19:23:45 24-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

НИГОҲ АЗ ДУШАНБЕ БА ҲОДИСАҲОИ ШИНҶОН

Дар нооромиҳои шаҳри Урумчии вилояти Шинҷони Чин аз шаҳрвандони Тоҷикистон касе осеб надидааст ва боздошт низ нашудааст.

Давлат Назрӣ, сухангӯи вазорати умури хориҷии Тоҷикистон дар як сӯҳбат бо радиои «Озодӣ» гуфт, ҳарчанд тоҷирони тоҷик бо Урумчии Чин ҳамкориҳои густарда доранд ва молу колои бозорҳои Тоҷикистон аксаран аз ин шаҳр оварда мешавад, аммо дар даргириҳои рӯзҳои ахири ин шаҳр аз шаҳрвандони Тоҷикистон касе зарар надидааст.

Сухангӯи вазорати умури хориҷии Тоҷикистон гуфт, вазорати умури хориҷии кишвар дар бораи худдорӣ кардани шаҳрвандон аз сафар ба ин шаҳри Чин санади расмӣ нашр накардааст. Вай афзуд, худи шаҳрвандон бояд тасмим бигиранд, ки дар чунин вазъ ҳамкориҳои тиҷоратиро бо ин минтақаи ошӯбзадаи Чин идома диҳанд ва ё муваққатан қатъ созанд.

Дар ҳамин ҳол бархе аз соҳибкорон ва тоҷирони тоҷик аз бесуботии вазъ дар Урумчӣ изҳори ташвиш мекунанд. Онҳо мегӯянд, дар чунин вазъият наметавонанд тиҷорати худро орому осуда ба роҳ монанд. Аз як сӯ аксарияти роҳҳои иртиботӣ маҳдуд шуда, аз тарафи дигар итминон бар сафари бехатар ба ин кишварро надоранд.

Зойир Саъдуллозода, як тан аз соҳибкорон дар бозори Корвони шаҳри Душанбе, мегӯяд, ки ӯ тасмим гирифтааст, то барқарор шудани оромӣ ва субот аз сафар ба Урумчӣ худдорӣ кунад, ҳарчанд медонад, ки ин тасмим ба тиҷораташ зиён хоҳад дошт.

Дар ин миён бархе аз шаҳрвандони Чин, аз ҷумла уйғурҳои сокини Урумчӣ, ки дар шаҳри Душанбе ба тиҷорат машғуланд, вазъи дохили кишвари худро бо нигаронӣ пайгирӣ мекунанд. 

Чиноиҳое, ки дар бозори маъруф ба «Хитойбозор»-и шаҳри Душанбе машғули тиҷоратанд, як каме боҷуръаттар сӯҳбат карданд ва аз он изҳори нигаронӣ карданд, ки наметавонанд бо пайвандони худ тамос дошта бошанд. Зеро иртибот тавассути телефон ва интернет бо ватанашон қатъ шудааст. 

Аз ҷумла як нафари онҳо гуфт, «чанд рӯзи ахир воқеан кори тиҷорати мо хуб пеш намеравад. Албатта ин таъсири ҳодисаҳои ахир дар Шинҷон аст. Мо хавотир ҳастем. Ҳеҷ гуна алоқа ва иртибот бо хешу табор надорем».

Аммо як сокини шаҳри Урумчӣ, ки бо каме ҳаросу бим сӯҳбат мекард, хушбин буд, ки мақомоти Чин авзоъро дар зудтарин фурсат ором хоҳанд кард. Ва ӯ низ мехоҳад, ҳарчи зудтар оромӣ дар кишвараш устувор шавад.

Аммо таҳлилгарони тоҷик рӯйдодҳои ахири хунин дар вилояти Шинҷони Чинро натиҷаи бархурди номуносиби мақомоти марказӣ бо ақаллиятҳои қавмиву мазҳабӣ, нодида гирифтани ҳуқуқҳои инсонии онҳо ва дар вартаи нобудӣ қарор додани онҳо арзёбӣ мекунанд.

Сайидаҳмади Қаландар, мудири маркази таҳлилии мавсум ба «Сипеҳр», мегӯяд, исёни мардуми бумии вилояти Шинҷон собиқаи тӯлонӣ дорад ва он бори дигар баёнгари он аст, ки дар ин ҷо ақалоиятҳои қавмиву мазҳабӣ таҳти фишор қарор доранд.

Нооромиҳо дар шаҳри Урумчии Чин рӯзи 5уми июл оғоз ёфта, боиси ба ҳалокат расидани беш аз 150 нафар шудаанд.

Абдуқаюми Қаюмзод, «Озодӣ»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi