15:25:42 17-уми Июни 2025 сол

РЕШАҲО, САБАБҲО, ОМИЛҲОИ ПАҲНШАВИИ ИФРОТГАРОӢ ВА ТЕРРОРИЗМ

(Қисмати аввал)

 

Таҳқиқи падидаи ифротгароӣ, ва махсусан терроризм, бисёр мушкил аст, зеро худи мафҳуми терроризм он қадар маълум ва мушаххас нест. Вале як чизи манфии возеҳ дар бораи терроризм вуҷуд дорад, ки он зӯроварӣ ва хушунат аст. Ҳатто андешапардозони террор ва иҷрокунандагони амали террористӣ эътироф мекунанд, ки террор ин зӯроварӣ аст (вале ба фикри онҳо зӯроварии ҳақ ва ногузир).

 

terroristsТаърихи ба вуҷуд омадани ин падидаҳои иҷтимоӣ низ таърихи хеле тӯлонӣ дарад. Чуноне дар боло ишора рафт, ба замонҳои Инқилоби Фаронса ва аз он ҳам пештар мерасад. Аммо экстремизм ва терроризм дар Тоҷикистон ва дигар кишварҳо Осиёи Марказӣ аз куҷо сарчашма мегирад, решаҳои онҳо ба куҷо мерасанд? Баъзе коршиносон ба ин назаранд, ки сабабҳои авҷгирии ифротгароӣ ва терроризм баъд аз пошхӯрии Иттиҳоди Шӯравӣ ба заиф гардидани сиёсати давлат, пастшудани вазъияти иқтисодӣ, коррупсия, паст гардидани сатҳи зиндагии мардум, бекорӣ, заъфи идоракунии давлатӣ ва ғайра мебошад.

 

Дар маҷмӯъ барои тамоми кишварҳои тозаистиқлол пошхӯрии Иттиҳоди Шӯравӣ, на танҳо заволи давлат, балки заволи системаи муайяни арзишҳо ва ташаккули арзишҳои нав гардид. Дар  давраи гузариш инсон ба як давраи ҷустуҷӯи арзишҳо зарурат дорад, ки аз тариқи санҷишу иштибоҳот, ифроту тафрит ба даст меоянд. Гурӯҳе, ки дар ин давра бештар осебпазир аст, ҷавонон мебошанд ва табиист, ки маҳз ҷавонон зери таъсири андешаҳои радикалӣ мемонанд.

 

Омили аввал. Яке аз решаҳои аслии зуҳури ифротгароӣ ва терроризм ба пастравии вазъи иҷтимоӣ ва иқтисодии ҷомеа вобастагӣ дорад. Тезутундшавии зиддиятҳои иҷтимоию иқтисодии ҷомеа ба тақсимшаӣ ва аз ҳайти иқтисодию сиёсии ҷомеа дур андохтаи қишри васеи мардум, махсусан ҷавонон мегардад. Дар ин маврид инқилоби иҷтимоӣ ногузир мешавад. Сотсиологҳо ба ин назаранд, ки  инқилоби иҷтимоӣ дар он ҷое сар мезанад, ки тафовут байни қишри сердаромад  ва камдаромади  аҳолӣ 10 баробарро ташкил кунад. Дар кишварҳои муштаракулманофеъ аз рӯи тадқиқотҳо ин тафовут 40 баробар аст.

 

Аммо зиддият дар ин ҷост, ки агар тарҷумаи ҳоли террористони машҳур ва роҳбарони созмонҳои ифротгаро ва террристиро варақгардон кунем мебинем, ки онҳо аксаран аз хонаводаҳои дорою рушанфикр мебошанд. Усома Бин Лодан-дар оилаи миллиардер таваллуд шудааст, ӯ яке аз 54 фарзандони Муҳаммад Бини Лодани Яманӣ аст, ки солҳои 30 асри XX  ба Саудӣ  кӯчид, ба дарбори шоҳ роҳ ёфта, ба корҳои сохтмонӣ оғоз намуд. Аз ҷумла, шоҳроҳи Ҷидда-Маккаро ӯ сохтааст. Соли 1968 дар натиҷаи ҳодисаи нохуш аз дунё даргузашт, ки дар ин вақт сарвати ӯ 11 млрд. долларро ташкил мекард. Аз ҷумда ба Усома 250-500 млн. доллар мерос расида буд.

 

Террористи машҳур Карлос(«Шағол»)- писари миллионери венесуелагӣ аст, ва ё бобои яке аз наздикони Усома бини Лодан Айман-аз Завоҳирӣ аввалин роҳбари Лигаи давлатҳои араб буд.  Дар миёни раҳбарони созмонҳои ифротии чапи солҳои 70-80 асри XX дар Аврупо ҳам аксаран аз оилаҳои камбизоат набуданд. Пас робита дар чист?

 

1. Дарки вазъияти мамлакат, халқи худ, дини худ раҳбарони ояндаи ин созмонҳоро маҷбур месозад, то бо ҳокимияти мавҷуда, бо намояндагони қавми дигар, тамаддуну дини дигар ба хотири таъмини адолат ба мубориза бархезанд. Албатта, адолат дар фаҳмиши онҳо. Нобаробарии иҷтимоию иқтисодӣ, коррупсия ва ғайра адолатро барҳам мезанад, ки асоси динҳоро ташкил мекунад, махсусан дини ислом ва насрониро.

 

2. Иҷрокунандагони амали террористӣ аз миёни он табақаи иҷтимоие гирифта мешаванд, ки таъсири гуруснагию камбизотӣ ва беадолатиро эҳсос мекунанд.

 

Хатари зиёдшавии ин гуна одамон дар шароити тезутундшавии проблемаҳои глобалии зерин  хеле зиёд аст: таркиши демографӣ, урбанизатсия (дар давоми ду даҳаи асри XXI теъдоди аҳолии шаҳрҳо ду баробар афзуда, ба 5 млрд мерасад (ҳоло 2,5 млрд. дар шаҳрҳо зиндагӣ мекунад),  бекорӣ, СПИД, гуруснагӣ, нарасидани оби нушокӣ (то соли 2015 ними аҳолии дунё (3,5 млрд. нафар) дар мамлакатҳое зиндагӣ хоҳанд кард, ки бо об пурра таъмин нестанд), зиёдшавии норизоятии мардум, махсусан ҷавонон аз афзоиши  беадолатиҳо, ки ба қабули андешаҳои ифротӣ мебарад .

 

Омили дуввум. Омили динӣ (дининамо). Аз ин ҷо мафҳумҳои экстремизми  динӣ ва терроризм  бисёр машҳур шудаанд. Маълум аст, ки асоси ҳама гуна динро эътиқод ба Худо ташкил мекунад. Рӯҳи ҳар гуна дин ба эҳтиром, ишқ ва таҳаммулпазирӣ нисбат ба мавҷудоти зинда асос ёфтааст. Вале ин чиз ҳам маълум аст, ки дар охири асри XX ибтидои асри XXI ҷараёнҳои экстремистӣ ва террористии характери динӣ дошта рушд намудаанд.

 

Экстремизми динӣ. Ифротгароии динӣ ин фаъолиятии моҳияти динидошта ва ё зери пардаи дин ба амал омадаест, ки барои бо роҳи зурӣ тағйир додани сохти давлатӣ ё  ба даст овардани ҳокимият, вайрон кардани истиқлолият ва тамомияти арзии давлат мубориза намуда, бо ин мақсад аз доман задани ихтилоф ва хусумати динӣ парҳез намекунад. Ифротгароии  асоси динӣ дошта - ин ҷонибдорӣ ба андешаҳо ва амалҳои радикалӣ  дар дин аст.

 

Баъзе коршиносон ба ин ақидаанд, ки истифодаи мафҳуми ифротгароии динӣ нодуруст аст, зеро ба иззати нафси диндорон мерасад. Дигарон истифодаи онро аз воқеияти вуҷуд доштани ифротгароии динӣ ва ё ифротгарои дар заминаи динӣ ҳақ мешуморанд. Вале дар қонунгузории баъзе кишварҳо  истилоҳи «ифротгароии динӣ» мавҷуд аст. Масалан дар Консепсияи амнияти миллии Россия мавҷудияти ифротгароии динӣ эътироф мешавад ва он ҳамҷун таҳдид ба амнияти миллии кишвар арзёбӣ мегардад.

 

Назари Шумо

Security code
навсозӣ