БАР ИВАЗИ ҶАСАД МАРЗБОНИ ӮЗБЕК 350 ДОЛЛАР ТАЛАБ КАРД
Агар тоҷиконро касе «халқи бетолеъ» унвон барад, инкор намекунам, он ҳам танҳо аз лиҳози ҳамсоягӣ бо ӯзбекон. Чанд сол пеш чунин андешае ҳаргиз ба гӯшаи хаёлам ҳам намеомад.
Ҳатто вақте фаҳмидам, бузургони моро ба монанди Абӯалӣ ибни Сино аз худ намуда, модараш Ситораро Юлдуз ном ниҳодаанд, ҳатто вақте шаҳрҳои қадимтарини Самарқанду Бухороро худхоҳона аз худ намуда, иддаи зиёде аз равшанфикрони моро «душмани халқ» эълом намуда, аз байн бурданд ва ҳатто чанд сол қабл бо мақсади таҳқири мардуми тоҷик барномаи густохонаеро бо номи «Лаънати Темурланг» тавассути шабакаҳои русӣ гаштаю баргашта намоиш дода, ба иззати нафсамон мерасиданд, ба ин андоза аз ҳамсоягӣ бо ӯзбекҳо дар таассуф набудам.
Замони таҳсил дар Донишгоҳи миллӣ донишҷӯёни зиёди тоҷик, ки сокини Ӯзбекистон буданд, бо мо мехонданд, вақте дар бораи беҳуқуқии тоҷикон ва муносибати таҳқиромез нисбати онҳо дар кишварашон, маҳдудияти мактабҳои тоҷикӣ ва китобҳои ба забони тоҷикӣ нашршуда, манъи гуфтугӯи забони модарӣ, ниҳоят дар шиносномаҳояшон ба ҷои «тоҷик» «ӯзбек» навиштанашон ва ғайраҳо сухан меронданд, мефаҳмидаму вале ба нозукии ин зуҳурот чандон сарфаҳм намерафтам.
Мусофирони тоҷике, ки бо қатора аз қаламрави Ӯзбекистон мегузаштанд, ҳамеша аз чашмгуруснагӣ ва ришвахӯрӣ, ахлоқи ғайриинсонии кормандони гумруки он кишвар нисбат ба мусофирони тоҷик шикоят мекарданд, вале онро низ чун амри маъмулӣ қабул мекардам. Имрӯз бошад, муносиботи сарди ҳамсоягонро бо тоҷикон мушоҳида карда, боварам намеояд, ки замоне сухансарои тоҷик Абдураҳмони Ҷомӣ бо шогирди турктабори худ Алишери Навоӣ риштаи ногусастании дӯстӣ доштаасту якҷоя дар сабки «ширу шакар» шеърҳо гуфтаанд.
Рӯз ба рӯз рафтори худхоҳонаи сарони он кишварро дар масоили НБО-и Роғун, ТАЛКО, мушкилоти экологӣ ва бастани роҳҳо дидаву шунида, домани ҳайрату тааҷҷубам густариш меёбад, ки чаро Ӯзбекистон нисбати мо чунин иқдомро пеш гирифтааст, чаро ҳисси бухсу кинаро нисбати пешрафту рушди ҳамсоякишвари худ Тоҷикистон дар қалб мепарварад. Бар асари минаҳои дар сарҳад хобондаи низомиёни Ӯзбекистон ба ҳалокат расидани чандин шаҳрвандони бегуноҳи кишвар кам набуд, ки солҳои охир ҳодисаҳое рух дода истодаанд, ки бо ҳар баҳона шаҳрвандони тоҷик аз ҷониби сарҳадбонони Ӯзбекистон нобуд мегарданд.
Ба ҳама маълум аст, ки маъмурони интизомии он кишвар бидуни ҳеҷ гуна далеле ба шаҳрвандони Тоҷикистон иҷозат намедиҳанд, ки марзро гузаранд, онҳоро мавриди азобу шиканҷа қарор медиҳанд, асноди онҳоро гирифта, худашонро дар маҳбасҳо ҷой медиҳанд. Бо ҷорӣ намудани реҷаи визавӣ чӣ басо тоҷику ӯзбек аз дидори хешовандонашон, ки тӯли таърих бо ҳам ба пайванди хешутабории ниҳоят амиқе доранд, маҳрум гаштаанд, ҳатто баъзеҳо дар маросими мотами падару модар ва дигар наздиконашон иштирок карда наметавонанд.
Чанд моҳ пеш дар рӯзномае хонда будам, ки як сокини шаҳри Панҷакент ҳангоми чарондани чорво аз ҷониби марзбонони ҶӮ рабуда шуда, бо ҷурми убури сарҳад ба маҳкама кашида шудааст. Баъдтар тавассути як хеши наздики ӯ маълумам гашт, ки дар асл ҳамон вақт сарҳадбонони ҶӮ тақрибан 700-800 метр ба ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид гардида, шаҳрванди Тоҷикистонро маҷбуран дастгир карда, дасту чашмонашро баста, зӯран ба ҳудуди дидбонгоҳи худ бурдаанд.
Дар вақти пурсиш ӯро маҷбур кардаанд, ки дар баёноти худ ҳангоми ғайриқонунӣ убур намудани сарҳади давлатӣ дастгир шуданашро қайд намояд, вале шаҳрванди Тоҷикистон дастури марзбононро рад намудааст. Қазия то ҷое расидааст, ки қариб он шаҳрвандро бо ҷурми ҷосусӣ айбдор намоянд, вале хушбахтона бо кӯмаки яке аз сарҳадбонони ҶӮ (аҳсан, офарин, як ҷаҳон ташаккур) ӯ ба Тоҷикистон баргаштааст.
Ҳодисаи мазкур чанд ҳадаф дорад – ё марзбонони Ҷумҳурии Ӯзбекистон натиҷаи корашонро мехостанд нишон диҳанд, ё андохтани низои навбатӣ миёни ду халқ ва ё ин ки мехостанд бори дигар тоҷиконро паст гардонанд. Шояд мақсади асосӣ, мисли ҳамеша рӯёндани пули бедарди миён бошад? Вагарна 700-800 метр роҳро тай карда, худро ба куҷо мезаданд? Моҳҳои охир сар задани чунин амалҳои барқасдона аз ҷониби марзбонони Ӯзбекистон меафзояд. Дар баробари рабудани одамон, аз ҷониби онҳо инчунин ҳодисаҳои рабудани чорво, мошину тракторҳо ва ғайраҳо низ рух додааст.
Агар ба ҳамаи ин амалҳо чашм пӯшем, ба ҳодисае, ки чанд рӯз қабл дар деҳаи наздисарҳадии Мирзоободи ноҳияи Зафаробод рух дода буд, бетараф будан нашояд. Мувофиқи маълумоте, ки дар расонаҳои хабарӣ омадааст, он иддаи ҷавонон, ки нияти убури марзро доштаанд, чандин сол ба ин кор машғул будаанд, яъне «ҳаққи» марзбонони ӯзбекро дода, фаъолияти тиҷоратии худро пеш мебурдаанд. Ин дафъа аз зиёд шудани «ставка»-и убур норозӣ шуда, байнашон низоъ бархостааст ва дар натиҷа, марзбонон ҷониби онҳо тир кушодаанд.
Ҷавони нокоме бо ҳаёт падруд гуфтааст. Аламовараш он аст, ки бар ивази ҷасад марзбони ӯзбак 350 доллари амрикоӣ талаб кардааст. Баъди ифшои ин хабар, нанги кадоме аз онҳо омада, ба хабари мазкур «ислоҳот» ворид намудаанд, ки гӯё пулро марзбонони Ӯзбекистон на, балки марзбони тоҷик талаб кардааст. Ин худсафедкунӣ аллакай ба дарди касе намехӯрад. Кор аз кор гузаштааст…
Дар Созишномаи байниҳукуматии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон, ки 31-уми январи соли 2007 ба имзо расидааст, аз муносибати дӯстонаи абадии ду кишвари ҳамҷавор сухан меравад. Магар ин аст, дӯстии бародаронаи ду миллат? Чаро бародарони ҳамсояамон талаботҳои Созишномаи мазкурро фаромӯш сохтаанд? Дуруст аст, ки он иддаи ҷавонон қонуншиканӣ кардаанд, нияти ғайриқонунӣ гузаштани сарҳадро доштанд, магар илоҷи воқеа фақат дар куштор буд? Роҳи дигаре, чун боздошт ва ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашидани онҳо вуҷуд надошт, ки ба сӯи ашхоси беяроқ оташ кушодаанд? Ё тарсиданд, ки аъмоли пулситониашон ифшо мешавад?
Мутаассифона, имрӯз ҳамсоягони мо бо чашмони нимбозу ҳасадомез дар андешаанд, ки боз бо кадом роҳе Тоҷикистону тоҷиконро дар назди ҷаҳониён «сиёҳ» созанд ва сиёҳкориро аз арзишҳои башардӯстиву инсонпарварӣ болотар гирифта, дар кадом самт ба онҳо зарбаи зиёновар зананд. Вазъи молӣ ва бӯҳрони иқтисодие, ки ҷаҳонро фаро гирифтааст, маҷбур сохтааст, ки имрӯз ҳама рӯ ба тиҷорат биёранд. Албатта, он ҷавонони тоҷик низ пайи дарёфти маблағи ночизе барои рӯзгузаронӣ рӯ ба кишвари ҳамсоя бурдаанд.
Солҳост сокинони минтақаҳои ҳамҷавори Ӯзбекистон ҳам ба интиқоли маҳсулоти ниёзи мардум аз Тоҷикистон шуғл меварзанд. Аммо дар марзи Тоҷикистон мубталои марг намегарданд. Дар шарҳи «худсафедкунӣ»-и ҷониби Ӯзбекистон бо тамасхур гуфта мешавад, ки шаҳрвадони мазкури Тоҷикистон «маводи ғизоии пастсифат»-ро гузарониданӣ буданд. Агар чунин ҳам бошад, оё барои ғизои фурӯшӣ инсонро куштан ваҳшигарӣ нест?
Мусаллам аст, ки ҷониби Тоҷикистон низ метавонад чунин иқдомеро нисбати шаҳрвандони Ҷумҳурии Ӯзбекистон, ки на як бору ду бор ҳангоми интиқоли варақаҳои «Ҳизб-ут-таҳрир» ба қаламрави кишвари мо дастгир шудаанд, пеш гирад, вале масъулини тоҷик қонунро аз тамоми анвоъи хусуматҳо боло гузошта гунаҳкоронро тибқи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ мекашанд. Ана ин аст рисолати давлатдорӣ ва риояи Созишномаҳои миёни ҶТ ва ҶӮ ба имзорасида! Ана ин аст оини неку хайрхоҳонаи ҳамсоядорӣ!
Барои марзбонони ҶӮ рӯшан аст, ки аксарияти сокинони деҳаҳои наздисарҳадии Тоҷикистон ҳаммиллатони онҳоянд, ғайр аз ин маҳз ӯзбекҳои тоҷикистонӣ бештар дар нуқтаҳои аҳолинишини ду ҷониби сарҳад ба тиҷорат машғуланд. Вале ҳисси тоҷикбадбинӣ то ҳадде дар мағзи масъулини расмии Ӯзбекистон тақвият ёфтааст, ки онҳо ҳаммиллатони худро низ барои аз Тоҷикистон буданашон ба қатл мерасонанд.
Зеро ин ҷо миллат аҳамият надорад, хоҳ ӯзбек бошад, хоҳ тоҷик – мақсад зиёнрасонӣ ба истиқлолияти Тоҷикистон аст. Ҳақ ба ҷониби журналист Беҳрузи Ҳимост, ки чанде қабл навишта буд: «Вуҷуди тоҷикон ва Тоҷикистон худ монеаест дар роҳи нақшаи эъмори «Ӯзбекистони бузург» ва ин мавҷудият ҳаргиз имкон нахоҳад дод, ки рушду нумӯи умумии минтақа танҳо моли Ӯзбекистон гардад». Бале, ин хаёле ки сарварони ҶӮ дар сар доранд, хом асту хушкида.
Баҳриддини Алиев, омӯзгор аз ш.Панҷакент
Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/ijtimo/3688------350---.html