ТАМОСИ ТЕЛЕФОНӢ БО ВОДИИ РАШТ ДУБОРА БАРҚАРОР ШУД
Сар аз субҳи рӯзи 27-уми ноябр тамоси телефонӣ бо Рашт дубора барқарор шудааст. Нахуст дар ин бора як хонандаи торнамо бо номи Абубакр аз ноҳияи Рашт ба Радиои Озодӣ хабар дод. Ширкатҳои телефонҳои мобилӣ низ барқарор шудани тамос бо навоҳии водии Раштро таъйид мекунанд. Ҳоло хатҳои алоқаи «Бабилон», «МЛТ», «Тоҷик телеком» ва дигар ширкатҳо бо ин минтақа боз аст.
Водии Рашт аз рӯзи 21-уми сентябр ба ин сӯ, яъне пас аз ҳамлаи ногаҳонии гурӯҳҳои мусаллаҳ ба корвони нерӯҳои вазорати дифои Тоҷикистон дар Камароб ва шурӯи амалиёти нерӯҳои давлатӣ, дар инзивоӣ мухобиротӣ қарор дошт. Ширкатҳои телефонӣ сабаби қатъи якбораи хатҳои тамосро ба “нуқсонҳои техникӣ” рабт медоданд ва аз шарҳи дигар худдорӣ мекарданд. Вале таҳлилгарон мутмаинанд, ки чунин тасмими муштараки ширкатҳои телефонӣ дар пайи даргириҳо дар Камароб ва бо дастури мақомоти амниятии Тоҷикистон гирифта шудааст.
Қаблан як афсари аршади Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон, ки нахост номаш ифшо шавад, ба Радиои Озодӣ гуфт, робитаи телефонӣ дар Рашт ба хотири халалдор нашудани амалиёти ниҳодҳои қудратӣ алайҳи гурӯҳҳои мусаллаҳ қатъ шудааст. Ба қавли ӯ, хомуш будани телефонҳо ба нафъи натоиҷи мусбати амалиёти зидди гурӯҳҳои худсар дар дараи Камароб будааст.
«Озодӣ»
Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/ijtimo/3687-2010-11-27-08-12-53.html