МИЛЛИАРДҲО ДОЛЛАР ЗИЁНИ ӮЗБАКИСТОН БА ТОҶИКИСТОН
"Аз соли 1993 ба ин сӯ кишвари ҳамсояи Ӯзбакистон беш аз як миллиард долар ба иқтисоди Тоҷикистон хисорат ворид кардааст." Ин суханонро Шукурҷон Зуҳуров, раиси порлумони Тоҷикистон, рӯзи 3 октябр зимни баррасии қонуни буҷети соли 2010 дар ҷаласаи порлумон иброз дошт.
Ба гуфтаи вай, хисороти ворида аз ҷониби Ӯзбакистон бештар дар натиҷаи эҷоди мамонеъатҳо дар ҳаракати қаторҳои Тоҷикистон аз тариқи қаламрави он кишвар ба миён омадааст.Дар ҷаласаи порлумон чанд ислоҳия дар қонуни беҷути соли ҷории Тоҷикистон тасвиб шуд. Яке аз ислоҳоти ворида ба қонуни буҷет ба пардохти қарзи Тоҷикистон ба Ӯзбакистон марбут буд, ки аз даҳаи 1990 ба ин сӯ шакл гирифтааст. Ба гуфтаи манобеъи расмӣ, қарзи Тоҷикистон ба кишвари ҳамсоя дар ҳоли ҳозир беш аз 40 милюн доларро ташкил медиҳад.
Имсол мебоист ширкати "Роҳи оҳани Тоҷикистон" маблағи беш аз 11 милюн долар аз (хадамоти) ин қарзро ба ҷониби Ӯзбакистон мепардохт, вале ин ширкат бо таваҷҷӯҳ ба мушкили мутаваққиф шудани қаторҳояш дар қаламрави Ӯзбакистон ва паёмадҳои он натавонистааст ин қарзро пардохт кунад. Ба ҳамин далел, аъзои порлумон бо ислоҳи қонуни буҷет тасмим гирифтанд, ки ин маблағ аз ҳисоби буҷети давлатӣ ва Сандуқи суботи молӣ (стабилиатсионӣ) пардохта шавад.
Дар ҷаласаи порлумон Шукурҷон Зуҳуров бо ишора ба мутаваққиф шудани ҳаракати қаторҳои Тоҷикистон дар Ӯзбакистон ва ҳамчунин мавориди зиёди сирқати колоҳои мутаъаллиқ ба тоҷирону бозаргонҳои тоҷик дар қаламрави ин кишвари ҳамсоя аз муъовини вазири молия Ҷамшед Норинов суол кард, ки чаро мақомот дар мавриди ин мушкилот то кунун ба додгоҳҳои байналмилалӣ муроҷеъа накардаанд?
Оқои Норинов посух дод, ки ин мавзӯъ дар ҳоли баррасӣ аст ва мақомоти марбута шеваи муроҷеъа ба додгоҳҳои байналмилалиро мутолеъа мекунанд. Оқои Зуҳуров бо ишора ба мушкилоте, ки ҷониби Ӯзбакистон пайваста дар ҳаракати қаторҳои Тоҷикистон эҷод мекунад, гуфт вай иттилоъоте дар даст дорад, ки нишон медиҳад аз соли 1993 то ба ҳол Ӯзбакистон дар заминаи ҳаракати қаторҳои Тоҷикистон ба ин кишвар беш аз як милёр долар хисорот ворид кардааст.
Ҳамакнун, маълум нест, ки мақомоти Тоҷикистон дар мавриди ончи хисороти ворида аз Ӯзбакистон меноманд, чи тасмиме хоҳанд гирифт. Вале матраҳ шудани ин мавзӯъ дар ҳолест, ки ихтилофи байни Тошканд ва Душанбе дар рӯзҳои ахир, бавижа дар мавриди тарҳи нерӯгоҳи "Роғун", шиддат гирифтааст. Бархе аз мақомоти расмии Ӯзбакистон давлати Тоҷикистонро ба ироаи иттилоъоти носаҳеҳ дар бораи тарҳи "Роғун" ва "гумроҳсозии ҷомеъаи байналмилалӣ" дар бораи ин тарҳ муттаҳам карда ва мегӯянд, ки бунёди ин нерӯгоҳ кишварҳои поёнобро бо хатари камобӣ мувоҷеҳ хоҳад сохт.
Дар муқобил, мақомҳои энержии Тоҷикистон ин иддаъоро бепоя хонда ва мегӯянд, ки ҳадафи Тошканд мамонеъат аз пешрафти ин кишвари кӯҳистонии фақир дар Осиёи Миёна аст. Давлати Тоҷикистон умедвор аст, ки бо бунёди нерӯгоҳи "Роғун", ки бузургтарин нерӯгоҳи обӣ дар минтақа хоҳад буд, ба як қудрати дорои бузургтарин манобеъи энержии обӣ дар минтақа табдил шавад ва аз ин роҳ суди фаровоне ба даст оварад.
Аммо ба назар мерасад, ки ин "ганҷ бе ранҷ ба даст намеояд". Бавижа дар шароите, ки Тоҷикистон бар сари ин тарҳи "муҳим ва истротежик" на танҳо бо Ӯзбакистон ихтилоф дорад, балки дар солҳои ахир пуштибонии Русияро низ аз даст додааст.
Би-Би-Си
Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/ijtimo/3491-q-------q.html