ХУҶАНД: ИНТЕРНЕТ ВА ИФРОТГАРОИИ МАЗҲАБӢ
Ибтидои моҳи сентябр аввалин ҳамлаи интиҳорӣ дар Тоҷикистон, ки дар як сохтмони пулис дар шаҳри Хуҷанд рух дод, чаҳор кушта ва 25 захмӣ бар ҷой гузошт. Бештари осебдидагони ин ҳодиса маъмурони пулис ҳастанд. Мақомот гуфтанд, ки эҳтимол дорад афроди муҳоҷим аз ҷумлаи пайравони Ҳаракати исломии Узбакистон, як гурӯҳи мазҳабии мамнӯъ дар Осиёи Миёна бошанд, ки бо созмони Алқоъида низ муртабит аст. Хуҷанд, маркази вилояти Суғд, дар даврони Иттиҳоди Шӯравӣ аз марокизи пешрафтаи санъатӣ дар шимоли Тоҷикистон маҳсуб мешуд. Акнун фақру бекорӣ, фасоди молӣ ва набуди фурсатҳои шуғлию таҳсилӣ ҷавонони зиёдеро ба домани гурӯҳҳои мазҳабии ифротгаро афкандааст.
Хуҷанд дувумин шаҳри бузурги Тоҷикистон аст. Дар тӯли таърихи беш аз 2500-солаи хеш ин шаҳр ҳамлаву тороҷи бегонагонро зиёд дидааст: аз Искандари Мақдунӣ гирифта то Чингизхон ва русҳо. Ҳоло ин шаҳр бо ҳамлаи дигаре рӯбаруст, ки бо андеша ва афкори мардум сару кор дорад: ифротгароӣ ва ҷиҳоди ҷаҳонӣ дар интернет.
Ҳаракати исломии Узбакистон як созмони ифротгаро маҳсуб мешавад, ки ҳоло тарафдоронаш дар шимоли Покистон ва Афғонистон ҳамроҳ бо Толибон алайҳи неруҳои давлатӣ ва байналмилалӣ меҷанганд. Монанди шаҳрҳои дигари Тоҷикистон дар Хуҷанд ҳам ҳар кас метавонад бароҳатӣ вориди сойти интернетии ин гурӯҳ шавад. Аммо зоҳиран танҳо Ҳаракати исломии Узбакистон нест, ки машғули таблиғи ҷиҳоди ҷаҳонӣ аз тариқи интернет аст.
Фарҳод Ҷӯраев, сардабири нашрияи “Суғд ҳақиқати”, мегӯяд: “Имрӯзҳо бисёр созмонҳои динии ифротгаро сойтҳои интернетии худро доранд. Касе замонат дода наметавонад, ки як ҷавони масалан 16 ё 17-сола бо роҳи истифода аз интернет таҳти таъсири ин ё он гурӯҳи ифротгаро қарор нагирад. Чунин хатар вуҷуд дорад, зеро ба назари ман, дар Тоҷикистон сойтҳои интернетӣ таҳти назорат нестанд.”
Ба гуфтаи манобеъи расмӣ, тайи даҳ соли ахир беш аз 300 нафар ба иттиҳоми узвият дар Ҳизбуттаҳрир, як гурӯҳи мазҳабии мамнӯъ дар Тоҷикистон, зиндонӣ шудаанд. Ҳадафи ин гурӯҳ эҷоди як хилофати исломист. Теъдоде аз аъзои зиндонии Ҳизбуттаҳрир сокинони вилояти Суғд ҳастанд. Баҳром номи мустаъори марди ҷавонест, ки 34 сол дорад. Вай монанди садҳо ҷавони дигари тоҷик барои узвият дар Ҳизбуттаҳрир шаш соли умрашро дар зиндон гузарондааст.
Вай аз наҳваи бархурди мақомот бо зиндониён, аз ҷумла аъзои зиндонии Ҳизбуттаҳрир, мегӯяд: “Чанд рӯзи аввал онҳо шуморо шиканҷа мекунанд. Бахусус агар онҳо ҳеч далеле барои исботи ҷурми шумо надошта бошанд, шумо ҳатман шиканҷа мешавед. Баъзеҳоро ба сандалии барқӣ менишонанд, дастони баъзеи дигарро бо оҳани доғ месӯзонанд, устухонҳояшонро мешикананд. Сипас, муҳокима ва барои давраҳои тӯлонӣ ба зиндон маҳкум мекунанд.”
Бархе аз соҳибназарон мегӯянд яке аз сабабҳои гароиши ҷавонон ба андешаҳои ифротгароёна ин аст, ки бекории густардаи ҷавонон ба мушкиле доғе дар вилояти Суғд табдил шудааст. Алишер яке аз cадҳо ҷавон аст, ки дар бозори коргарони кироя ё “мардикорбозор” дар маркази шаҳри Хуҷанд мунтазири корфармоёни пулдор аст.
Вай мегӯяд: “Ман маълумоти олӣ дорам. Аз бахши шимиё ва зистшиносии Донишгоҳи Хуҷанд фориғуттаҳсил шудам. Аз сабаби бекорӣ ба ин ҷо меоям ва агар коре пайдо шавад, ҳамроҳи бачаҳое, ки аз ноҳияҳои дигар ин ҷо омадаанд, онро анҷом медиҳем. Агар пул ёбем, ба хона мебарем, то зиндагиамонро пеш барем. Набудани пул ва набудани кор сабаб мешавад ҷавонон узви Ҳизбуттаҳрир шаванд, велгардӣ кунанд ва шаробхор шаванд.”
Ҳамакнун аз замони ҳукумати Шӯравӣ, ки Хуҷандро ба як шаҳри пешрафтаи санъатӣ табдил дода буд, фосилаи замонии зиёде гузаштааст. Он вақт ин шаҳр Ленинобод ном дошт, садҳо корхонаи санъатӣ дар ин ҷо фаъол буданд. Ҷамъияти қобили мулоҳизае аз русҳо дар Хуҷанд ва маҳаллоти атрофи он зиндагӣ мекарданд. Баъзе аз муассисаҳо ва корхонаҳои санъатӣ, монанди корхонаи урониюми “Востокредмет”, мустақиман таҳти назари Маскав, фаъолият мекарданд.
Акнун бештари ин корхонаҳо аз фаъолият бозмондаанд ва ё ба таври комил кор намекунанд. Масалан, корхонаи абрешими Хуҷанд дар гузашта 13 ҳазор коргар дошт, вале имрӯз андаке бештар аз 1000 нафар дар он ҷо кор мекунанд. Густариши нуфузи исломро дар масоҷиди шаҳри Хуҷанд бахубӣ метавон мушоҳида кард. Ҳазорон нафар аз мардуми маҳаллӣ, ки умдатан ҷавонону наврасон ҳастанд, ҳар рӯзи ҷумъа барои хондани намоз ба масҷиди Шайх Маслиҳатдини ин шаҳр меоянд.
Чанд сол пеш намозгузорон дар ин ҷо камтар ба назар мерасиданд, вале ҳоло рӯзҳои ҷумъа баъзеҳо ҳатто аз сабабии пур будани масҷид дар беруни муҳавватаи он ба ибодат мепардозанд. Масҷиди “Нури ислом” дувумин масҷиди бузург дар шаҳри Хуҷанд аст. Он бо пули хайрияи мардум сохта шудааст. Ин масҷид соли 1991, дуруст пас аз чаҳор рӯзи истиқлоли Тоҷикистон ифтитоҳ шуд.
Ибодуллоҳ Калонзода, имомхатиби ин масҷид, аз ҳузури густардаи ҷавонон дар масоҷид хушҳол аст, вале гароиши баъзе ҷавонон ба гурӯҳҳои тундрави мазҳабӣ ӯро нигарон кардаааст. Оқои Калонзода мегӯяд: “Дар тӯли 70-80 сол давлат зидди дин буд.Тоҷикистон мустақил шуд, дарҳо боз шуданд, ҷараёнот ва фикру ақидаҳо бо ҳар роҳ ба кишвар дохил шуданд. Аммо ба назари ман, сабаби аслии гароиши баъзе ҷавонон ба Ҳизбуттаҳрир, Салафия ва гурӯҳҳои дигари мазҳабии мамнӯъ бехабарии онҳо аз ислом аст.”
Дар муқобил, бисёре аз ҷавонон, ки ба гурӯҳҳои мазҳабии мамнӯъ, монанди Ҳизбуттаҳрир, пайвастаанд, мӯътақиданд, ки роҳи дурустеро интихоб кардаанд. Баҳром, зиндонии собиқи Ҳизбуттаҳрир, дар ин бора мегӯяд: “Вақте шумо дар Тоҷикистон ҷавон ҳастед, воқеъан интихоби зиёде надоред. Агар мехоҳед дар донишгоҳ таҳсил кунед, бояд ришва бидиҳед, вақте аз донишгоҳ фориғ мешавед, барои пайдо кардани шуғл ба мансабдорон бояд ришва бидиҳед. Аммо агар нафаре ба ин ҷавон тавзеҳ бидиҳад, ки дар ислом адл ва инсоф ҳаст, албатта вай исломро интихоб мекунад, ки ба назари ман, кори дурустест.”
Дар замони шӯравӣ, замони ҳукумати идюлужии кумунистӣ бештари раҳбарони Тоҷикистон аз Хуҷанд бархоста буданд. Ба ин сабаб нуфузи одобу суннатҳои исломӣ дар ин ҷо камтар эҳсос мешуд. Дар қиёс бо ин шаҳр, дар водии Рашт, дар шарқи Тоҷикистон, мардум чи дар гузашта ва чи ҳоло нисбатан суннатгаро ҳастанд. Яке аз далоили нуфузи Ҳизбуттаҳрир ва гурӯҳҳои дигари мазҳабии ғайрирасмӣ дар шимоли Тоҷикистон нисбат ба шарқи ин кишвар ҳам зоҳиран ҳамин аст.
Сӯҳроби Зиё, Би-Би-Си
Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/ijtimo/3242-2010-09-30-06-19-54.html