони ӯро аз дасташ гирифта ба директори мактаб медиҳад. Баъди дарс директори мактаб ӯро ба назди худ даъват карда барои аксҳои маҳрамонаи дар ҳофизаи телефонаш буда ӯро сарзаниш мекунад ва ба нишонаи ҷазо ӯро се рӯз аз мактаб омадан манъ месозад. Духтар аз ин амали устодон норозӣ шуда ба суд шикоят мебарад.
Мақомоти ҳифзи ҳуқуқ аризаи толибаро баррасӣ намуда, роҳбарияти мактаби мазкурро ба қонуншиканӣ айбдор намуда, онҳоро вазифадор намудааст, ки ба маблағи 33 ҳазор доллар ба духтар ҷуброни маънавӣ пардохт намоянд. Ҷабрдида иброз медорад, ки ин ҳодиса метавонад ба омӯзгороне, ки «шавқманди» дидани аксҳо ва хондани номаҳои аз тариқи SMS фиристодашудаи талабагон ҳастанд, ҳамчун панде хизмат намояд.
Таҳияи Пӯлоди Зубайдӣ, «ИмрӯзNews»
Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/ijtimo/3234-2010-09-29-05-49-29.html