15:36:19 22-уми Майи 2025 сол

ФИРОРИ РӮШАНФИКРОН АЗ ТААССУБИ ДИНИСТ

Шоири шинохтаи тоҷик Бозор Собир дар ҳамин рӯзҳо дар Тоҷикистон қарор дорад, вале новобаста аз хоҳиши мухлисону ҳаводорони шеъраш дар Ватан бозистоданӣ нест. Тайи ин рӯзҳо ҳафтаномае нест, ки бе мусоҳиба бо ӯ, ё бидуни ишорае дар бораи вай нашр гардад. Дар аксарияти онҳо, Бозор Собир дар баробари интиқоди шадиди ноқисиҳои иқтисодӣҷтимоии кишвар, оиди густариши то ҳадди ифрот расидаи таассуби динӣ дар ҷомеаи тоҷик такрор ба такрор ҳарф мезанад.

 

bozor sobirАлбатта, барои як шахсияти рӯшанфикри озодандеш, ки баъди чандин соли ҳиҷрат ба Ватани худ баргаштааст, дидану пазируфтани ҷомеаи тоҷик дар шакли имрӯзааш хеле мушкил афтодааст. Дар кишваре, ки аҳли эҷодаш маданияти куҳан ва сухани волояшро муаррифӣ мекарданд, гулҳои сари сабади ҳар як маъракаи давлатию хусусӣ буданд, имрӯз ба қавли худи Бозор Собир «кӯчаю бозораш зери риш мондааст ва рӯзномаю расонаҳояш оинаи тавсифу таърифи ришу соҳибришон мебошанд». Дарди устодро дарк кардан осон аст.

 

Зеро агар ӯ дар пойтахти мадании кишварамон, ақаллан чанд зиёиеро аз ҳисоби шоиру нависандагон, устодони донишгоҳу таълимгоҳҳои мактабӣ бубинад ҳам, вақте пой берун аз пойтахт (то зодгоҳаш ва ё дигар ноҳияҳои кишвар) мениҳад, нишонаеро аз фарҳангу маданияти собиқ  намебинад. Ҳама хурду бузург бо ришҳои расидаи пошхӯрда, бо ҷелаку либосҳои  варзишӣ ҷониби масоҷид равонанду аз мавзӯҳое, ки Бозор Собир мехоҳад сӯҳбат кунад, фарсахҳо дуранд…, ақлу саводашон танҳо ба гӯш намудани чанд маъвизагуфторе дар сатҳи саводи чалла мерасаду халос. Ана, чи ҳақиқате ӯро водори фирор аз Ватанаш кардааст.

 

Вай ба қавли худаш дар Тоҷикистон танҳо «ифроти дин»-ро мебинад. Ба дарки ӯ, ҳадди ифрот то дараҷае боло рафтааст, ки пешвоёни дин имрӯз дар Тоҷикистон барои чанд дона мӯйи бадани инсон, ки буду набудашон дар ҳаёти инсон нақше намебозад, шевану фиғон мекунанд. Бозор Собир ва чанде дигар зиёиёни тоҷик ифроти динро аллакай як дафъа дар пӯсти худ ҳис карданд. Як дафъа сиёсатбозон ақидаҳои равшанфикронаи онҳоро бо ифроти динӣ омехта карданд ва онҳо муҷиби бадбахтию дарбадарӣ дар хоки бегона гашта то имрӯз шаҳди ғарибӣ мечашанд. Бозор Собир аз миёни интеллигенсияи тоҷик, ягона фарде нест, ки  ифроти дину таассуби он сабаби фирораш аз Ватан гардидааст.

 

Шумораи онҳо хеле зиёд аст. Акбар Турсун, яке аз файласуфони муосири тоҷики сатҳи ҷаҳонӣ, профессори адабиётшинос Раҳим Мусулмонқулов, ходимони саршиноси санъату кино Барно Исҳоқова, Шоиста Мулоҷонова, Б. Наматиев, Ҳанифа Мавлонова, Малика Қаландарова, Мағфират Ҳамроқулова, Маҳмуд Тоҳирӣ, Бурҳон Раҷабов, Оиша Ҳаётова, Давлат Худоназаров, Валерий Аҳадов, Бахтиёр Худоназаров, Сайдулло Қурбонов, Парвиз Назаров (ин рӯйхатро беинтиҳо давом додан мумкин аст) ва садҳо табибони шинохтаю соҳибтаҷрибаи тоҷик коҳиши шуури зеҳнӣ ва тафаккури умумии ҷомеаи миллӣ ва рӯ овардани онро ба таассуби динӣ дида, ба кишварҳое паноҳ бурданд, ки илму эҷод, фарҳангу ҳунар болотар аз арзишҳои дигаранд.

 

Дар ин ҷо намояндагони дигар қавму миллатҳое, ки дар як радиф бо кадрҳои маҳаллӣ оинаи интеллигенсияи тоҷик буданд ва аз тарси таассуби динӣ Тоҷикистонро тарк намуданд, оварда нашуданд. Ин гурӯҳ дар кишваре, ки сокинонаш, ҳатто дар пойтахти кишвар, дигар қобилияти дарки сухану маънӣ надоранд, роҳи ҳунару театрро гум кардаанд ва пойбанди мадрасаю масҷид гаштаанд, зиндагӣ карда натавонистанд ва раҳ ҷониби  кишварҳое гирифтаанд, ки қаламу сухан манзалат доранд.

 

Дар кишваре, ки қадри имомхатиб ё муллое, ки бештар аз хатми як мадраса саводе надорад аз мудири мактаб, раисони ҷамоъату маҳалла, ходимони сиёсию ҷамъиятӣ баландтар аст, зиёиёни номбурда  худро нолозим шуморида, онро тарк намуданд. Дар мамолике, ки онҳо интихоб намуданд, аз шунидани суханҳои таҳқиромези «бедин»-у «кофар»-у «мунофиқ»-у кимчиҳои дигар  эминанд. Онҳо бо чашми худ диданд ва бо гӯши худ шуниданд, ки чи гуна ин муллоҳои мутаассиб 2 соле пештар олими шинохта Зиё Абдуллоро барои як мақолаи дар мавзӯи таассуби динӣ иншокардааш «бедину кофир» эълом доштанду ҳатто дар доираҳои худашон маҳкум ба қатлаш карданд.

 

Бо ин роҳ олимони диншинос ва дигар риштаҳоро дучори ваҳму ҳарос намуданд ва маҷбур намуданд, ки мӯҳри хамӯшӣ бар лаб зада, дигар ба ин мавзӯъ даст назананд. Онҳо устоди мактаби миёнаи ноҳияи Рӯдакиро, ки аз шогирдаш риояи қоидаи муайяннамудаи Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистонро оиди либоспӯшӣ тақозо карда буд, «ғайридину кофир» эълон карданд ва агар дахолати мақомоти ҳифзи ҳуқуқ намешуд, сангсораш мекарданд. Онҳо нони муаллим ва ҷанозаи ӯро ҳаром хонда ба муридонашон тавсия доданд, ки ба маъракаҳои ин табақаи ҷомеаро нодида бигиранд.

 

Ва тирашон то ҷое ба ҳадаф расид. Имрӯз муаллиме, ки соҳиби маълумоти олӣ мебошад (асосан дар навоҳӣ ва қишлоқҷойҳо), даст пеши бар хомӯшона маъвизаҳои сафсатаомези муллоеро, ки аз чанд ояти Қуръон бештар ҳарфе дар мағзаш нест, гӯш мекунаду хомӯш аст. Чунин мисолҳо хеле зиёданд, вале бо ҳамин чандтоаш иктифо кардем. Аз ҳама аҷибаш, ин ҳангомаҳо дар кишваре рух дода истодаанд, ки тибқи Сарқонун дин аз давлат ҷудост ва сохти иҷтимоии он дунявӣ ва демократӣ қабул шудааст.

 

Таассуби динӣ дар ҳама давру замонҳо Шарқро аз рушду такомули фарҳангию иҷтимоӣ боздоштааст. Асрҳо пештар Фирдавсию Сино, Берунию Розӣ ва садҳои дигар нобиғаҳои илму хирад, таҳти фишору таъзйиқи динӣ қарор гирифтанд ва натавонистанд он қудрати фитрӣ ва зеҳниеро, ки доштанд ба манфиати қавму миллати хеш истифода баранд.

 

Ва ин ҷаҳолату таассуб дар рӯзҳои мо низ чунин рӯшанфикрон, устодони сухани ноб, олимони маъруф ва ситораҳои олами санъатро, ки ҳамхуну ҳамзабони мо мебошанд, аз қабили Нодири Нодирпур, Сиёвуши Касроӣ, Насими Хоксор, Эҳсони Ёшотир, Ҷалоли Макинӣ, Каримии Ҳаккок, Ширини Ибодӣ, Масъуди Сипанд, Саттор, Гугуш, Муъин, Дориюш, Андӣ, Лайлои Фуруҳар, Беҳрузи Вусуқи, Муртазо Ақилӣ, Маҳастӣ, Ҳойида, Масъуди Миршоҳӣ аз Эрон, Беранги Кӯҳдоманӣ, Асадуллои Ҳабиб, Латиф Нозимӣ, Фариди Маздак, Киштманд, Панҷшерӣ, Ковиёнӣ, Башири Бағлонӣ, Зоир Ҳувайдо ва ғайраро аз Афғонистон  овора аз Ватани аҷдодӣ кардааст.

 

Ғараз аз иншои ин сатрҳо, ҷалби мақомоти марбутаи давлатӣ ба мавзӯи мазкур, ҳимояи табақаи равшанфикри ҷомеа аз таъсиру ҳуҷумҳои мутаассибон ва афкори иртиҷоӣ мебошад. Дар навбати худ, табақаи зиёии кишвар, ки аслан пешбурди ҷомеа бар дӯши эшон аст, бояд худро дар канор нагирифта, баҳри даври худ овардани мардум, бунёди ҷомеаи пешрафтаи озоди шаҳрвандӣ кӯшиш кунанд, он гоҳ ин ҷомеа қодир мегардад худро аз таъсири андешаҳои ҷаҳолатситез ва таассуби динӣ ҳифз кунад.

 

Эҳсони Шариф, ҷомеашинос, «Рӯзгор»

Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/ijtimo/3464-2010-10-30-16-09-52.html

Шарҳҳо   

 
+1 #7 Guest 01.11.2010 23:53
Исломи Сомониву Беруниву Синову Рудакиву Хоразмиву Хайёму Саъдию Хофиз дигар асту исломи пешвоёни хозираи динии мо дигар. Шашсад сол то имруз ва боз хазор сол баъд аз ин бо ин пешвохо халки мо кару гунг ва мутеъу дастнигари гарб мемонад.
 
 
+1 #6 Guest 01.11.2010 19:35
Салом ба кулли хонандаи сомона... Агар шарму хайё медоштед, каме риоя мешуд бехтарин буд. чунки на бояд мо дашному тахкир кунем... Ба гайр аз мову шумо боз дигар бародарону хохарон дидан мекунанд. Ин шармандаги аст. Бахс кардани бошед, бахси илмиву адаби кунед...
 
 
+1 #5 Guest 01.11.2010 18:24
Эй духтари даюсу ... ту чи инкадар ришдор ришдор мегуи! ба ту хамин кофирони худо задахо маъкулан? рав дафшав аз макони мусулмонон..боз шумо ............ник оху чаноза мекунанд!Сагони худозада!!!
 
 
0 #4 Guest 31.10.2010 22:58
БОРАКАЛЛО
БИЛОХИРА ЯК НАФАРЕ ПАЙДО ШУД КИ АЗ ВОКЕИЯТ ГАП ЗАНАД.Бехтарин нафарони равшанфикр мутаасифона хорич аз кишваранд ё солхои чанг кушта шуданд ва шароити фелии Точикистон хеле хеле хатарнок мебошад ва арчи зудтар халли ин масаларо зарур аст. Ин ришдорон факат дар фикри шиками худ ва на дар фикри ин миллати бадбахту бечора мебошанд.
 
 
0 #3 Guest 31.10.2010 18:25
Эй Саги мурдахур,вакте ки мемурен хамон диндорро рафта зораю таволо мекунед,ки Часадхои палиди шуморо ЧАНОЗА КУНАН,вакте ки бо занхои фохишахо худ туй мекунед,боз зораю тавало карда "моро никох кунед"-гуён,Саг они дузагт боз пеши хамон муллохою диндорон меоед!!! кундахои дузахт!!!!
 
 
+3 #2 Guest 31.10.2010 08:10
Бародари азиз Эхсон Шариф фирори равшанфикрон ба Гарб ва ё дигар кишвархои аврупоиро танхо аз таассуби диндорон донистан камоли хирадманди нест. Шояд бархе аз равшанфикрон бо хамин сабабхо тарки ватан карда бошанд. Вале миллионхои дигар ба сабаби адами шароити хуби зиндаги чилои Ватан кардаанд. Инро магар мешавад нодида гирифт? Хамаи камбудихои чомеаро ба болои дину диндорон бор кардан аз руи инсоф нест. Дар ин падидаи номатлуб сабабхои дигар низ чой доранд. Ин омилхоро бояд чустучу кард ва бартараф намуд.Бале, ифротгароии дини дар мо рушд гирифта истодааст. Инро намешавад инкор кард. Вале танхо аз рохи зури ба он мубориза бурдан натичаи дилхох нахохад дод. Роххои мусолиматомезро бояд чустучу кард. Аз ин имтихон як бор мо гузашта будем. Чаро дастро ба сурохие мебарем, ки боре аз моро мор газида буд?
 
 
+2 #1 Guest 30.10.2010 21:29
ФИРОРИ РӮШАНФИКРОНи Бедин ! ба гуфти у АЗ ТААССУБИ ДИНИСТ на У худ комунист сахюнист ашадди аст ! О инхел шоироро ки мехонад асархо ва шерхои мачбур бофтаашонро мачбури ва таарифи ! хайрон !
 

Назари Шумо

Security code
навсозӣ