ДАР РАШТ ТЕЛЕФОНҲОИ МОБИЛӢ ФАЪОЛ ШУДАНД
Имрӯз дар водии Рашт баъди хомӯшии думоҳаи шабакаҳои телефонӣ, телефонҳои сокинони навоҳии минтақаи Рашт фаъол гаштанд. Алоқаи телефонии ширкатҳои ва мобилӣ ва 8 ҶСК «Тоҷиктелеком», ки бо сабаби нооромиҳо дар Рашт қатъ гардида буданд натанҳо сокинони ноҳияи Рашт, балки ноҳияҳои Тоҷикободу Ҷиргатол ва қисми зиёди ноҳияи Нурободро низ дар бунбасти комуникатсионӣ гузошта буд.
Дар ин муддат сокинони минтақаи мазкур аз сабаби набудани алоқа ба мушкилоти зиёд рӯбарӯ шуда буданд. - Аз ин кор хеле шодем, ки алоқа барқарор гардид. Қаблан мо барои бо наздикону фарзандони худ, ки дар Россияву Душанбе ва дигар ноҳияҳо ҷумҳурӣ мебошанд, дар тамос шудан 40-50 сомонӣ сараф карда бо таксӣ аз шаҳраки Ғарм ба деҳаи Алигалабон (н. Нуробод), ки онҷо алоқа буд рафта гуфтугӯ мекардем - мегӯяд сокини н. Рашт Саидбек. - Шахсан ман барои гирифтани 200 доллар, ки шавҳарам аз Россия равона карда буд, 120 сомонӣ сарф карда аз Ғарм ба Душанбе рафта аз бонки шаҳр пулро гирифтам.
Акнун, ки алоқа барқарор гардид ман метавонам бо телефон аз равона гардидани маблағ ба ман огоҳ гардам - мегӯяд Зебунисо. - Вақте алоқа пайдо шуд одамон дар бозор ба якдигар телефонкуниро оғоз карданд ва бисёриҳо ҳам мисли ман телефонҳои худро дар хонаҳояшон монда қариб, ки аз ингуна таҷҳизот доштанашон фаромуш карда буданд – мегӯяд бо табассум бобои Ҳоким.
Албатта баъди ин фосила боз фаъол гардидани телефонҳои мобилии сокинони ноҳияҳои минтақаи Рашт аз он гувоҳи медиҳад, ки вазъ дар минтақа ором гардидааст. Аз оромии вазъият дар Рашт натанҳо барқарор гардидани алоқаи мобилӣ балки кам гаштани постгоҳҳо дар самти роҳи автомобилгарди Душанбе – Рашт, низ шаҳодат медиҳад.
Имрӯз маркази Рашт шаҳраки Ғарм пур аз меҳмонону сокинони ин ноҳия буда бо байрақчаву овезаҳои гуногуни идона, ки ба пешвози ҷашни Парчами Ҷумҳурии Тоҷикситон оро дода шуда буданд ҳусни зебое ба бар карда аст ва мардум ҳама саргарми кору пайкори хешанд.
Далер САФАРОВ, махсус барои Ruzgor.tj - аз маркази Рашт.
Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/ijtimo/3690-2010-11-27-11-09-22.html